Духтур беморро муоина ва сипас табобатро таъин мекунад. Ҳамшираҳои шафқат бояд ин таъинотро ба сомон расонанд.
Аксар вақт ҳамшираҳо бо беморон бештар аз духтур муошират мекунанд. Аксаран беҳбудии табобат ба маҳорати ӯ низ бастагӣ дорад. Дар шуъбаи наҷоти оҷили навзодони Маҷмааи тандурустии Истиқлол ҳар рӯз наздики 10 нафар кӯдак бо иллатҳои гуногуни модарзодӣ бистарӣ мешаванд. Дар ин кор табибон ва ҳамшираҳои шафқат вазифадоранд, ки навзодҳоро табобат ва нигоҳубин намоянд. Парвина Аҳмадова аз зумраи ҳамшираҳои шафқатест, ки дар ин шуъба даст ба кор аст. Ӯ 23 сол дорад. Дар ин синну сол вай ба намудҳои гуногуни бемориҳои кӯдакона аллакай ошно гаштааст.
Дар шуъбаи наҷоти оҷили навзодон дар як шабонарӯз 3 нафар табиб, 3 нафар ҳамшираи шафқат ва 2 нафар поккор навбатдор меистанд. Чун муҳит бисёр риққатовар аст, ба ҳолати руҳии инсон бетаъсир намемонад.
- Муддати 24 соати навбатдорӣ ба по ростем. Ба кӯдакон сӯзандору мегузаронем, ҳарорати баданашонро месанҷем, ба кӯдаконе, ки зери нафаси сунъӣ ҳастанд, зиёд аҳамият медиҳем. Бештар ҳолати кӯдакони вазнинро дида зиёд руҳафтода мешавем. Ҳарчанд ба хона ҳам равем, фикри кӯдакони бемор моро мудом дар сар аст. Вақте кӯдаке шифо меёбаду назди модар мебарем, баробари модараш хушҳол мегардем,- мегӯяд ӯ.
Парвина Аҳмадова хатмкардаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара буда, корро аз шуъбаи наҷоти оҷили навзодон шуруъ намудааст. Дар баробари кори вазнини наҷотбахшии тифлҳои мариз, боз ба корҳои хона ва тарбияи духтарчаи дӯстрӯякаш низ вақт меёбад.
Заҳмати шабонарӯзии кормандони ин даргоҳ баҳри беҳбуди насли солими миллат аст. Насиба Солиева мудири шуъбаи наҷоти оҷили навзодони Маҷмааи тандурустии Истиқлол барои тамоми кормандон муҳити хуби кориро фароҳам овардааст. Парвина мекӯшад, то ки дар пайравии ин бонувони соҳибтаҷриба фаъолият барад. Ҳамшираи шафқат дасти рости табиб аст. Вазифаҳои вай аз нигоҳубини беморон ва иҷрои дастурҳои табибон иборат буда, шафқат ва ҳамдардӣ нисбат ба дарди каси дигар яке аз муҳимтарин хислатҳои ҳамшираҳо маҳсуб меёбад.
Ф. ШАЪБОН