09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАҶОТБАХШИ ФАРИШТАҲОИ КӮЧАК

 

Najotbahshi-farishtahoi-kudakНафароне ҳастанд, ки қобилияти эҳсоси шодиро дар хушбахтии касони дигар мебинанд ва ин хушбахтӣ ҳам маҳсули дастони худи онҳост. Пас онҳо киҳоянд?

Ин ҳақиқати азалист, ки инсон аз лаҳзаи аввал рӯи дастони доя ба дунё меояд. Тифл ба аввалин ранге, ки вомехӯрад, ранги сафед аст. Ва ӯ дунёро аз ин ранг мешиносад. Ва ин сафедӣ ба инсон аз лаҳзаҳои аввалин то охирини ҳаёт бо ӯ боқӣ мемонад.

Онҳое, ки хилъати сафед ба бар доранд, муҳофизи тани сиҳати одамонанд. Онҳо оини хосае доранд. Оине, ки пеши касбияти пири корашон-Гиппократ қасам ёд мекунанд. Ҳоло атрофи бонуе ҳарф мезанем, ки тақрибан 25 сол боз бо нони пизишкӣ рӯзгор бурдааст. Ӯ Дилоро Шафиева, момодояи Маркази репродуктивии шаҳри Ваҳдат аст. Дилоро дар рӯзгоре ба воя расидааст, ки модар бо чевариву падар бо омӯзгорӣ 8 нафар фарзандро ба камол расондаву соҳибкасб кардаанд.

Қиблагоҳ зиёд мехост, ки Дилоро иқти­соддон шавад, вале қалби ӯ ба шуғли духтурӣ буд. Барои ба мақсад расидан, ду соли тамом омодагӣ дид. Ва соли 1991 сазовори номи донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Дар соли нобасомониҳои кишвар ӯ ҳар рӯз аз шаҳри Ваҳдат ба Душанбе омада мерафт. Бо дастгириҳои волидону саъю талошаш, риштаи дояпизишкиро поён бурд. Ва дар зодгоҳ соли 1998 ҳамчун дояпизишк ба хизмати мардум пардохт. Номаш миёни бонувон мечархид, ки пизишкест парирӯ ва хело самимиву кордон.

Соли 2007 Дилоро, ки дар Маркази солимии репродуктивӣ ба ҳайси сардори шуъбаи тибби машваратии ҷавонон, ки принсипҳои хайрхоҳонаро амалӣ менамуд, ба фаъолият пардохт. Тамоми доруву дармон дар шуъба ройгон барои ҷавонон дода мешуд. Баъдан директори Маркази солимии репродуктивии шаҳри Ваҳдат буд. Кунун 6 сол аст, ки дар шуъбаи солимгардонии занҳои қобили таваллуд кор мебарад. Оид ба бемориҳои камхунии бонувон, риояи фосилаи таваллуд, доруву дармон дояпизишк ройгон ба занҳо маслиҳат медиҳад. Мақсади кори онҳо солим нигоҳ доштани модар ва тифли дар батнбуда аст. Онҳо аз рӯзҳои аввали пайдоиши ҷанин мекӯшанд, ки модар тифли солим ба дунё биёрад.

- Бархе барои бозор рафтан вақт меёбанду барои аз назари духтури занона гузаштан на. Дар як сол ақаллан як бор ҳам аз ташхис намегузаранд. Баъзеҳо то ҳадди охир бемориро мерасонанду баъд назди духтур меоянд. Дар ин ҳолат табобат хело душвор мегардад. Хушбахтона, фаҳмиши бонувони мо назар ба 10 -15 соли охир пеш рафтааст. Зоиши хонагӣ хело кам шудааст, - мегӯяд Дилоро Шафиева.

Ӯ ба занони аз 50 – сола боло тавсия медиҳад, ки назди духтури занона раванд, чун дар ин синну сол хавфи саратони сина хело зиёд ба чашм мерасад.

Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки Дилоро Шафиева ҳамчун дояпизишк касбашро дӯст медорад. Ва иқрор омад, ки вақти ташхис мебинам, ки кӯдаки батн солим аст, қалби ман низ дар баробари он фариштаи кӯчак тез –тез мезад, ин як ҳисси аҷиб аст, ки тасвир карда намешавад.

Оилаи табибон

Дилоро Шафиева зиндагии хуберо бо Холмурод Солиев ба сар дорад. Ҳар ду пизишк, бо маслиҳату машварат якдигарро дастгирӣ менамоянд. Ҳоло зиндагии онҳоро нахустнабера Имрона рангинтар намудааст. Онҳо масъулияти бобо ва бибӣ буданро хуш пазируфтанд.

- Ҳамаи пешравиҳоям аз шавҳарам бастагӣ дорад. Зеро ӯ маро хуб мефаҳмад, зиёд дастгирӣ мекунад. Барои бонуи мутахассис оромиву якдигарфаҳмӣ дар оила нақши муҳим мебозанд, - иброз медорад табиб.

Дилоробону модари меҳрубонест ба се гулдухтараш: Ҳусноро, Фараҳноз ва Шифо, ки ҳама пешаи волидонро пазируфтаанд, ба ҷуз Талабшоҳ, ки ҳоло дар мактаби миёна мехонад.

Фарзона Восеева

:.  Тандурустӣ 02.02.2022 12:03 623

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz