Фалаљ – бемории сироятии хавфнок аст. Барангезандаи он полиовирус мебошад. Ба ин беморї бештар кўдакон гирифтор мешаванд. Вирус тариќи фазлавї – дањонї ба бадани кўдак ворид гашта, дар рўдањо афзоиш ёфта, ба системаи асаб таъсир расонида дар муддати кўтоњ сабаби фалаљи инсон мегардад. Оќибатњои беморї метавонанд ба маъюбшавии якумра оварда расонанд. Роњи ягонаи пешгирї намудани ин беморї сари ваќт гузаронидани иммунизатсия мебошад.
Тавре Фарида Худойдодова муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» мегӯяд:
-Бар зидди бемории фалаљ ду намуд ваксина вуљуд дорад. Аз рўи таќвими миллии иммунизатсия њар як кўдак дар давоми 24 соат пас аз таваллуд ва баъдан дар синни 2, 3, 4 ва 12 моњагї бояд ваксинаи ОПВ-ро ќабул намояд. Дар синни 4 моњагї бошад, кўдак ваксинаи ИПВ-ро бояд ќабул кунад. Он ба тариќи сузандору гузаронида мешавад. Њарду ваксина барои муњофизати кўдак аз беморї муњим мебошанд. ОПВ дар рўдањо ва ИПВ дар хун масунияти баданро таъмин менамоянд. Якљоя онњо кўдакони иммунизатсияшударо аз бемории сироятии фалаљ муњофизат менамоянд. Мувофиқи барномаи миллии комуникатсионии 1000 рӯзи аввали кӯдак дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024 тамоми равандҳои инкишофи кӯдакон ва занҳои ҳомиларо дар бар мегирад. Мувофиқи ин баронома то синни 2 солагӣ кӯдак зери назорат қарор мегирад. Кӯдакон бояд пайваста зери назорати табибони оилавӣ бошанду бо имунизатсия фаро гирифта шаванд. Агар волидон эмгузаронии фарзандро фаромӯш карда бошанд, метавонанд ба Марказҳои саломатӣ муроҷиат намоянд, такроран гузаштани иммунизатсия барои кӯдакон ягон хатар надорад. Њангоми гузаронидани иммунизатсия дар организми кўдак тавассути ваксина масуният (иммунитет) нисбати он беморї пайдо мешавад. Модаронро лозим аст, ки нисбати саломатии фарзандон бетараф набошанд. Як бепарвоӣ метавонад кӯдаки шуморо як умр маъюб гардонад.
Ҳарчанд Тољикистон дорои сертификати Ташкилоти Умумиљањонии Тандурустї њамчун давлати озод аз бемории фалаљ мебошад. Аммо ба ин нигоњ накарда дар якчанд митаќањои наздисарњадии кишвар Афғонистон ва Покистон хатари сироятёбї ба фалаљ хеле баланд аст.
Њамасола иммунизатсия њаёти миллионњо нафарро дар љањон аз беморињои сироятї наљот дода, онњоро аз фавт ва маъюбшавии якумра наљот медињад. Барои њамин падару модарро зарур аст, ки дар ваќтњои муайяншуда кўдаро барои иммунизатсия ба муассисањои тиббии макони зисташон баранд. Њар як иммунизатсия аз тарафи корманди тибби соњибтаљриба дар муассисаи тиббии мањали зисти шумо ройгон гузаронида мешавад.
Фарзона Восеева