Ба деҳа аз маркази ноҳия филми ҳуҷҷатӣ оварданд ва бегоҳ дар толори мактаб онро намоиш доданд. Ба қавли калонсолон, ҷойи сӯзанпартоӣ намонда буд. Филм дар бораи корнамоиҳои табибону ҳамшираҳои тиббӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 нақл мекард. Дар ҳолати тирборон ва таркиши бомбаҳои душман ҳамшираҳои шафқат гаваккашон сарбозони захмбардоштаро аз майдони ҷанг бо душвориҳо мебароварданд.
Баъди поён ёфтани филм, роҳбари синфамон С.Касиров, фикру андешаҳои хонандаҳоро оид ба ин филм пурсон шуд. Ҳама якдилона аз корнамоиҳои ҳамшираҳои тиббӣ бо эҳсос сухан меронданд. Дар рафти суҳбат яке аз духтарон аз муаллим пурсид:
«Кӣ ин халатсафедонро маҷбур кард, ки ҷони худро дар зери хатар гузошта, захмиёнро бо азобу уқубат аз майдони ҷанг бароранд ва ҳатто баъзеи онҳо дар ҳолати хатар буданд?»
Муаллим аввал ба замин чашм дӯхту баъд гуфт:
- Медонед, бачаҳо, на ҳар кас ҷуръат мекунад, ки табиб шавад ва табибӣ истеъдоди худовандист. Аз тарафи дигар, - суханашро идома дод, - касе, ки донишгоҳи тиббиро хатм мекунад, бо тантана қасам ёд мекунад…
Тамошои ин филм ва суҳбат бо роҳбари синф бетаъсир намонд. Баъди хатми мактаби миёна се духтару як писар ҳуҷҷатҳояшонро ба Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурданд.
Соли 2019 дар тамоми ҷаҳон даҳшати бемории коронавирус, ки аксар онро пандемия меноманд, ҷаҳонро фаро гирифт. Он чун касалиҳои вабо яку якбора бо суръат авҷ мегирифт, тамоми аҳли оламро ба таҳлука овард.
Дар аввали соли 2020 ва минбаъд садҳо табибон барои наҷоти беморон аз коронавирус ҷони худро бохтанд. Бисёрии онҳо дар ҳақиқат қаҳрамонӣ нишон доданд.
Соли аввал дар кишвар мардум муносибати бепарвоёна менамуданд. Дар баробари дигарон ман низ бепарво дар кӯчаю хиёбонҳо мегаштам. Як бегоҳӣ ҳарорати баданам баланд шуду дар пойҳоям мадор намонд. Иштиҳо тамоман нест шуд. Рӯзи дувум ҳамсар ва духтарам низ ба доми ин беморӣ афтиданд. Завҷаам оқибати ин бемориро пай бурда, зуд ба духтури оилавӣ, ба дармонгоҳи № 10-и пойтахт муроҷиат намуд. Духтури оилавӣ Наргис Худойбердиева ва ҳамшираи шафқат Идигул Ҳасанова сари вақт ҳозир шуданд. Идигул пас аз ҳолпурсӣ бо алфози ширин: - Ҳой, ако, Шумо ба бемор монанд не -ку, рангу рӯятон ҳам нағз, - гуфт. Духтури оилавӣ низ маро тасаллӣ дода, руҳбаланд карда, баъд дорую дармон фармуд.
Дар бораи таъсири сухан аз одамон ва китобу достонҳо шунидаву хонда будам. Вале баъди суханҳои ҳамшира Идигул Ҳасанова гӯё дар пойҳоям мадор пайдо шуд.
Дар биное, ки мо зиндагонӣ мекунем, дар 24 хонаи он (моҳи майи соли 2019) аз ин беморӣ одамон азият мекашиданд. Ман ба ғайрату неруи инсондӯстии ин бонуи исавиҳуш қоил мондам. Идигули азиз ба ҷуз хонаҳои мо боз даҳҳо хонаи дигарро, ки бемор доштанд, нигоҳубин ва бо супориши духтур дору мегузаронд.
Бегоҳии 16-уми майи соли 2019, ҳангоме ки Идигул дору мегузаронд, телефон садо дод. Дӯсти зиндаёдам Ҷӯрабек Назрӣ маро таскин дода гуфт, ки пагоҳ, албатта, омада хабар мегирад.
Ин гапро шунида, Идигул телефонро аз дастам гирифта, баъди аҳволпурсӣ аз Ҷӯрабек илтиҷо намуд, ки ба ҳеҷ куҷо наравад, то гирифтори ин беморӣ нашавад. Бори охир бо Ҷӯрабек пагоҳии рӯзи 21-уми май суҳбати телефонӣ доштем ва хеле афсӯс, ки ин марди саропо ҳунару дониш ба ҳамин беморӣ печиду аз бемористон барнагашт. Вақте ба Идигул ин хабарро гуфтам, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ин бонуи меҳрубон, дар баробари табиби сарсупурда будан, ҳамчунин инсондӯст аст.
Идигул Ҳасанова баъди хатми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе солҳои 1987 - 1998 ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии № 3 фаъолият кардааст.
Имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии № 10», ҳамчун ҳамшираи тибби оилавии шуъбаи № 4 кору пайкор дорад. Ин бонуи мушфиқро тамоми пиру барно мешиносанд ва иззату эҳтиром мекунанд. Зеро бо муомилаи хушу дониши баланди тиббию дастони сеҳрнокаш ба чандин одамон сиҳатӣ бахшидааст. Идигул дар байни кормандони дармонгоҳ эътибори хоссаро касб кардааст. Меҳнати софдилонааш бо чандин ифтихорнома ва раҳматномаҳо қадр шудааст.
Идигул Ҳасанова неъмати зиндагии хешро дар шифои дардмандон ва саодати онҳо дармеёбад, ки ин яке аз фазилатҳои хосса ва хислатҳои ҳамида аст. Шоире барҳақ фармуда:
Басо кас зи дасти ту саодатманду хандонлаб,
Ки номатро ба лаб бурдан дили касро намояд шод.
Х. МУҲАББАТОВ