Тағоева Мавзуна:
Суҳбати мо бо Мавзуна Тағоева, табиби амрози занона дар Маркази солимии репродуктивии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди вазъи солимии бонувон дар ноҳия сурат гирифт.
- Шумо солҳои зиёд аст, ба дармонбахшӣ ва табобати бонувоне, ки гирифтори маризиҳои занонаанд, шуғл доред. Мегуфтед, ки аслан занон бо кадом намуди бемориҳои занона бештар ба пизишк муроҷиат менамоянд?
- Табиист, ки шароити зиндагонии бонувони деҳот аз занони шаҳрӣ тафовути зиёд дорад. Ҳам аз нигоҳи шароити маишӣ ва ҳам вазъи иҷтимоӣ бонувони деҳотро мушкили зиёд думболагир аст. Масалан, аз нарасидани маводи озуқаи серкалория аксари бонувон мубталои бемории камхунӣ мебошанд, ки ин ҳолат махсусан барои занони қобили таваллуд хатарнок аст. Алҳол, дар марказ 98 ҳазору 555 занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аксаран аз бемории чоғар, камхунӣ, дарди гурда, илтиҳоби роҳҳои узвҳои занона, саратони сина ва гарданаки бачадон, гепатит ва ғайра шикоят доранд.
Солҳои охир бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад, дар байни занон низ зиёд дида мешавад. Албатта, ин ҳам бошад, бо сабаби дар муҳоҷират сироят ёфтани бархеи мардон, ҳамсаронашон мубталои бемориҳои венерикӣ гардидаанд.
- Оё дар маркази мазкур шароити табобати ин бемориҳои номбардашуда мавҷуд аст?
- Ташхисҳои лаборатории аксари бемориҳо дар ташхисгоҳҳои ноҳия гузаронда мешавад. Вале маризиҳое низ мавҷуданд, ки онҳо бояд дар марказҳои махсуси табобатӣ ё ташхисгоҳҳои вобаста ба таҳлилу ташхиси он намуди бемориҳо санҷида шаванд. Ба мисоли ташхиси бемории саратон, ки танҳо имкони ташхисаш дар ташхисгоҳҳои пойтахт вуҷуд дорад.
- Саратони сина ва гарданаки бачадон яке аз бемориҳоест, ки чанд соли охир байни занон зиёд ба қайд гирифта мешавад. Дар Маркази солимии репродуктивии ноҳия байни занон чунин бемориҳо чанд адад ба қайд гирифта шудааст?
- Чуноне ки дар боло зикр намудам, ба марказ асосан занҳои қобили таваллуд муроҷиат мекунанд ва ба хотири маълум намудани ин намуди бемориҳо онҳо ҳатман ташхис ва муоина мешаванд. Дар сурати пайдо шудани аввалин нишонаҳои ин маризӣ онҳо ба Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ фиристонда мешаванд. Алҳол, 12 зан бо бемории саратони ғадуди сина ва 6 зан бо маризии гарданаки бачадон табобат гирифта истодаанд ва дар назорати доимии духтурони саратоншинос қарор доранд.
- Аз нигоҳи шумо чӣ боиси зиёдшавии ин намуди беморӣ аст? Бахусус, чаро дар байни бонувон ин беморӣ бештар ба қайд гирифта шудааст?
- Агарчӣ бемориҳои саратониро бештар ба ирсият тавъам медонанд, вале ба андешаи ман онҳое ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки аз нигоҳи равонӣ хеле хаставу заиф гаштаанд. Онҳое, ки асабонияти зиёд доранду мушкили зиндагонӣ афсурдаҳолашон намудааст, байни ин намуди бемориҳо зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Аз таҷриба мебинам, занҳое, ки шавҳарашон дар муҳоҷирати корианду бори гарони хонавода бар дӯши он занҳои бечора уфтодааст, аксарашон гирифтори бемориҳои гуногуни равонӣ мебошанд. Агар аз нигоҳи биологӣ гӯем, дар натиҷаи дур будани ҳамсарон аксари бонувон дучори вайроншавии сикли гармонӣ мегарданд. Ва албатта, ин ҳам яке аз омилҳои афзоиши бемориҳои саратонӣ низ мешавад.
- Барномаи давлатии танзими оила соли 2002 қабул гардида, масоиле, чун ҳуқуқи модар, ҳомиладорӣ, таваллуди фарзанд, истифода аз маводҳои контрасептивӣ, шумораи фарзандон, исқоти ҳамл дар мӯҳлат ва ҳолатҳои гуногун, истифода аз маводи репродуктологӣ барои таваллуди фарзандро дар бар мегирад. Дар Марказ барои татбиқи ин барнома чи корҳо ба сомон расонда шудааст?
- Воқеан, дар доираи ин барнома амал намудани ҳар хонавода, бахусус бонувон аз манфиат холӣ нест. Вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар аксари хонаводаҳо новобаста ба шароити зиндагониашон таваллуди бемаҳали фарзанд зиёд аст. Ҳангоми вохӯриҳо ба занон маслиҳат медиҳем, то аз воситаҳои махсус барои пешгирии бемаҳали ҳомиладорӣ истифода кунанд. Ба монанди маводҳои контрапсептивӣ ба таври ройгон тақсим мешавад.
Мушкил сари худи занон аст, ки ба саломатиашон аҳамият намедиҳанд. Ҳангоми хурӯҷи беморӣ ба табиб муроҷиат мекунанд ва бо таскин шудани бемориашон бо нӯшидани чанд ҳаб дору аз табобат даст мекашанд.
Дар ҳамкорӣ бо бахши занон ва оилаи назди мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия байни бонувон тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамоем. Бахусус, ба деҳаҳои дурдасти ноҳия рафта, бо онҳо аз наздик вохӯриҳо мегузаронем ва дар бораи солимии модару кӯдак ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои занона суҳба меороем.
- Ташаккур!
Аноҳито