Дар шароити кунунии тамоюли ҷаҳонишавӣ мардум баҳри ҳалли мушкилоти хеш ҷаҳди бештаре доранд. Рушди босуръати техника ва технология талаботеро пеш меорад, ки неруи инсон на ҳамеша дар қиболи он метавонад истодагарӣ намояд. Дар натиҷа рӯз то рӯз одамон хастагии бештаре ҳис карда, зудранҷ мешаванд ва аз бехобӣ азият мекашанд. Одатан чунин ҳолатро одамон асабхастагӣ ё худ стресс мегӯянд.
Мувофиқи нишондоди Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 45 дарсади тамоми бемориҳо аз асабонишавист. Офарандаи фарзияи стресс – Ганс Селйе чунин муқаррар намудааст, ки «стресс на танҳо шиддатнокии асаб, балки ҳолати пайвастаи организми инсон ва сифатест, ки мутобиқгардии онро бо шароитҳои номусоиди атроф фароҳам меорад. «Стресс вокуниши пурра манфии инсон нест», - мегӯяд ӯ, - «Зиндагӣ бе стресс номумкин аст, танҳо марг метавонад моро аз стресс пурра озод намояд». Лекин ҳангоми убур кардани нуқтаи ниҳоии стресс он метавонад ба инсон таъсири харобовар расонад. Ӯ ҳамчунин қайд намудааст, ки «Он чизе, ки бо шумо рӯй медиҳад, он муҳим нест. Муҳим он аст, он рӯйдодро шумо чӣ гуна қабул менамоед».
Ҳанӯз аз қадимулайём инсонҳо дарк карда буданд, ки руҳияи солим аз бадани солим аст. Аз ин рӯ, солимиро тавассути машқҳои ҷисмонӣ ва ё дигар навъи фаъолияти ҷисмонӣ метавон нигаҳдорӣ намуд. Олимон кайҳо собит намудаанд, ки ҳангоми иҷро кардани машқҳои ҷисмонӣ дар бадани инсон ҳормонҳои эндорфин ҳосил шуда, одамро хушҳолу болида мегардонанд.
Аксар вақт одамон аз кор ба хона баргашта, ҳамзамон хастагӣ ва шиддати ғазаби худро ба хона, ба оилаи худ меоранд. Чӣ бояд кард, то ҳини ба хона ворид шудан таассуроти рӯзонаи мо фаромӯш гардаду авзои беҷо ва димоѓи сӯхта боиси нороҳатии аъзоёни оила нагардад? Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки пеш аз ҳама, мо бояд анъанаи хуберо роҳандозӣ намоем: ҳангоми аз кор ё таҳсил баргаштан дарҳол чанд машқҳои релаксатсионӣ гузарондан зарур аст.
Дар мавриди обутоби бадан ва мукаммал гардондани он ба навъи хӯроки истеъмолкардаи худ эътибор додан муҳим аст. Барои рафъи асабоният организми инсон бояд ба миқдори муайян моддаҳои зарурӣ гирад. Истеъмоли зиёди сабзавот ва мева, алалхусус сабзавоту меваҳои рангашон норинҷӣ айни муддаост. Мегӯянд, ки чунин рангҳои равшани сабзавоту меваҷот ба одам неруи барзиёд мебахшанд ва табъро болида месозанд.
Дар ҳолати асабхастагӣ ва умуман пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморие қариб ҳама тавассути доруҳо худро таскин додан мехоҳанд. Истифодаи доруҳо метавонад одати доимӣ гардад, ки баъдан ба вояи онҳоро зиёд кардан эҳтиёҷ меафтад. Чӣ бояд кард? Истифода аз усулҳои табиӣ ва гиёҳҳои шифобахш низ метавонад кӯмакрасони мо бошад.
Тарзи ҳаёт – ҳаёти ҳамарӯзаи мо аз субҳи солеҳон то бевақтии шом, ҳар ҳафта, ҳар моҳ ва ҳар сол аст. Ҷузъҳои асосии тарзи ҳаёти фаъол ва релаксатсионӣ аз оѓози рӯзи меҳнатӣ бо риояи қабули хӯрок, ҳаракат ва сифати истироҳат ва хоб, муносибат бо атрофиён ва вокуниш ба стресс шурӯъ мешавад. Чигунагии тарзи ҳаёти мо маҳз аз худи мо вобаста аст, яъне тарзи ҳаёти солиму фаъолро ба роҳ мемонем, ё ин ки ҳаёти носолиму ѓайрифаъолро ихтиёр мекунем. Агар мо ба принсипҳои асосии ҳаётии худ ба таври мусбӣ таъсир расонда тавонем, пас мо ботамкин мешавем ва омилҳои стрессогениро оромона қабул мекунем. Ҳамеша дар хотир нигоҳ доштан зарур аст, ки мо метавонем ба ин ё он ҷараёни дар организм ба вуқӯъ оянда бошуурона таъсир расонем, яъне мо қобилияти худтанзимкуниро дороем.
Дар мактаби ҳаёт ақибмондаҳоро соли дуюм намегузоранд. Ягона айёмеро, ки метавон ислоҳ кард, оянда аст, ки фардо метавонад айёми гузашта гардад. Аз ҳозир онро мебояд тағйир дод. Бояд дарк намоем, ки мо ҳамеша пешорӯи интихоб қарор дорем ва ҳар яки мо пеш аз ҳама ба тарзи ҳаёти худ, ба тандурустӣ ва сифати зиндагии хеш ҷавобгарем ва амалҳои худро ба тарозуи ақл баркашида,бештар масъулиятшинос бошем.
С. АШӮРОВА