Дидору гуфтугузори самимии толибилмон бо як њайати иборат аз табибону њамширањои шафќат, ки ба хотири санљиши њолати санитарии мактабу вазъи солимии шогирдони дабистони №56 ноњияи Данѓара ташриф оварда буданд, дар замири Гулчењра, ки он ваќт дар синфи чањорум тањсил дошт, мењру муњаббат ба касби духтуриро бедор кард. Дар масири марому орзуњои аз овони наврасї парвардааш љозибаи хилъати сафед рањнамову панду насињати зодмандон њидоятгараш буд, ки илму донишандўзиро мояи некбахтиву саодатмандии фарзандони хеш медонистанд.
- Орзуњои њаётї замоне ба воќеият табдил меёбанд, ки њама њастии худро барои расидан ба ќуллаи маќсуд бахшида бошем, - риштаи суњбатро ба даст гирифт Гулчењра Сайдализода. – Илова бар ин, дар тарбияву омодасозии мутахассисони љавон ва ба кашфиёту дастовардњои илмиву амалї ноил гаштани онњо, пеш аз њама, муњити созандаи тадрис ва омўзгорони донишманду рањнамо наќши баѓоят муњим доранд. Аз даврони донишљўї ва кору таљрибаомўзињо дар муассисањои тиббї лањзаи фориѓ рў ба мутолиаву такмили донишу касбият менамоям, то дар ташхису муолиљаи беморон эњсоси нобоварї ѓолиб наояд.
Баъди хатми Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино аз соли 1993 ба сифати табиби муолиљавии маркази саломатии №10 шањри Душанбе ба фаъолият пардохт. Бо мурури эњёи тибби оилавї ва таъсиси ихтисоси табиби оилавї, як зумра табибони варзида баъди гузаштан аз курсњои бозомўзї ба њайси табиби оилавї ба беморхонаву дармонгоњњои кишвар сафарбар шуданд. Бо дарки моњияти рушди ин самти соњаи тандурустї дар музофоти кишвар, Гулчењра бо маслињату њидояти устодон ихтисоси табиби оилавиро азбар намуда, барои идомаи фаъолият ба маркази саломатии ноњияи Данѓара меояд.
- Самти муолиљавї, яъне терапияро модари тиб меноманд, аммо донишу малакаи табиби оилавї бояд љавобгў аз рўи 17 ихтисоси тиббї бошад. Зеро, бахусус дар шароити дењот, табибони оилавї нињоят масъулияти муњиму љиддиро бар зимма доранд, - изњор медорад Гулчењра Сайдализода. - Тавре огањї дорем, замони нигаронињои оламиён аз хуруљи COVID-19 дар самти пешгирї аз пањншавии он дар кишварамон наќши асосиро мањз табибони оилавї бозиданд. Пайравони асили пешаи синоиро мебояд, ки дар раванди таљрибаомўзї ва интихоби касб ихтисоси духтури оилавиро нодида нагиранд. Чаро ки бунёди љомеаи солим аз солимии оила замина мегирад ва татбиќи ин њадафи муњим бидуни рушду ташаккули самти табиби оилавї имконнопазир аст.
Дар ноњияи Данѓара аз 33 табиби оилавї 18 нафар дар маркази саломатии ноњия фаъолият дорад, ки бо маќсади расондани хизмати тиббї ба дењу мањаллањо вобаста шуда, њафтае як рўз бо усули хона ба хона аз вазъи сињатии сокинон огоњї пайдо мекунанд. Нисбат ба дигар шањру навоњии вилояти Хатлон сафи табибони оилавї дар сохторњои тандурустии ноњияи Данѓара зиёдтар бошанд њам, боз њам мутахассисони ин самт чун обу њаво заруранд. Зеро аз тањлилњои соњавї бармеояд, ки алњол як табиби оилавї ќариб ба 3 њазор нафар ањолї вобаста гардидааст. Ин дар њолест, ки тибќи меъёрњои муќарраргардида ба њар 700 - 800 нафар бояд 1 табиби оилавї хизмат бирасонад. Хушбахтона, дигар барои таъмини ину он мутахассисони соњаи тиб солњо зарурат намеояд, чун дар баробари ДДТТ ба номи Абуалї ибни Сино њамакнун Донишгоњи давлатии тиббии Хатлон низ арзи њастї дорад, ки аввалин донишљўёни он дар курси 5 - ум тањсил доранд.
Давоми хизмати арзандааш дар самти табиби оилавї дар зинањои гуногуни роњбарии соњаи тиббї фаъолият карда, њолиё муовини роњбари шабакаи кумаки аввалияи тиббї - санитарии ноњияи Данѓара мебошад.
- Намедонам, то куљо гузаштагони мо ягон иртиботу пайвандї ба илми тиб доштанд ё не, аммо ба шарофати ин касб, шаљараномаи аљдодии мо аз шумори риштаи пизишкдармонї меафзояд. Чун тањсилоту фаъолият дар пайроњаи касбї сабаб шуд, ки њамсафари њаётиам њампешаи ман буда, алњол ба симати мудири шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноњия фаъолият дорад. Дар пайравї аз тањсилу муваффаќиятњои ман ду хоњарам коллељи тиббиро хатм ва мавќеи худро дар зиндагї ёфтаанд. Итминон дорам, ки ояндагони мо ин силсиларо идома хоњанд дод, - мегўяд бо ифтихор Гулчењра.
Ба гуфти ў айни замон ягона масъалаи мавриди нигаронии табибони оилавї ин пешгирии бемории камхунї миёни бонувони ќобили таваллуд аст. Аммо ин мушкилї тавассути тарѓиби истеъмоли дурусти ѓизо миёни ањолї њалли худро меёбад. Сатњи беморињои илтињобї, дарди гурда ва касалињои занона дар ќиёс ба солњои пеш коњиш ёфта, вазъи беморињои мавсимї муътадил арзёбї мегардад.
Шабакаи кумаки аввалияи тиббии санитарии ноњияи Данѓара аз 27 маркази саломатии дењот ва 35 бунгоњи тиббї иборат мебошад. Зимнан, дар пайравї аз иќдомњои созандагї ба истиќболи љашнњои бошукӯњ љињати рушду ободонии шањраку дењкадањо ва фароњам овардани шароити мусоиди хизматрасонињои тиббї имрўзњо дар ноњияи Данѓара дањњо муассисањои тиббии муљањњаз бо таљњизоти замонавї бунёд ёфта истодаанд. Аз љумла, ифтитоњи беморхонаи замонавї дар дењаи Остонаи Љамоати дењоти Лолазор, аз таваљљуњи беандозаи соњибкорони мањаллї љињати татбиќи њадафњои ояндасози Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» дарак медињад.
С. Љамолиддин,
ноњияи Данѓара