Ба бовари коршиносон тадбирҳои сари вақт андешидаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон, имконоти зеҳнӣ ва фаннии илми тибби тоҷик, заҳматҳои шабонарӯзии пизишкони ҳозиқу кордон, ботаҷриба ва ширкати фаъоли қишрҳои ҷомеа дар пешгирӣ ва муолиҷа намудани вируси нави тоҷдор COVID – 19 омили пирӯзӣ бар таҳдиди нав, ки ҷаҳониёнро ба хатар ва таҳлука андохт, гардид.
Дар давраи беморӣ 1198 нафар, ки аксарашон аз минтақа ва кишварҳои гуногун ба ВМКБ ворид гардида, бо нишонаҳои бемории вируси нави тоҷдор ба табобат фаро гирифта шуданд, шифо ёфтанд. Ба назари аҳли ҷомеа дар давраи хуруҷи коронавирус дар кишвар, дар фаъолияти пизишкони содиқ ба савганди касбиашон сифату хислатҳои ботинии фаъолияти ҳамарӯзаашон ба мисли эҳсоси баланди масъулияти касбӣ, донишу таҷриба, кордонӣ, тозакорӣ, бодиққат ва меҳрубону ғамхор будан дар муошират ва муносибат бо маризон беш аз пеш хубу барҷаста зоҳир гардиданд, ки яке аз омилҳои асосии ҷилавгирӣ аз беморӣ буд. Пизишкон аз зумраи сироятёфтагони вазнин танҳо 8 нафарашонро аз панҷаи марг наҷот дода натавонистанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз пандемияи коронавирус ва муолиҷаи саривақтии беморон, ҳавасмандгардонии табибон ва дигар кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони иборат аз 45 мошини пурбор бо маводи ғизо дар ҳаҷми бештар аз 500 тонна, иборат аз орд, биринҷ, равған, шакар, макарон, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар намудҳои хӯрока ба маблағи умумии 3 миллион сомонӣ ва зиёда аз 50 намуди дорувории зарурӣ, либоси тиббӣ ва муҳофизатӣ, ниқоб, дастпӯшак, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ, воситаҳои техникӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ ба муассисаҳои тандурустии вилоят ва ниёзмандон дастрас гардиданд. Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳ ва волонтёрон дар таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо сарулибоси махсус, хлор, таҷҳизоти сунъии нафаскашӣ ва дигар муҳимоти зидди паҳншавии коронавирус, маводи ғизо саҳми босазо гузоштанд.
- Агарчанде ҳанӯз шаҳрвандони мамлакатҳои пешрафтаи зиёди ҷаҳон аз сироятёбӣ бо вируси нави тоҷдор ва беморӣ аз он ранҷ мекашанд, бахти мардуми сарбаланди кишварамон аст, ки ба истиқболи ҷашнҳои арзишманд - Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бидуни ин беморӣ бо рӯҳияи болида аз саломатӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти амну осоишта ва созандагиву бунёдкориҳои азим қадам мегузорем, - мегӯяд муовини раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Хоруғ Давлатсултон Раҳматхудоева.
Ба сифати хизматрасонии тиббии ҳар кишвар аз рӯйи фаъолияти хадамоти «Ёрии таъҷилӣ» ва расондани ёрии аввалияи тиббӣ баҳо додан мумкин аст. Дар маркази вилоят шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ» соҳиби бинои нав гардида, бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шуд. Танҳо дар давоми як сол Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 12 мошини ёрии таъҷилиро дар ихтиёри чунин шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо қарор дод ва сифати хизматрасонӣ дар самти расондани ёрии аввалия ба бемор куллан беҳбудӣ ёфт.
Ташхису табобати беморони сил беҳтар гардид. Бинои наву замонавии маркази вилоятии бемориҳои сил муҷаҳҳаз бо техникаи тиббии муосир ба сифати пешгирӣ ба табобати саривақтии сил мусоидат намуд. Ғамхории давлат дар ҳаққи саломатии модару кӯдак боис гардид, ки дар бинои чорошёнаи зебову замонавӣ шуъбаи таваллудхонаи вилоятӣ дарашро ба истиқболи модару кӯдак боз намуд. Он дорои шароитҳои муосири ташхису табобат буда, барои модарон имкон фароҳам сохтааст, ки дар давоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва пас аз он саломатии худ ва кӯдакашонро таҳти назорат қарор диҳанд.
Маркази бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар пурра навсозӣ шуда, бо асбобу анҷоми тиббии муосир муҷаҳҳаз гардид. Беморони рӯҳӣ аз бинои садамавӣ ба бинои нави дорои шароитҳои замонавии табобатӣ кӯчонда шуданд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази тибби Оғохон падидаи чашмгире дар соҳаи тандурустӣ арзёбӣ мешавад. Марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ ва сифати баланди хизматрасонӣ буда, барои рушди рақобати касбӣ дар соҳаи тандурустӣ ва барои беморон имконияти интихоби шароит барои муолиҷаро фароҳам сохт. Бо фаъол шудани дастгоҳи томографии марказ ва дастгоҳи ташхискунандаи компютерии магнитии резонансӣ дар беморхонаи вилоятӣ имконияти ташхиси дарунии тамоми узвҳои инсон, аз ҷумла косахонаи сар ва сутунмуҳра фароҳам шуда, корафтодагони зиёде, ки қаблан барои ташхис маҷбур буданд, ба пойтахти ҷумҳурӣ сафар кунанд, аз сарсонию саргардонӣ халосӣ ёфтанд.
Танҳо дар давоми се моҳи соли равон 8 дастгоҳи рентгени рақамӣ ба вилоят ворид ва ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ тақсим шуд.
Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 508 табиб ва 2146 ҳамшираи тиб дар хизмати мардум қарор доранд. Бо омӯзиши пайваста ва такмил ёфтани маҳорату малакаи мутахассисон акнун баъзе намуди ҷарроҳиҳо дар худи беморхонаҳои ноҳиявӣ анҷом мегиранд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бо роҳи чудо намудани квота самар оварда, дар муассисаҳои тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ камбуди кадрҳои баландихтисос бартараф гардид. Боиси таассуф аст, ки ҳанӯз дар теъдоде аз муассисаҳои тандурустии минтақавӣ ва марказҳои саломатии деҳот камбуди кадрҳои баландихтисос, назири табибони оилавӣ, бемориҳои кӯдакона ва дарунӣ эҳсос мегардад ва масъулон бовар доранд, ки дар тӯли се - чор соли оянда мушкилоти таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои соҳибихтисос пурра ҳал мегардад.
Бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят бинои нави муассисаи таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ бунёд ёфт. Ҳадаф аз сохтмони коллеҷ, ки дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи биохимия, фармакология, компютер, китобхона ва синфхонаҳои таълимӣ буда, имконияти васеи дастрасии таълимгирандагонро ба донишҳои муосири тиббӣ фароҳам сохтааст, тайёр намудани мутахассисони сатҳи миёнаи тиббӣ, дорусозон ва момодояҳо арзёбӣ гардида, коллеҷ дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар шафати бинои панҷошёнаи коллеҷ бо назардошти афзоиши шумораи муҳассилин аз деҳоти дурдаст, хобгоҳ барои 70 нафар сохта шудааст.
Дар маҳалҳо 170 бунгоҳи тиббӣ дар хизмати мардум қарор дошта, сохтмони 17 - тои дигар оғоз ёфт. Ҳамчунин, дар шаҳраки Ваҳдат-маркази ноҳияи Шуғнон сохтмони беморхонаи ноҳиявӣ бо маблағгузории 22 миллион сомонӣ ва беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бо маблағгузории 6 миллион сомонӣ идома дорад.
Сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров беҳбуд ёфтани вазъи саломатии сокинони вилоят, авҷи муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои рақамӣ ва боло рафтани сифати хизматрасонии тиббиро ба мардум аз дастовардҳои асосии соҳаи тандурустӣ арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи манбаъ, ба беҳбуди саломатии сокинони вилоят, ҳамчунин, тарзи ҳаёти солим, ки сохторҳои тандурустӣ ба тарғибу ташвиқи он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир месозанд, мусоидат намудааст.
М. САИД, ВМКБ