«Бенавои тансињат хушбахттар аз шоњи бемор аст», - гуфтааст файласуфе. Воқеан ҳам, солимӣ ганҷи бебаҳосту бидуни он сарвати дунё барои инсонҳо ночизу беаҳамият хоҳад буд.
Мувофиќи нишондоди Ташкилоти умумиљањонии тандурустї солимї на танњо мављуд набудани беморињо ва нуќсони љисмонї, балки њолати пурраи бењбуди љисмонї, рўњї ва иљтимої мебошад. Бояд гуфт, ки ба саломатии кўдакон як ќатор омилњо таъсир мерасонанд:
Ирсият – 20 %.
Таъсири муњити зист, ба монанди омилњои экологї ва иќлиму табиат – 20 %.
Таъсири омилњои ташкилсозии хизматрасонињои тиббї – 10 %.
Омилњои иљтимоию иќтисодї ва тарзи њаёт – 50 %.
Дар баробари бо таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон волидайнро зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи љисмонї ва бењдошти тандурустии онњо низ диќќати махсус дињанд. Тарбияи солимгардонии кўдак бояд аз батни модар оѓоз гардад, яъне аз тарзи дурусти ќабули ѓизои модар, сайругашт дар њавои тоза, фароњам овардани муњити ором, асабонї ва ѓамгин нашудан ва амсоли инњо. Пас аз ба дунё омадани тифл масъулият ва вазифањои модар дучанд мегардад, махсусан нисбат ба тифл ѓамхорї зоњир намудан ва тансињатии ўро нигоњ доштан.
Пас аз валодат ѓамхории модар аз рўзњои аввалини њаёти кўдак аз синамаконї шурўъ мегардад. Чунки мањз усули синамаконї метавонад минбаъд кўдакро аз њар гуна беморињо ва сироятњо њифз кунад, зеро ба ин тариќ, масунияти фарзанд мустањкам мегардад. Таркиби сењрноки шири модар аст, ки фарзанд бардаму солим ба воя мерасад. Њангоми тавлиди фарзанди нахустин дар масъалаи синамаконї ва тарзи дурусти нигоњубини кўдак агар модар бо душворињо дучор ояд, метавонад ба духтури оилавї барои маслињат пурсидан мурољиат намояд.
Пас аз ба дунё омадани тифл волидон вазифадоранд, ки ба масъалаи солимии кўдак, риояи ќоидањои гигиенї диќќати махсус дињанд ва ўро пайваста аз муоинаи духтур гузаронанд. Худи духтурони оилавї бо оилањое, ки навзод ва ё кўдакони хурдсол доранд, пайваста дар иртиботанд. Танњо калонсолони оиларо зарур аст, ки аз тавсияњои духтур бањравар шаванд ва бо пайдо шудани аввалин нишонањои ин ё он беморї ба мутахассис мурољиат намоянд.
Муайян намудаанд, ки пешгирии беморињо аз таботати он дида осонтару ќуллайтар аст ва харљи маблаѓњои зиёди буљаи оилавї ва давлатро сарфа менамояд. Эмгузаронї низ яке аз усулњои пешгирии беморињо миёни кўдакон аст. Даврањои эмгузаронї аз айёми таваллуди тифл оѓоз мегардад ва он бењтарин усули пешгирии сироятњои шадиди роњњои нафас, кузоз, гулўзиндонак ва амсоли инњо ба њисоб меравад.
Тарбияи љисмонии кўдакро ба роњ мондан ва пайваста ба машќњои љисмонї њидоят намудани ў вазифаи муњими њам волидайн ва њам мураббияњову омўзгорон аст. Зеро машќњои љисмонї гардиши хунро фаъол гардонида, ба кўдакони ба баъзе беморињо дучор шуда, аз ќабили беморињои зуком, зиќќинафас, сироятњои шадиди роњњои нафаскашї ба таври мусбї таъсир мерасонад.
Дар њавои тоза бозї ва сайругашт кардани кўдак бо назорати љиддии калонсолони оила – яке аз усулњои бењтарини таъмин кардани солимии фарзанд мебошад. Дар фасли сармо бо иллати оне, ки кўдак шамол нахўрад, дару тирезањоро намекушоянд ва хонаро андаке њам бошад, њавояшро иваз намесозанд, ки ин омил низ бешубња, метавонад ба солимии фарзанд таъсири бад расонад.
Барои муайян намудани оне, ки инкишофи кўдак орї аз њама гуна беморињо муътадил љараён меёбад, падару модарро зарур аст, ки аз вазъи саломатии фарзанди худ тавассути ташхисњои лабораторї огањ бошанд ва дар њолати муайян гардидани нишонањои ин ё он беморї сари ваќт аз пайи табобати он гарданд, зеро ќариб ки њамаи беморињо дар марњилаи аввали худ ба зудї табобат мешаванд ва кўдак низ азият намекашад.
Солим ба воя расонидани кўдак ва дар баробари ин тарбияи дурустро ба роњ мондан вазифаи пурмасъулият мебошад, ки аз волидайн ва ё тарбияткунандагони онњо зањмат, сабру тањаммул ва хирадмандиро металабад. Кафолати муваффаќият дар мубориза бо тамоми беморињо тарзи њаёти солим мебошад, ки аз истеъмоли ѓизои солим шурўъ гардида, бо фаъолияти љисмонї ва дар рўњияи одобу ахлоќи њамидаи инсонї тарбия кардани фарзанд анљом меёбад. Волидайн вазифадоранд, ки њамаи ин љанбаъњоро ба инобат гиранд ва фарзандони худро солиму бардам ба воя расонанд.
С. Ашӯрова