01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБ ВА ЛИБОСҲОИ МАХСУСИ ТИББӢ ДАР ХАТЛОН

 

11   Дар корхонаи дӯзандагие, ки дар якҷоягии бо ҶСК «Ресанда» ва Ширкати кореягии «КОТА-ГЛОБАЛ» таъсис ёфтааст, шабонарӯз аз 5 то 10 ҳазор ниқоб истеҳсол карда мешавад. Ба иттилои Рустамҷон Бобоев, менеҷери корхонаи мазкур айни замон шумораи кормандони коргоҳи ниқобдӯзӣ ба дусад нафар мерасад, ки 90 дарсади онро занону духтарони шаҳру ноҳияҳои Бохтару Левакант, Кушониён, Вахш ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташкил медиҳанд.

- Дар истеҳсоли ниқоб матои махсусе истифода мешавад, ки онро ширкат аз ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон ворид месозад. Корхонаи мо дар марҳилаи рушд қарор дошта, сатҳи истеҳсолии он вобаста ба шароиту имкониятҳои таъминот бо матои хушсифат тамоюли болоравӣ дорад,- иброз дошт Р. Бобоев. - Дар коргоҳи дӯзандагӣ ба ҷуз ниқоби тиббӣ инчунин истеҳсоли халат ва сару либоси махсуси тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Ниқобҳои истеҳсоли Ширкати «КОТА-ГЛОБАЛ» барои истифодаи чандкарата нигаронида шуда, онро баъди як рӯзи истифодабарӣ дар маҳлули собун шуста, дарзмол намуда, аз нав метавон истифода бурд.

Ниқобҳои тиббии истеҳсоли корхонаи мазкур, ки талабот ба он зиёд аст, аз тарҳҳои истеҳсолии Кореяи Шимолӣ нусхабардорӣ шудааст. Он барои истифодаи дутарафа буда, бартар аз ин намуд маҳсулоти дигар ширкатҳо дар қисмати болоии худ симчӯбак дорад, ки бо пахши он ниқоб ба қолаби рӯи инсон мувофиқ мегардад.

Ба қавли масъулини корхонаи муштараки ҶСК «Ресанда» ва Ширкати «КОТА-ГЛОБАЛ» ниқобу дигар сарулибоси тиббии дар корхонаи мазкур истеҳсолгардида ба меъёрҳои ҷаҳонии санитарӣ ҷавобгӯ аст. Бо дарназардошти хароҷоту андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ арзиши ниқоби истеҳсоли «КОТА-ГЛОБАЛ» 6 сомониву 80 дирам муќаррар шудааст.

Тавре Рустамҷон Бобоев дар суҳбат ба мо иброз дошт, дар оғози ҳамкориҳои муштараки ҶСК «Ресанда» ва ширкати кореягии «КОТА-ГЛОБАЛ» фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ба истеҳсоли сарулибоси мактабӣ равона гардида, 400 нафар бо ҷойи кор фаро гирифта шуда буд. Баъдан, бинобар вазъи ба амаломада фаъолияти қисми академии ширкат, ки ба бонувони маҳаллӣ ҳунарҳои дӯзандагӣ меомӯхт, муваққатан қатъ карда шуд.    

Мавсуф иброз дошт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ширкати «КОТА-ГЛОБАЛ» занону духтарони ҳунаромӯзро бо идрорпулии махсус таъмин менамуд. Дар назар аст, ки баъди сипарӣ намудани хавфу хатарҳои бемории сироятии коронавирус бахши ҳунаромӯзии ширкат дубора фаъол гардида, хоҳишмандонро ба касбомӯзӣ фаро хоҳад гирифт,- мегӯяд Р. Бобоев.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, шаҳри Бохтар

:.  Тандурустӣ 04.06.2020 14:56 1097

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz