Микроҷарроҳ
Равзанаи ошної:
Муњайё Одинаева, микрољарроњ, љарроњи тахассуси дараљаи як, номзади илми тиб, ассистенти кафедраи беморињои љарроњии №2 - и Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино. Љарроњи шуъбаи микрољарроњии реконструктивї ва пластикии Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Хонаи сангини Модар, эй бињишти кўдакї,
То нагардї бенишон дар марзи дил кўчонамат.
Сармад
Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо» дар асл њам ба як маркази аз њар љињат пурќувват ва муљањњаз табдил ёфта, духтурони он имрўзњо мураккабтарин амалиётњои љарроњиро ба сомон мерасонанд. Марказ аз 10 шуъба иборат буда, дар он 300 нафар фаъолият мебарад, ки аз он 92 нафар табибони баландихтисосанд.
Муњайё Одинаева пас аз хатми факултети муолиљавии донишгоњ (2005) дар шуъбаи микрољарроњии реконструктивї ва пластикии Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо зери роњбарии доктори илмњои тиб, профессор Убайдулло Ќурбон корро оѓоз намуд. Њанўз аз овони донишљўї худро њамчун шогирди зирак нишон дода, пайваста дар амалиётњои љарроњї ба устодаш ёрї мерасонд. Аз шогирди чунин устоди ботаљриба ва номдор буданаш мефахрад. Аз ин рў, мекўшад то ба бовариаш сазовор бошад.
- Одатан љарроњон, бахусус микрољарроњон аз зумраи мардонанд. Ин касби мардона аст, мегўянд. Вале Муњайё Одинаева намунаи равшани пизишки њирфаї дар соњаи микрољарроњї мебошад. Љарроњии реконструктивї, пластикї, эстетикї ва умуман барќарорсозї дар соњаи љарроњї аз амалиёти мураккабтарин ба њисоб меравад.
Мавзўи ринопластика (пластикаи бинї), ки Муњайё Одинаева дар он рисолаи номзадиашро («Табобати љарроњии деформатсияњои пас аз осебии бинї») дифо намудааст, дар љарроњии пластикї љарроњии раќами як мањсуб меёбад. Љарроњии чунин амалиёт бенињоят душвор буда, дар танњої гузаронда намешавад. Дар њамбастагї бо устод Убайдулло Ќурбон Муњайё амалиётњоеро анљом медињад, ки имрўз дар кишварњои њамсоя мављуд нест. Њамчун љарроњи њирфаї, њамчун инсон бенињоят хоксор. Дар байни ањли кормандон эњтироми хосса дорад, - мегўяд мудири шуъбаи микрољарроњии реконструктивї ва пластикї Љонибек Љононов.
- Албатта, барои зан љарроњ будан нисбат ба мард мушкилтар аст. Зеро инстинкти модарї, рањмдилї, ки хоси бонувонанд, дар канор монда бо теѓи љарроњї сару кор гирифт. Вале набояд фаромўш сохт, ки бонувонро бењтарин табиб ва парастор унвон медињанд. Барои љарроњ дасти нозук, дили шер ва чашми уќоб мебояд. Духтури микрољарроњ њамеша бояд дар раванди баланд бардоштани савияи дониш ва сайќал додани малака ва таљрибаи андӯхта фаъолият барад. Зеро ин касб дар баробари таљриба аз табиб дониши назариявии хубро низ талаб мекунад, - мегўяд Муњайёбону.
Ў соли 1983 дар оилаи зиёї, академик Саидмуњаммад Одинаев чашм ба дунёи њастї кушодааст. Пас аз хатми Литсеи президентї барои бачањои болаёќати шањри Душанбе бо тавсияи падар ба Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон дохил мешавад.
- Ман фарзанди хурдии хонаводаам. Аз њафт хоњару бародар панљ хоҳарон бо тавсияи падар касби табибиро хуш намудем. Падарам доим мегуфтанд, ки барои зан пешаи духтурї ва омўзгорї муносиб аст. Њоло аз касби интихоб намудаам розияму ба падарам, ки аввалин устоди худ мехонамаш, сипосгузорам, - мегўяд Муњайё.
Тавре Љонибек Љононов иброз намуд, Гуландом Каримзода, Ситора Љанобилова, Муњайё Одинаева ва Муњаббат Файзуллоева аввалин бонувони микрољарроњи кишваранд. Ин чор бону давомдињандагони кори донишмандону пештозони амалиёти микрољарроњї дар Тољикистон Карим Ортиќов, Ќарахон Ќурбонов, Убайдулло Ќурбон ва Ѓафурљон Њољимуродов ба шумор мераванд.
Тибќи маълумоти оморї соли 2019 дар Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо 4 њазору 727 бемор бистарї гардида, аз ин шумора ба 4 њазору 579 нафари онњо амалиёти љарроњї гузаронда шудааст. Аз ин шумора 930 нафар дар шуъбаи микрољарроњии реконструктивї ва пластикї.
- Љарроњии рагу торњои асаби осебрасидаи дасту пой ва рафъи изњои сўхтагию контрактура дар панља, бандњои дасту пою гардан мебошад. Мо имкон дорем то нуќсњои љисмонию эстетикиро бартараф созем ва онњо одамонро нороњат насозанд. Њолате буд, ки духтараки ќадрасе панљаи дасташро бо љоду бурида људо намуд. Табибони шуъбаи мо пас аз амалиёти тўлонї ва зањматњои зиёд панљаро васл намуданд.
Волидони духтарак аз шодї ашк мерехтанду љањон - љањон изњори сипос менамуданд. Зеро ин њодисаи нохуш дар арафаи тўйи духтарак рух додаву касе бовар надошт, ки панља барќарор мешавад. Њоло ӯ хонаи ободу фарзанддор аст. Ин барои табиб аз њама подоши баланд аст, ваќте ба ў миннатдорї баён мекунанду натиљаи кор тандурустї ва хушбахтии бемор мегардад, - мегўяд бонуи љарроњ.
Дар баробари кори шуъба Муњайё 10 сол аст, ки ассистенти кафедраи беморињои љарроњии №2-и Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино мебошад. Ў ба шогирдон аз нозукињои касби љарроњї сабаќ мегўяд. Њамроњи њамсараш Фирдавс Тоњиров, ки ўро мудом дастгирї мекунад, хушбахту масрур аст. Фирдавс дар шуъбаи рентгенэндоваскулярии маркази номбурда ба њайси љарроњ фаъолият дорад.
Шуъбаи микрољарроњии реконструктивї ва пластикї аз соли 1986 фаъол аст. Љарроњони шуъба амалиётро бо мањорати хос ва дар дараљаи олии тахассусї иљро мекунанд. Њар як амалиёти микрољарроњї њамеша ба воситаи пурбину заррабин гузаронда мешавад ва он на кам аз як соат давом меёбад. Њар њафта табибон тибќи наќша дар шуъбаи микрољарроњї, реконструктивї ва пластикї дањњо амалиёти љарроњї мегузаронанд.
Љарроњони пуртаљрибаи шуъба амалиётњои гуногунро дар соњаи зебої ва тармимї низ анљом медињанд. Барои дар сатњи зарурї амалї намудани ин амалњо шуъба бо навтарин дастгоњу таљњизоти муосир таъмин аст.
Дар шуъбаи мазкур амалиётњои эстетикї аутотрансплонтатсия - кошти мўйи сар, маммопластика – пластикаи ѓадудҳои ширї, блефаропластика - пластикаи пилки чашмон, бартараф кардани ожангњои атрофи чашмон, рафъи варам, овезонии пўст ва чарбуи пилки чашмон, фейслифтинг - тарангкунии пўсти рўй бо бартараф кардани ожангњои пўст, ринопластика - пластикаи бинї, таѓйир додани шакл ва андозањои бинї, рафъи баландии пуштаки бинї, таѓйир додани шакли нўги бинї, хурд кардани андозањои ќанот ва сўрохињои бинї, бартараф кардани деформатсияњо ва каљии бинї ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинї, отопластика – пластикаи гўшњо, тармими гўшњои чапар, сохтани суфраи гўш, рафъи деформатсияи суфраи гўш, абдоминопластика - пластикаи шикам, бартараф кардани изофаи пўстњо ва чарбуи овезони шикам, мустањкам кардани девори пеши шикам, липосактсия - гирифтани чарбуи изофаи ќитъањои алоњидаи бадан ба воситаи дастгоњи махсус бе буридани пўст гузаронда мешаванд.
- Соњаи микрољарроњї раванди нав дар илми љарроњист. Аз микрољарроњї љарроњии реконструктивї, аз реконструктивї пластикї ва пластикї љарроњии эстетикї ба вуљуд омадаст. Љарроњии эстетикї бояд вобаста ба синну сол гузаронда шавад. Ба љавонон аслан ин гуна љарроњї тавсия дода намешавад. Ѓайр аз љарроњии эстетикии бинї (ринопластика), ки бо сабабњои гуногун љароњат бардошта, шаклаш таѓйир ёфта бошад ё нуќсонњои модарзодї дошта бошад. Масъалаи пластикаи ожангњо ва чинњои рўю гирди чашмњо (блефаропластика, фейслифтинг), чунин љарроњињоро бонувон хубаш бояд пас аз 40 - солагї гузаронанд, - мегўяд Муњайё.
Далер Сафар