Зиндагӣ зебост!
Равзанаи ошної
Дилором Сатторова 12 апрели соли 1972 дар шањри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи МТМУ № 78, Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали ибни Сино бо дипломи сурх. Доктори илмњои тиб.
Дўсте ќадрдонам бемор шуд. Чун донистам, ки дар корпуси 10 - уми Маркази миллии тиббии «Шифобахш» маъруф ба Ќарияи Боло бистарист, хабаргириаш рафтам Ў дар шуъбаи мамалогияи маркази саратоншиносї мехобид. Ин бино њамчун корпуси дањшатнок байни мардум маълум аст. Аксар аз ин иморат њазар мекунанд.
Чењраи рангпаридаи бонувон ин љо ба дили кас њузн меорад ва ҳар нафар дарк мекунад, хоњу нохоњ дунё пеши њаёти одамї њељ аст. Ба назар шабањи марг сари њар ќадам касро таъќиб месозад.
Дугонаам њам чунин њолат дошт. Гуфтам, чаро зиќ мешавї? Охир маргу зиндагии инсонњо дар дасти Худованд аст, касе намедонад, ки кай ва дар куљо бо зиндагї падруд мегўяд. Ба ќавли мардуми рус «рак-это не приговор!».
Гапи Дилоромро гуфтї,- гуфт дугонаам.
-Дилором?
- Духтури ман Дилором ном дорад. Ба гуфти эшон, бисёранд занњое, ки ба бемории саратони сина гирифтор мешаванд, вале дар натиљаи ташхису табобати дурусту сариваќтї онњо шифо меёбанд ва ба зиндагии воќеї бармегарданд…
Пас, ту њам чунин бикун, гуфтамаш ва боз њарфњои тасаллобахши дигар ироа доштам, то каме ором гашта андаке аз андешањои махшуш рањої ёбад.
Ваќте аз бемористон бурун шудам, рањорањ дар бораи дугонаам, бонувони њамроњаш, ки дар чашмони њар кадоме њузну навмедї лона доштанд, меандешидам. Ба хулоса омадам, ки мани рўзноманигор бояд дар ин бора бо мутахассисон суњбат биороям. Шояд, роњи њалле бошад, то шуъбаи мамалогиро аз «онкология» берун кунанд, то бонуњои бемор тавонанд бе тарсу ҳарос беморињои ѓадудњои ширашонро табобат кунанд.
Нахуст маќола ва рисолањои дар ин мавзўъ нашршударо пайдо намудам. Ваќте ба назди Дилором омадам, аллакай дар ин боб маълумот доштам. Гоњо Дилором бо шўхї мегуфт: «Робия, ту аз баъзе духтурони мо зиёдтар дар бораи ин беморї медонї».
Баъди хондану тарљума кардани ин матлаб дидам, ки рўњияи занњои бемор дигар гашт. Акнун онњо бовар доштанд, ки дардашон бедаво нест, шифо меёбанд ва њатто гаштаю баргашта арзи сипос менамуданд, ки ба онњо умеди зиндагї бахшидам.
Ба Дилором њам андешаамро оид ба берун кардани шуъбаи мамалогия аз онкология гуфтам. Ў низ ин фикрро љонибдорї намуд.
Дар ин бора бо директори Маркази саратоншиносї Зафар Њусейнзода суњбат доштам. Ба ў гуфтам, як тасаввур кунед, зани синнаш аз 40 - гузаштаро меоранд. Ташхис нишон медињад, ки ў мубталои саратон аст, дигар тамом. Осмон ба сараш фурў меафтад. Зеро, ба андешаи ў, саратон бемории бедавост…
Директор гуфт, ки барои ин имкону шароит надорем…
Њарфам нахуст аз Дилором буд, оре Дилором аз бењтарин мутахассисони ин соња аст ва борњо ба мамлакатњои хориљї низ пайи омўзишу таљриба рафтааст. Имрўз яке аз бењтарин табибони ин марказ байни мардум эњтирому мањбубият пайдо намудааст.
Ба андешаи табиб бояд занњо њар сол ё аќаллан дар 2 сол як маротиба аз муоинаи духтурони мамалогия бигзаранд, аммо, мутаассифона, бонувон ин корро намекунанд.
Баъди њарфњои Дилором ёдам омад, ки ду сол пеш тобистон ба Ќазоќистон рафта будам ва дар он љо шоњид гаштам, ки дар рўзњои муайян занњо аз ташхис мегузаштаанд. Масалан, рўзи душанбе занњои 25 – 30 - сола рўзи сешанбе 30 - 35 - сола ва њамин хел то 50 - 60 - сола њар сол аз ташхис мегузаштаанд.
Фурсате расидааст, ки дар Тољикистон ҳам ин таљриба ба роњ монда шавад.
Ин мушкил танњо мушкили табибону беморон нест.
Зеро ин љо таќдири зани тољик, модари тољик њал мешавад.
Дилором боре њам дар бораи худаш њарф намезанад, худашро таъриф намекунад. Њамеша ба табобат банд асту пушти дараш занњои зиёде дар навбатанд. Мехоњанд, ки мањз Дилором онњоро муоина намояд. Худи њамин далели он аст, ки ў табиби дардошност ва њамеша дар андешаи он аст, ки беморе аз наздаш ноумед наравад…
Дугонаам, ки аз зиндагї дасту дил шикаста буд, шифо ёфт. Ў аз зумраи занонест, ки њамеша њарфи миннатдорї дар лаб доранд ва аз табиби њозиќ Дилором сипосгузоранд.
Чанде ќабл Дилором Сатторова рисолаи докториашро њимоя кард, ки муборак бошад!
Робияи Холмирзо