01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАВГОНИҲОИ ТИБ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

09 201951Бунёду мавриди истифода қарор гирифтани маркази вилоятии бемориҳои дил ва маркази солимгардонии модару кӯдак дар шаҳри Кӯлоб аз муҳимтарин пружаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ мегарданд, ки ба беҳбуди вазъи хизматрасонии тиббии сокинони ин шаҳри бостонӣ нигаронда шудаанд.

- Фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қабулу ба табобат фаро гирифтани беморони қалб ва гузарондани амалиётҳои ҷарроҳии дилу рагҳои хунгузар дар маркази шаҳри Кӯлоб идомаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди ҷомеаи солим мебошад,- изҳор медорад директори марказ Равшан Пӯлодов. - Маркази вилоятии бемориҳои дил дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд гардидааст. Қаблан ёрии аввалия ба беморони дил дар шуъбаи умумии қабули беморон гузаронда мешуд ва баъдан онҳоро барои табобат ба беморхонаи вилоятӣ мефиристодем. Акнун ёрии аввалияи тиббӣ ба беморони қалб ва ҳам табобати онҳо дар маркази навбунёд амалӣ карда мешаванд.

Бинобар таҳлилҳои оморӣ 3 ҳазору 732 нафар гирифтори бемориҳои қалб дар минтақаи Кӯлоб, аксар аз асари сактаи дил, фишорбаландӣ, лахташавии хун дар рагҳои хунгарди дил азият мекашад. Риоя накардани меъёри истеъмоли ғизо, камҳаракатӣ, асабоният, фаъолияти сусти торҳои асаб ва тағйирёбии иқлим аз сабабҳои пайдоиши ин бемориҳо ва афоиши онҳо, ба хусус дар миёни ҷавонон дониста мешавад. Ба андешаи табибони дилшинос барои пешгирӣ аз бемориҳои қалб ва дигар касалиҳое, ки аз таъсирҳои равонӣ машнаъ меёбанд, пеш аз ҳама, тибби равоншиносиро бояд ривоҷу равнақ дод. Зеро, одамон аслан аз тарсу ғам, ҳаяҷони барзиёд, ғаму ғуссаи беҳуда ва дигар эҳсосоти манфӣ стресс гирифта, оқибат мубталои иллатҳои қалбӣ ва дигар бемориҳои асаб мегарданд.

09 201939- Маркази навбунёди бемориҳои қалб дар шаҳри Кӯлоб бо муосиртарин таҷҳизоти ташхису дилдармонӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар ошёнаи дувуми ин бино шуъбаи ангеография амал мекунад, ки барои гузарондани амалиётҳои мураккаби рагҳои хунгарди дил имкон фароҳам месозад, - мегӯяд сардухтури марказ Равшан Пӯлодов.

Дар шуъбаи табобатии маркази вилоятии бемориҳои дил бо 60 кати хоб барои муоинаву муолиҷаи беморон беҳтарин табибони минтақа ҷалб мешаванд. Назокат Назарова аз зумраи парвардаҳои даврони истиқлол аст, ки тавассути Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, ба ҳайси духтури касалиҳои дил фаъолият дорад.

- Ифтитоҳи маркази вилоятии бемориҳои дил орзуи деринтизори табибони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буд, ки он дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид,- бо хушнудӣ изҳор медорад Назокат Назарова. – Фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ бо навтарин таҷҳизоти ташхису табобатӣ такони илҳомбахше дар фаъолияти илмии табибон ва саъю талоши бештари онҳо дар рушди минбаъдаи тибби тоҷик хоҳад буд.

- Мо аз зумраи бонувони хуштолеи Тоҷикистонем, ки ба шарофати бурсҳои президентӣ дар бонуфузтарин донишгоҳи кишвар таҳсил карда, инак, хизмати шоиста ба халқу Ватанро рисолати муқаддаси хеш мешуморем. Квотаҳои президентӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон на ба ҳама ҷавонони лаёқатманд муяссар мегардад. Аз ин рӯ, нафарони аз ин имтиёз бархӯрдор бояд бо саъю талоши дучанд илму дониш андӯхта, боварию эътимоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовор бошанд,- изҳор медорад Назокат Назарова.

Тибқи маълумоти маъмурияти беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Абдумаҷид Ҳақназаров, дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб чанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла маркази перинаталии модару кӯдак низ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Мақсад аз таъсиси муассисаи мазкур коҳиш додани зоиши хонагӣ ва пешгирӣ аз маргу мири модару кӯдакони навзод дар минтақаи Кӯлоб мебошад.

09 201946Маркази перинаталии модару кӯдак аз лиҳози таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ҷалби духтурони соҳибтаҷриба дар феҳристи қавитарин муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Давлаталӣ Атоев, сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров, маркази навбунёди тиббӣ аз шуъбаҳои таваллуд, бахши барқарорсозии солимии модару кӯдак ва шуъбаи табобатии барои кӯдакону наврасони то 18 - сола иборат буда, дар умум дорои 400 кати хоб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳусну симои шаҳри бостонии Кӯлоб ба куллӣ тағйир ёфта, дар радифи рушди инфрасохтори меъморӣ, ободу кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, фароҳам гардидани муҳиту шароити шоистаи зиндагӣ барои сокинон, ҳамчунин, садҳо иншооти хизматрасонии тиббӣ бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ба вижа, дар доираи барномаҳои самти рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб якчанд муассисаи тиббии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин овон мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳа тарбия ёфта, дар ҷодаи рушду пешрафти сиҳатии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

 

Ҷ. Усмон,
шаҳри Кӯлоб

 

Р.S. Тибқи маълумоти оморӣ алҳол муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб ба мутахассисони бемориҳои гурда, ғадудҳои даруна, духтури чашм, табибони эҳёгар ниёз доранд.

:.  Тандурустӣ 07.09.2019 06:13 1053

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz