01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚАЛБҲОРО НИГОҲ ДОРЕД…

 

Дар иртибот ба ин мавзӯъ дар Маркази ресурсии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку нишасти матбуотӣ доир гашт. Дар нишасти мазкур Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зикриё Раҳимов, кардиолог, Илҳомҷон Обидов, иҷрокунандаи директори Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва дигарон ширкат доштанд.

Сараввал дилпизишк, Зикриё Раҳимов дар бораи таъсири тамоку ва оқибатҳои он ибрози андеша намуда, афзуд:

- Фавт аз бемориҳои дилу рагҳо дар минтақаи шарқии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), ин ҷо дар назар аст кишварҳои Аврупои Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна нисбат ба қисмати ғарбии он тақрибан ду баробар зиёд мебошад ва маврид ба ёдоварист, ки дар байни мардон фавт зиёд ба қайд гирифта шудааст. Такя ба иттилооти аз тадқиқоти ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар соли 2016) бояд иқрор шуд, ки 25,7 фисади мардон ва 0,2 фисади занони пурсидашуда дар айни замон аз тамоку истифода мекунанд бахусус, нос. Тамоку ҳар сол сабаби ҳодисаи марг аз бемориҳои дилу рагҳо байни беш аз 2 миллион одамон мегардад. Мубориза бо тамокукашӣ метавонад дар кам кардани нишондоди фавт аз ин маризӣ боис гардад.

Ҳамчунин таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ҷаҳон 226 миллион истифодабарандагони тамоку зиндагии камбағалона доранд. Дар кишварҳое, ки сатҳи зиндагиашон паст аст, хоҷагиҳо барои тамоку бештар аз 10 фисади даромади хонаводаро сарф мекунанд ва барои харидани маҳсулоти озуқа, таҳсилоти фарзандон ва пардохти хизматҳои тиббӣ камтар маблағ мемонад.

- Дар ҷумҳурӣ марбут ба талаботи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани тамоку қатъиян манъ буда, аз роҳбарияти корхонаю муассисаҳо, хӯроки умум ва тарабхонаҳо талаб карда мешавад, ки дар дохили биноҳо навиштаҷоти огаҳсозиро дар мавриди зарари тамоку овезон кунанд. Инчунин, нос, калён ва сигарети электронӣ танзим шуда, ба намоиш гузоштани маҳсулоти тамоку дар нуқтаҳои фурӯш, рекламаи тамоку ва маблағгузорӣ ба он манъ шудааст, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Қутбия

 

:.  Тандурустӣ 01.06.2018 11:28 1470

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz