Айни замон, қисми ҳарбӣ аз лиҳози омодагии ҳайати шахсӣ ва муҷаҳҳази бо техникаи муосири ҳарбӣ пешрафта буда, ба хотири дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодагии ҳарбӣ сарбозону афсарони қисми мазкур ҳамарӯза омӯзиш мегузаронанд. Ҳамзамон, ин ҷо барои сарбозон муҳити маънавие фароҳам оварда шудааст, ки дар муносибат бо ҳамхизматон мисли додару бародар ғамхорӣ зоҳир мекунанд.
Гулнисо Абдураҳимова маҳз дар ҳамин муҳити созгори қӯшунҳои зудамали мустақар дар шаҳри Хоруғи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳайси сардори бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунад.
Гулнисо омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғро хатм намуда, барои идома додани таҳсил ба факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро супурда, соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ гардид. Донишгоҳро ҳам бомуваффақият хатм намуд ва фаъолиятро аз беморхонаи вилоятӣ оғоз кард. Тӯли 8 соли корӣ дар беморхонаи вилоятӣ таҷриба ва малакааш такмил ёфта, соҳиби эҳтироми атрофиён гашт. Оромтабиатию хушсуханӣ, чеҳракушодаву ҷиддӣ буданаш дар иҷрои вазифаи пуршарафи ҳамшираи шафқат, Гулнисоро байни корафтодагон шинохтаву маҳбуб гардонд. Роҳбарияти беморхона қобилияти хуби касбии мутахассиси ҷавонро ба назар гирифта, ӯро барои идомаи фаъолияташ ба яке аз шуъбаҳои ба истилоҳ «серташвиштарин», яъне ба шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ гузаронд. Гулнисо аз пизишкони кордидаю таҷрибаандӯхта, аз ҷумла, аз табиби ҳозиқ Файзмамад Мирзобеков нозукиҳои касбро меомӯхт ва душвории пешаи интихобкардааш барояш рӯз аз рӯз равшантар эҳсос мешуд. Ҳаводиси гуногунро ин ҷо медид. Рӯзе набуд, ки 5–6 беморони дар ҳолати махсусан вазнин, маргу беҳушӣ қарордошта, нафарони дучори садама ва дигар ҳолатҳои нохушро ба шуъба наоранд. Хешу ақрабои дар ҳолати асабонияту тарс қарордошта бо доду фарёд ва суханони ноҷо аз пизишкон ҷони пайвандонашонро талаб мекарданд. Гулнисо дар ин маврид сабру таҳаммул пеша мекард, бо сухани хуб ва маслиҳатҳои лозимаву саривақтӣ қалби эшонро таскин мебахшид. Хуллас, фаъолият дар ин шуъба барояш дарси мардонагиву иродаи қавӣ доштанро омӯхт…
Вақте барои ишғоли вазифаи сардори бунгоҳи тиббии қисми ҳарбӣ озмун эълон шуд, Гулнисо ҳам ҳуҷҷат пешниҳод карду хост дар он ширкат варзад. Мақсадаш танҳо дарёфти ҷои кор набуд, зеро то ин дам аллакай ҳамчун ҳамшираи хуб шинохта буду ҷои фаъолият ҳам дошт. Дарёфти баҳои воқеӣ ба саводу малакаи касбӣ, ин буд ҳадафаш.
Аз байни довталабони зиёд баргузида шудан ба ин вазифа ӯро барои идомаи фаъолият ба қисми ҳарбӣ овард. Инак, 10 сол мешавад рисолати касбиашро барои таъмини тансиҳативу офияти сарбозону афсарон тавъам сохтааст. То ин дам бо сабаби риоя нашудани интизоми ҳарбӣ ва хоҳиши ба даст овардани даромади иловагӣ, ки қатъиян манъ аст, пизишкони бунгоҳи тиббии қисми низомӣ зуд – зуд иваз мешуданд, вале Гулнисо ба маоши пешниҳодшуда қаноат карду одобу иффати занонаро ҳифз намуд.
- Сарбозон бароям чун фарзандонам азиз ҳастанд. Дар симои онҳо писаронам Лутфишо ва Ҷамшедро мебинам. Онҳо низ ба ман «модар» гӯён муроҷиат мекунанд, - иқрор меояд Гулнисо.
Тарғиби риояи тарзи ҳаёти солим ва амалисозии чораҳои пешгирии бемориҳо самти асосии фаъолияти пизишки бунгоҳи тиббӣ арзёбӣ мешавад. Аскарону афсароне, ки бо шикояте ба Гулнисо муроҷиат мекунанд, ҳатман мавриди табобат қарор гирифта, бо доруву дармон таъмин мешаванд. Дар фасли тобистон асосан шикоят аз бемории дарунравӣ зиёд аст, дар зимистони Бадахшон бошад сарбозон бо шамолхӯрии шадиди узвҳои нафаскашӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бо талабу тавсияи пизишки ҳозиқ Гулнисо Абдураҳимова дар қисми ҳарбӣ чораҳои назоратӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз зуҳури ин бемориҳо пурзӯр гардидаанд. Аз рӯйи мақоли «Рӯҳи солим дар тани солим» сарбозон дар ин мактаби мардонагӣ обутоби ҷисмонӣ мегиранд ва касбу ҳунар омӯхта, камол меёбанд.
- Вақте сарбозони нав ба хизмат меоянд, аз рӯзи аввал таҳти назорати ҷиддии бунгоҳи тиббии қисми ҳарбӣ қарор мегиранд. Бахусус, дар ҷараёни мутобиқшавӣ ба ҷой ва шароити нави зисти тарзи ҳарбӣ сарбозон ба дастгирии равонӣ ва маънавӣ ниёз доранд. Дар ин лаҳзаҳо хеле ҷиддӣ ва ғамхорона кумак мекунем, - мегӯяд Гулнисо.
Хонаводаҳои афсарон низ дар сурати пеш омадани зарурати тиббӣ ба Гулнисо муроҷиат мекунанд. Онҳо Гулнисоро чун ҳамдаму ҳамроз, маслиҳатгар ва як узви оилаи калони ҳарбӣ қабул кардаанд.
- Дар соҳаи ҳарбӣ кам сухан кардан, ҳадшинос будан, масъулият доштан, садоқат ба вазифаи ишғолкарда зоҳир намудан хеле муҳим аст. Агар яке аз ин талаботҳоро вайрон кардӣ, ҳама аз даст меравад. Эҳтироми самимии роҳбарияту сарбозон ба ман хушҳолӣ мебахшад. Ин исботи эътирофи арзанда заҳмат кашиданам дар радифи ҷавонони шуҷои Ватан барои ҳифзи марзу буми аҷдодист, - бо табассум қайд мекунад Гулнисо Абдураҳимова ва ашки шодӣ дар чашмонаш ҷило мекунанд…
М. Саид