02

Июл, 2025
Чоршанбе

02

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАВАЛЛУД ТАВАССУТИ ҶАРРОҲИИ КЕСАРЕВО

Дар асри шонздаҳ табиби дарбори шоҳи фаронса Людовики понздаҳ Амбруаз Паре бори аввал таваллуди кӯдакро тавассути ҷарроҳии кесаревао зани ҳомилаи зиндаро гузаронид. Аммо оқибати ин амалиёт ғолибан бо марг анҷом меёфт. Иштибоҳи Паре ва пайравонаш дар он буд, ки табибон баъди ҷарроҳӣ чоки бачадонро намедӯхтанд. Ҷарроҳӣ танҳо барои наҷот додани кӯдак истифода шуда, аз имкони раҳо додани мода аз чанголи марг табибон бехабар буданд. Танҳо дар асри 19 пешниҳод шуд, ки бачадонро ҳангоми ҷарроҳӣ бурида берун кунанд. Дар натиҷа фавт то 20-25 дар сад коҳиш хӯрд. Пас аз панҷ сол бачадонро бо усули кӯкзании сеқабата медӯхтанд. Ҳамин гуна марҳалаи нави таваллуд тавассути ҷароҳии кесарево оғоз ёфт. Онро на танҳо дар занони фавтида балки бо мақсади наҷот додани ҷони худи зан низ истифода мекарданд. Бо оғози замониКӯдакони ба воситаи ҷарроҳии кесарево ба дунё омадаро   хавфи гирифторӣ ба маризиҳои  нафастангӣ ва қанд бештар  таҳдид менамояд. антибиотикҳо миёнаҳои қарни 20-ум раванди ҷарроҳӣ беҳтар шуда, ҳодисаҳои фавт дар ҷараёни амалиёт хеле кам рух медод. Ҷарроҳии кесарево замоне сурат мегирад, ки ҳангоми таваллуди табиӣ мушкилӣ пеш ояд. Одатан ин ҷарроҳӣ ба шакли амудӣ сурат мегирад.

Пас аз ҷарроҳӣ мушоҳидаи шабонарӯзии ҳолати зан ба роҳ монда мешавад. Дар болои шикам қутии яхро ҷо дода моддаҳои карахткунанда мегузаронанд. Дар баъзе ҳолатҳо корбурди антибиотикҳоро низ тавсия мекунанд. Феълан табибон ба хулосае омадаанд, ки дар ҳоли қатъ гардидани хунравӣ сӯзандору задан дар шарён шарт нест. Табибон барои барқарор шудани саломатии модар риояи фосилаи байни тавалудро тавассути чарроҳии кесарево тавсия медиҳанд.

Аввалин таваллуд тавассути усули кесарево дар зани зинда соли 1610 аз ҷониби ҷарроҳ Траутманн аз Виттенберг гузаронида шуд, ки пас аз чор ҳафтаи амалиёти ҷарроҳӣ модар ба ҳалокат расид. Аммо марги модар ба амалиёти кесарево заррае рабт надошт. Дар қаламрави Россия таваллуд тавассути кесареворо соли 1976 ҷарроҳ И. Эразмус анҷом дод. Дар соли 2000 мексикоизан Инес Рамирес Перес танҳо ин амалиёти хатарнокро гузаронид.

Таҳияи Мадина

 

:.  Тандурустӣ 17.06.2016 11:32 2468

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz