01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АВВАЛИН БОНУИ ДАНДОНПИЗИШК

Пас аз омӯзиши курси дандонпизишкӣ Люси Хоббс дар Синтсиннати амалияи хусусии дандонпизишкиро ба роҳ монд. Пас аз он ӯ ба шаҳри Белвя ва Макрегор кӯч баста, се сол дар он ҷо умр ба сар бурд. Ниҳоят ӯ соли 1865 эътирофи касбиро ба даст оварда иҷоза гирифт, то дар ҷомеаи дандонпизишкии иёлоти Айова қабул гардад. Моҳи ноябри ҳамон сол ба Коллеҷи ҷарроҳии дандонпизишкӣ дохил шуда, бо ба итмом расонидани ин муассисаи таълимӣ дараҷаи докториро ба даст овард, ки дар ин ришта аввалин зан дар Амрико ба шумор меравад. Бо ба даст овардани ин унвон Люси Хоббс ба Чикаго кӯч баст. Дар ин шаҳр ӯ бо Ҷеймс Тейлор вохӯрд, ки соли 1867 онҳо бо ҳам издивоҷ намуданд. Пас аз хонадоршавӣ ин ҷуфт ба шаҳри Лоренси штати Канзас омада, то соли 1866 амали муштарак мегузаронданд. Ҳамон сол шавҳараш ба ҳалокат мерасад. Пас аз вафоти шавҳар ӯ аз давом додани фаъолияти дандонпизишкӣ даст кашида, ба сиёсат гаравид . Люси Тейлор барои ҳифзи хуқуқи занон баромад намуда ,то охири умраш ҳамчун шахсияти сиёсӣ боқӣ монд. 3-октябри соли 1910 Люси Хоббс дар 77 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Соли 1900 аз пайи Люси ҳазорҳо зан пайравӣ намуда, касби дандонпизишкиро, пазируфтанд. Аз соли 1983 Ассотсиатсияи занҳои дандонпизишки Амрико ҳамчун нишони эътирофи маҳорати касбии бонувон ва адои роҳи пешрафти занон дар сохаи дандонпизишкӣ Ҷоизаи Люси Хоббсро таъсис дода, беҳтарин мутахассисони ин соҳаро бо он сарфароз мегардонад.

 

Мадина 

 

:.  Тандурустӣ 23.05.2016 05:47 2043

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz