Дар сурати зиёд гуноҳ содир намуданаш айбдоро ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ба болохона равона мекард. Аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ кӯдаконашро дуруст тарбия накардааст. Барои рушди зеҳнии фарзандонаш падар омӯзгорони хусусиро киро мекард. Соли 1830 ҳангоми дар Бристол сар задани бетартибиҳо оилаи онҳо ба Амрико кӯч баст. Падари Элизабет дар доираҳои ислоҳотхоҳон фаъол шуд. Элизабет замони ба воя расиданаш аз бозори ғуломфурӯшӣ ва намоишҳои эътирозӣ бар зидди ин падида дидан менамуд, ки он рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ӯро такмил дод. Соли 1836 бо сабабҳои номаълум корхонаи шакаристеҳсолкунии онҳо ба сӯхтор рӯ ба рӯ шуд. Ба оилаи Блэкуэллҳо як сол лозим омад, то коргоҳро барқарор кунанд. Барои аз буҳрон берун шудан хизматгоронро рад намуда, соли 1838 ба мавзеъи Синтсинатии иёлоти Огайо омаданд. Яке аз сабабҳои ба ин ҷо кӯчиданашон таваҷҷуҳи Самуэл ба парвариши лаблабуи қанд ба ҳисоб мерафт. Пас аз се ҳафтаи сукунат дар ин ҷо 7-августи соли 1838 падари хонадон бар асари табларза даргузашт. Ӯ бар дӯши зан ва нӯҳ фарзандаш қарзи гаронеро боқӣ монд. Эҳтиёҷоти молиявӣ Анна, Марян ва Элизабетро маҷбур кард, ки мактаби «The Cincinnati English and French Academy for Young Ladies»-ро кушоянд. Он махсусан иноватсионӣ набуда, барои хоҳарон манбаи даромад ба шумор мерафт. Таҳти таъсири хоҳараш Анна Элизабетт моҳи декабри соли 1838 аъзои фаъоли калисои Епископал шуд. Ҷомеаи консервативии маҳаллӣ иқдоми мактабкушоии онҳоро хуш истиқбол накард. Дар натиҷа академия бештари донишҷӯёнро аз даст дод. Блэкуэлл маҷбур шуд, ки дарсҳои хусусӣ бидиҳад. Боздиди Уилям Генри Ченнинг дар вуҷуди Элизабет рағбатҳои навро дар соҳаи маориф ва ислоҳот ба вуҷуд овард. Ӯ зеҳни худшиносиашро такмил дода, омӯзиши санъатро шурӯъ намуда, дар омӯзишу маърӯзахониҳои гуногун ширкат мекард. Соли 1840-ум оид ба ҳуқуқи занон ба таври хаттӣ ибрози ақидаю афкор менамуд.
Таҳсил
Шавқу мақсади табибиро дар дили Элизабет марги дӯсташ, ки бар асари бемории дардовар фавтид бедор кард. Ба иқрори рафиқи маризаш зани табиб ба ҷараёни табобат бештар таъсири нек хоҳад дошт. Худи Элизабетт ба он ақида буд, ки аз сабаби эҳсоси модаронааш зан метавонад, духтури хуб шавад. Сараввал аз сабаби оне ки аз бадан нафрат дошт, наметавонист ба китобҳои тиббӣ назар афканад. Падидаи дигаре, ки қарори ӯро иваз намуд, ин аз ҷониби зан анҷом додани исқоти ҳамл ба шумор мерафт. Қарори Эзизабетт оид ба омӯхтани тиб, қатъӣ буду, як нафар коҳине, ки худ пештар ба амали дорую дармон гаравиш дошт, дастгирӣ намуд. Барои ба даст овардани маблағ ӯ таълим додани мусиқиро оғоз намуд. Соли 1847 Элизабетт Чарлстонро тарк намуда, пеши худ мақсад гузошт, ки ба кадом як мактаби тиббии Филаделфия, бо эътино ба ҳикмати «Қудрат бар тавоноӣ» ҳуҷҷатҳояшро супорад. Бештари табибон ба ӯ тавсия медоданд, ки барои таҳсил озими Париж гардад ё либоси мардона бипӯшад. Элизабет ба дувоздаҳ мактаби махсус муроҷиат намуд. Ниҳоят моҳи октябри соли 1847 ӯро ба коллеҷи тибии шаҳри Женева қабул намуданд. Ин ҳолат тасодуфан ба вуқӯъ пайваст. Декан шахсан қарор қабул карданро рад карда, масъаларо ба овоздиҳии 150 нафар донишҷӯ вогузор намуд. Роҳбари муассисаи тиббӣ изҳор дошт, ки дар сурати нарасидани як овоз ҳам ин масъала аз байн бардошта мешавад. Муҳассилин фикр мекарданд, ки ин шӯхӣ аст ва ҳама барояш овоз доданд. Элизабетт ба гурӯҳ таъсири қавӣ расонид, ки дигар, мисле ки пеш буд, дар толори ба гоҳи машғулият шӯру мағал мушоҳида намешуд. 23 январи соли 1849 Элизабет Блэкуэлл аввалин зане дар ИМА дониста шуд, ки дараҷаи докториро ба даст овард. Рисолаи илмии Элизабет ба маризии табларза марбут буд. Ӯ онро дар заминаи тадқиқотии клиникии худаш навишта кард. Блэкуэлл барои муккамал намудани донишаш ба Британияи Кабир, шаҳри Париж ва як қатор кишварҳои Аврупо сафар намуда, аз беморхонаҳои он ҷо таҷриба андӯхт. Соли 1874 Блэкуэлл дар ҳамдастӣ бо Сафия Ҷекс Блейк мактаби тиббиро барои занон дар Лондон ифтитоҳ намуд. Элизабет давоми умраш боре ҳам издивоҷ накарда бошад ҳам, аммо соли 1857 бо ёрии хоҳаронаш, ки аз илми тиб бохабар буданд, дар шаҳри Ню-Йорк бемористонеро барои занону кӯдакон аз оилаҳои камбизоат махсус гардонда, ба хидмати тиббӣ пардохт.
Мадина