02

Июл, 2025
Чоршанбе

02

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӢ ТАЪСИС ЁФТ

Чанде пеш Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳадафи асосии таъсиси чунин як марказ рушди соҳаи тиббию генетикӣ дар кишвар, дуруст истифода бурдани захираҳои моддӣ, таъмин намудани ҳамаи заминаҳои кӯмаки тиббию генетикӣ, аз ҷумла машваратдиҳии тиббию генетикӣ, скринанги неонаталии баъзе бемориҳои ирсӣ, ташхиси то таваллудии бемориҳои ирсӣ бо истифодаи усулҳои муосир, паст намудани сатҳи фавти кӯдакони синни то 1 сола ва пешгирии маъюбшавии кӯдакон маънидод мешавад.

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ муассисаи махсусгардонидашудаи кӯмаки тиббӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини чорабиниҳои ошкоркунӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ирсию модарзодӣ, паст намудани бемориҳои кӯдаконаи бо онҳо асоснокшуда, фавт ва маъюбшавӣ пешбинӣ шудааст. Мақсади асосӣ аз ташкили марказ пешгирии иллатҳои модарзодию ирсӣ бо роҳи ташкилу гузаронидани машваратдиҳии тиббию генетикии ретро ва проспективӣ, ташхиси пренаталӣ, ташхиси қабликлиникии навзодони гирифтори бемориҳои ирсӣ, барои муолиҷа фиристодани беморон ва назорати диспансерии оилаҳои мубталои иллатҳои ирсӣ мебошад.

Марказ  зинаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ (вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ)–ро фаро гирифта, расонидани кӯмаки махсусгардондашудаи тиббиро ба ҷойи зисти доираи вобасташудаи аҳолӣ ҳаддалимкон наздик мекунад.

Машваратдиҳии тиббию генетикии оилаҳо ва беморони мубталои иллатҳои ирсӣ ва модарзодӣ бо истифодаи таҳлили генеалогӣ, усули синдромологӣ, усулҳои ситогенетикии тадқиқот ҳангоми аниқ намудани ташхис ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, скрининги пренаталии ҳомиладорон оид ба паҳншавии бемориҳои хромосомӣ ва нуқсонҳои модарзодии инкишофи системаи асаб дар асоси тадқиқоти ултрасадоӣ ва баҳодиҳии нишонаҳои зардобии модарӣ, инчунин ташхиси пренаталию ситогенетикии бемориҳои хромосомӣ дар гурӯҳи хатар. Оилаҳо ва беморони гирифтори иллатҳои мураккаб дар минтақаи зист ба қайд гирифта шуда, ба марказ барои аниқ намудани ташхис ва машваратдиҳии генетикӣ фиристода мешаванд.

Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ бо навтарин дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисони он дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Молдова давраи омӯзиширо гузаштанд.

Гуфта мешавад, ки бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосир аз ин пас масъалаҳои мубраму баҳсбарангези муайян намудани падарӣ (ташхиси ДНК), безурётии мардон, муайян намудани маъюбии тифли оянда дар давраи аввали ҳомиладорӣ ва бисёр нуқсонҳои дигарро дар дохили кишвар метавон муайян намуд.

 

Гулноз

:.  Тандурустӣ 28.01.2016 09:15 2370

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz