01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПИЗИШКЁРОНИ ОЯНДА ДАР ОЗМУНИ ЗАБОНДОНӢ ДАСТБОЛО ШУДАНД

Донишҷӯи курси аввали  бахши момодоягӣ Маҳфуза  Рустамова миёни 38 нафар иштироккунандагони озмун бо навиштани иншои пурмуҳтаво  дар мавзуи  «Зинда бош, Тоҷикистони озоди ман» ва додани посухҳои  дақиқу мукаммал ба дарёфти баландтарин хол шарафёб гардид. 

Ҳамчунин дар бахши забони русии озмуни мазкур донишҷӯйи соли аввали шуъбаи ҳамшираи шафқат  Сарвиноз Ваҳҳобова бо навиштани нақли хаттӣ миёни 43 нафар иштироккунанда ба дарёфти ҷойи савум ва Ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид.

Ҳамон тавре директори Коллеҷи тиббии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров  Рустамҷон Саидикромов ба «БонувониТоҷикистон» иброз дошт, дар чаҳор шуъбаи муассисаи мазкур  дар баробари фанҳои ихтисосӣ аҳамияти хосае ба забономӯзии донишҷӯён дода мешавад, зеро бе  донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳаматарафа азхуд кардани барномаҳои таълимӣ ғайиримкон аст.

– Бахусус, барои онҳое, ки оянда пизишкёр  ё дорушинос шуданианд, омӯхтани забони давлатӣ  басо муҳим аст,– таъкид дошт  Рустамҷон Саидикромов. – Зеро илова бар муоширати озод бо корафтодагон, тамоми коргузорӣ ва дорухатҳо бо ин забон навишта мешаванд. Донистани забони русӣ  чун забони муоширати байни халқҳои сокини Тоҷикистон ва сарчашмаи донишҳои иловагӣ аҳамияти бузург  дорад.

:.  Тандурустӣ 27.05.2015 04:31 2886

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz