01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ВА САЛОМАТӢ

Имрӯз раванди «телефонизатсия», ё худ иртибот тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) чунон босуръат аст, ки баъзан аз навовариҳои соҳа бехабар мемонем. Ҳадаф аз баррасии ин мавзуъ таҳаввулоти техникӣ дар самти рушди шабакаи ҷаҳонии алоқа нест. Ин паҳлӯи масъала, яъне рушд ба манфиати инсоният аст, аммо ҳар як ихтироъ, ҳар як навгонӣ ду паҳлӯ дорад.  Яке ба суду дигаре бар зиёнашон.

Олимон,мутахассисони соҳоти гуногун баробари корбурди технологияи навин ҷанбаҳои мухталифи онро ба руҳу равони одамон, вазъи саломатӣ ва амнияти арзишҳои сиёсӣ ва миллии ҷомеа мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Чанд соли охир атрофи истифодаи телефонҳои мобилӣ пажӯҳишҳои мухталиф анҷом пазируфтанд ва ин раванд  боз идома дорад. Дар натиҷа аксар ба як далел муъдамад гаштаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ба инсон зарар ҳам мерасонад.

                              

  Телефон ва кӯдакон

 Олимони физик ин даъворо бо овардани далелҳои илмӣ муътамад меҳисобанд, яъне технологияи алоқавии муосири мобилӣ, ки дар асоси фаъол будани нурҳои  ултрабунафшӣ ва дигар унсурҳои фаъоли физикӣ кор мекунанд, ҳатман ҳангоми истифодаашон ба узвҳои шунавоӣ, асаб, дил ва ғайра таъсири худро хоҳанд расонд. Ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ низоми муқаррарии фаъолияти узвҳои инсон халал меёбанд. Ин гуна таъсири манфӣ ба кӯдакону наврасон бештар мерасад. Ҳатто табибони бавлияшинос ( урологҳо) мегӯянд, ки аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ бештар ба писарбачаҳо зарар дорад ва хатари безурёд кардани онҳоро зиёд мекунад. Албата ин андешаҳо дар заминаи пажуҳишҳои ҷиддӣ пайдо шудаанд. Аз ин рӯ таъкид ба волидон муҳим аст, ки баробари ба фарзандон харидани телефонҳои мобилӣ реҷаи истифода ва меъёри муоширатро пайваста назорат кунанд.

                            

   Телефон ва занон

Аз натиҷаи пажуҳиш ва мушоҳидаи олимони соҳа бармеояд, ки истифодаи пайвастаи телефони мобилӣ ба занон ҳам таъсири бад мерасонад. Ин даъво аз он нигоҳ аст, ки бунияи занҳо дар қиёс бо мардҳо заифтар буда, тезтар дучори таъсирҳои бад буда метавонад. Вақте  нобаҳангом гирифтори дарди гӯш, дарди сар, номураттабии кори дил ва ё харобшавии асабҳо мешавем, сабабҳояшро меҷӯем. Ташхису тавсияҳои табибонро мегузарем ва умед ба шифоёбӣ мекунем, аммо ба гӯшаи хаёламон ҳам намеояд, ки дар бисёр маврид сабаби пайдо шудани иллати узвҳои бадан телефони мобилӣ аст. Ҳангоми табобат ва ё истироҳати тавсияшуда боз бештар аз телефони мобилӣ истифода мебарем. Пас аз қабули доруворӣ ва дигар тавсияҳои духтурон гӯиё  табобат меёбем, аммо муваққатан. Бо гузашти муддате  боз ҳамон ноҷӯриҳо пайдо мешаванду санги маломатро ба сари духтурону доруҳои фармудаашон мерезем. Бехабар аз он, ки табобату шифоёбӣ дар дасти худамон аст. Табибон ва мутахассисон  истифодаи зиёди телефони мобилиро бахусус барои занони ҳомила тавсия намедиҳанд. Мутобиқи ташхису мушоҳидаҳои эшон телефонҳои мобилӣ ба занони ҳомила зарари ҷиддӣ дорад. Вақте як зани ҳомила соатҳо дар хона тариқи телефони мобилӣ бо наздикон, дугонаҳо ва дигарон сӯҳбат мекунад, тифли батнаш осеби ҷиддӣ мебинад. Ҷараёни инкишофи ҷанин дар батни зан суст мегардад ва эҳтимолияти гирифтории тифл ба бемориҳои  гуногун зиёд мешавад. Ба андешаи мутахассисон телефони мобилӣ пеш аз ҳама ба узвҳои асосии тифл: дил, асаб, гурда, чашм ва гӯш таъсири бад мерасонад. Ҳолатҳои дар реҷаи фаъол мондани телефон ва бо худ гирифта хоб кардани он (дар ҷайби халатҳо,пижамаҳо ва ғайра) миёни занҳо зиёд  мушоҳида мешавад, ки ин ҳам хатари носолим сохтани организмро зиёд мекунад. Тариқи телефони мобилӣ гӯш кардани мусиқӣ, истифодаи шабакаи интернет, тамошои роликҳо ва ғайра имрӯз хеле маъмул гаштааст ва ин  шояд бад нест, аммо  ба «анъанаи мудерн» табдил ёфтанаш хатарнок аст. Зеро ҷомеа аллакай ба паёмадҳои нохуши он рӯ ба рӯ шуда истодааст.

                   

Зарари телефон бо буҷети оила ва насли оянда

Боз ҳам хатарноктар аст, агар мо ба кӯдакон телефонҳои мобилиро дастрас мекунем ва ҳатто имкони вақти зиёд аз он истифода бурданро фароҳам меорем. Баъзан ё хеле зиёд кудакон телефони мобилӣ дар бари гӯш бо падар ё холаю амма ва ё бародару  дигар ақрабо  тӯлонӣ гап мезананд ва мо монеи ин рафтори онҳо намешавем. Баръакс,  модарон ва падарон маҷбурашон мекунанд, ки бо телефон бо ин ё он шахси наздикашон  суҳбат кунанд. Ин ҷо фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ пеши рӯ меояд, ки то кадом андоза  аз он бархурдор ҳастем. Хатари дигаре, ки мо аз он сарфи назар мекунем, ин танзими буҷети оила аст, яъне масъалаи моддӣ. Хоҳу нохоҳ вақте  барои ҳама фарзандон телефон мехарем, масъалаи пардохти  маблағи хизматрасониҳояш ва истифодаи шабакаи интернет ба миён меояд. Моҳе чунон маблағе сарф мекунем, ки ҳоҷат ба баёнаш нест. Пас, ин паҳлӯи масъала ҳам нигаронкунанда аст ва фарҳанги вижаи истифодаи телефонро тақозо мекунад. Танзими ин мушкил ба зимаи волидон вогузор аст. Ва агар мехохем, ки аз бемориҳо ва хароҷоти барзиёд эмин бошем, низоми зарурии истифодаи телефони мобилӣ бояд риоя шавад.  

 

Р. Камол

:.  Тандурустӣ 15.11.2013 07:29 5578

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz