01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПАЙМОНИ ЗИНДАГӢ

            Чунин нафарон дар рӯзгор ва дар ватани мо низ пайдо мешаванд. Мавҷуда Фатҳуллоева – табиби машҳур аз зумраи афродест, ки амалро дар зиндагии худ ба ҳар орзуву армон тарҷеҳ медиҳанд. Як омили бе интиҳо будани қиссаи ӯ агар устуворӣ, камолоти умр, зебоӣ, шараф ва даста-даста арзишҳои инсониаш бошад, омили дигар ва устувортар ин кору пайкору амалу иқдомотест, ки Мавҷуда то кунун ба анҷом расонидааст.

            Беҳтар аст шахсияти ӯро аз забони худаш тасвир созем ва ӯ моро ба зиндагии пурмавҷи “Мавҷуда” раҳнамоӣ кунад:        

Мавҷуда Фатҳуллоева
          – Намедонам барои хонанда донистани кадом қисмате аз зиндагиам шавқовар хоҳад буд. Дар тӯли ҳаётам ҳаводис ва воқеаҳои гуфтаниву шунидании зиёдеро аз сар гузаронидаам, ки мояи ибрат ва омӯзиши беподоше ҳастанд. Аз он ҷо ки дар хонаводаи табиб ба дунё омадаам (шодравон падарам Мирбақо Фатҳуллоев, ҷарроҳи дараҷаи олӣ, бо собиқаи кории духтурии 52 сола; аз 5 фарзанд - 4 нафарамон идомадиҳандаи касби ӯ ҳастем), биноан аз табиб шуданам пушаймон нестам. Зеро, агар ҳамчун табиб садҳо нафарро ташхис кардаву табобат намуда бошам, дар ин миён имкон пайдо кардам, ки забон омӯзаму ҷаҳондида шавам. Забонҳои арабиву англисиву русиву ӯзбекиро омӯхтам. Даҳҳо кишвари дунёро дидам. Бо мардумони зиёд ва гуногуне дӯстӣ пайдо кардам...

            Соли 1977 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шомил шудам. Соли 1985 ҳамроҳи шавҳарам ба шаҳри Тошканд рафтем. Як муддат дар ин шаҳр зиндагӣ кардем. Рӯзе ҳангоми муоинаи тиббӣ иттифоқе уфтод, ки ҷаҳони дигаре ба рӯи ман боз шуд. Зани ҳомилаеро, ки рӯзҳои таваллудаш фаро мерасид, муоина мекардам. Аз қазо тифл дар батни ин зан на ба дарозӣ, балки ба паҳлу хобида буд. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки ҳолати ин зан ҷиддӣ асту беҳтараш ба табиби таҷрибадор муроҷиат кунанд, онҳо исрор менамуданд, ки маҳз ман доягиашро ба дӯш бигирам.

             Ӯ дар наздиктарин фурсат ба Маскав рафта, аз ташхиси тиббӣ гузашт. Маълум шуд, ки дар Тошканд аллакай аз пайдоиши ташхиси фаросавтӣ (УЗИ) огаҳӣ доштаанд.

            Чанд рӯз баъд аксеро ба дастам доданд, ки дар он ҳамаи ҷузъиёти тифли ба паҳлу хобида мушаххас буд: вазн, ҷинс, солимии узвҳо ва ғайра. Хулоса, бо кумаки тибби халқӣ тифлро аз ҳолати паҳлуӣ ба ҳолати рост овардем ва ҳамли муваффақонаеро анҷом додем.          

Мавҷуда Фатҳуллоева
          Аммо ман оромишро гум карда будам. Акси ташхис дар дастам, ҳеҷ бовар намеомад дастгоҳе ихтироъ шудааст, ки узвҳои даруниро ба ин дақиқият ташхис кунад. Ин ҳодиса тахмин моҳи марти соли 1986 буд. Рухсатӣ гирифтаму ба Маскав барои омӯхтани ин дастгоҳ рафтам. Он замон чунин дастгоҳи ташхис танҳо дар Маскав вуҷуд дошт. Баъд аз таҳсили 3 – моҳа, корбарии УЗИ-ро аз худ кардам. Чанде баъдтар ба шаҳри Тошканд низ дастгоҳи ташхис оварданд. Як муддат барои дар амал татбиқ кардани омӯхтаҳоям бо чунин дастгоҳ дар Тошканд кор кардам.

            Соли 1989 ба Тоҷикистон баргаштем ва як сол баъд Маркази ташхиси ҷумҳуриявӣ боз шуд. Ба маҳзи боз шудани ин марказ, Тоҷикистон севумин кишвари собиқ шӯравӣ гардид, ки дастгоҳҳои фаросавтиро соҳиб буд. Ва ман ягона мутахассисе будам, ки метавонистам бо чунин дастгоҳ кор кунам. Мутаносибан, Нурулло Шукуров, сардухтури Маркази ташхиси ҷумҳуриявӣ, маро ба ҳайси мудири шуъбаи фаросавтӣ таъйин кард. То соли 2004 дар ин мақом кор кардам.

            Дар ин муддат, дар назди шуъбаи фаросавтӣ 4 зершуъба таъсис додем. Ва дар маҷмуъ, дар шуъба ва зершуъбаҳо 16 навъи ташхис гузаронида мешуд. Вобаста ба ин барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ дастурамали таълимӣ навиштем.

            Чанд сол баъд дар Маркази ташхис кафедраи фаросавтӣ таъсис шуд, ки дар он ҷо донишҷӯён на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ барои омӯзиш меомаданд. Бо ифтихор гуфта метавонам, ки дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ шогирд дорам.

            Чун то он замон чунин дастгоҳе мавҷуд набуд, одамон ба ҳангоми шунидани додаҳои УЗИ ба ваҷд меомаданд ва тааҷҷубашон зиёд мегардид. Одамоне, ки ташхис мекардаму табобат мефармудам ба нишони сипос мегуфтанд: “Духтурҷон, аввал Худову баъд ҳамон дастгоҳ дарди маро дуруст ташхис кардаву Шумо табобати дуруст фармуда будед”.

            Чандин маротиба барои такмили дониш ба Русия, Эрон, Туркия ва Австралия сафар кардаву навгониҳои УЗИ-ро аз худ кардам.

            Ногуфта намонад, ки дар тӯли ин солҳо, дар баробари мудири шуъба будан, унвонҳои сармутахассиси Вазорати тандурустӣ, духтури дараҷаи олӣ ва ассистенти кафедраи донишгоҳи баъдидипломиро соҳиб шудам.

            Ба хотири дидорбинӣ бо наздиконам, соли 2004 ба хориҷа сафар кардам. Чанде аз ҳампешаҳоям, ки ба кишварҳои арабӣ сафар карда буданд, маро назди хеш хонданд ва бо исрори онҳо дар он ҷо мондам. Азбаски пизишкони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар кишварҳои арабӣ обурӯ ва мартабаи баланд доранд, мардуми он ҷо бо як ихлоси махсус ба ман муроҷиат мекарданд. Чун мефаҳмиданд, ки ба болои ин боз ман мусалмон ҳастам, эътиқодашон дучанд мегардид.

            То аввалҳои соли 2012 дар як қатор кишварҳои арабӣ ҳамчун духтур фаъолият кардам. Тайи ин муддат, гарчанде соле як ё ду маротиба ба хона меомадам, Тоҷикистонро хеле пазмон мешудам.

            Тӯли он солҳо ман бо ёди Тоҷикистон, бо хумори боду ҳаво ва обу нони кишвар зиндагӣ мекардам. Кунун баргаштаму Тоҷикистони азизамро боз ҳам ободтару зеботар дарёфтам. Иншооти нав, кӯчаҳои ороста, гулкориҳо... ҳамаи ин ба ман ҳаловат мебахшад.

            Таманноям ин аст, ки кишварам ба авҷи тараққиву саодат бирасад. Ба ин умед баргаштаам, ки дар пешрафту комгор шудани ҳамватанонам ба зиндагии босаодат ёрӣ расонам.

Ё. Ҳалимов

:.  Тандурустӣ 25.12.2012 07:23 2643

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz