01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҶАСОРАТИ ЗУЛХУМОР

          Вақте Зулхумор Холоваро мебинӣ, ки бо беморон суҳбат дораду онҳо бо умеду меҳр ба ӯ менигаранду сипос мегузоранд, аниқ мегардад, ки орзуҳои ин зан амалӣ гардидаанд ва дар зиндагӣ ба мақсад расидааст, вале ҳангоме бо ӯ ҳамсуҳбат мешавӣ, аён мегардад, ки Зулхумор ба ин зинаҳои зиндагӣ ба осонӣ нарасидааст.

            Зулхумор ХоловаОрзуи духтур шудан ва хилъати сафед ба бар карданро ӯ хеле барвақт, аз он рӯзе, ки модари маризашро ба беморхонаи шаҳри Исфара оварданд, дар дил мепарварид, аммо ба ин мақсад расидан барои Зулхумор осон набуд. Падараш розӣ намешуд, ки ӯ ба Душанбе рафта дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил намояд. Роҳи ягона пинҳонӣ ба таҳсил раф­тан буд, аммо андешаи падарро ранҷонидан, дар деҳа боиси гапу калоча шудан ва оқибат дохил нашудану ба деҳа баргаштан ӯро азият медод. Вақте ба хонаашон хостгорҳо омаданд ва гӯшаш бод гирифт, ки ба ҳамин наздикӣ ӯро ба шавҳар хоҳанд дод, дигар ҷои андеша боқӣ намонд. «Таваккал ба Худо!» карда, яке аз рӯзҳои аввали моҳи августи соли 1983 ин духтараки 17 сола аз деҳа фирор кард.

            Ӯ ҳанӯз вақте дар синфи ҳашт мехонд, баъди дарс дар корхонаи наздики хонаашон фаррошӣ мекард. Зулхумор маблағи захиранамудаашро роҳкиро карда ба Душанбе омад. Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳуҷҷат супурд.

            Як лаҳза ҳеҷ гоҳ аз хотири ӯ зудуда намегардад. Баъди се рӯзи гурехтанаш ба хона занг зад ва модараш гиря карду гуфт: «Падарат туро оқ мекунад, зеро тӯйро вайрон кардӣ ва фотиҳашикан шудӣ». Вале ӯ дигар ташвиш дошт: дар бораи имтиҳонҳои дохилшавӣ фикр мекард. Азми Зулхумор, ки қавӣ буд, муродаш ҳосил шуд.

            Баъди имтиҳонҳоро супурдану донишҷӯ шудан, дар ҳоле, ки дар дилаш шавқу шодӣ ва тарсу ларз омезиш дошт, ба деҳа баргашт. Аввалин шахсеро, ки дид, падараш буд.

            – Ҳа, афтидӣ?– бо тамасхур гуфт ӯ.

            – Не, дохил шудам, – бо ифтихор посух дод Зулхумор.

            Чеҳраи падар дар як лаҳза тағйир ёфт. Бо шодиву ифтихор дастонашро кушода гуфт:

            – Офарин духтарам, биё, оғӯшат кунам.

            Зулхумор ХоловаИн қуллаи аввалине буд, ки Зулхумор дар зиндагӣ фатҳ намуд. Ҳафт соли таҳсил дар донишгоҳ, аспирантура, таҷрибаомӯзӣ дар шаҳри Санкт – Петербург ва оқибат ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи бемории тарбод зинаҳои баъдӣ шуданд.

            Ҳоло Зулхумор Холова дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб фаъолият дорад ва омӯзгори кафедраи бемориҳои дарунӣ мебошад.

            Кораш хеле баравнақ аст. Шуғлаш ба ҷомеа манфиат меорад. Дар пешрафти кор аз устодаш профессор Сурайё Шукурова ва ҳамсари меҳрубонаш сипосгузор аст.

            Зулхумор Ӯктамовна барои табобати тарбод тавсияҳои мушаххас дорад. Ба андешаи ӯ, дар байни занон фарбеҳӣ, ташвишу изтироб ва руҳафтодагӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, ҳолатҳои климактерӣ, сари вақт муроҷиат накардан ба духтур, худсарона истеъмол намудани ҳар гуна дору метавонанд боиси пайдоиш ва авҷи ин беморӣ гарданд. Риоя накардани шароити беҳдошт низ аз дигар омилҳои хуруҷи бемории тарбод буда метавонад. Ба ақидаи ӯ, ҳоло ин беморӣ байни наврасон низ рӯ ба афзоиш дорад, ки сабаби асосияш беаҳамиятӣ мебошад. Дар муносибат бо табобат низ бояд боэҳтиёт шуд. Бояд ҳар бемориро мутахассиси он соҳа табобат намояд, аммо барои баъзе занҳо фарқ надорад, ки ту духтури кадом соҳаӣ. Хоҳиш мекунанд табобаташон намоӣ. Дар натиҷа беморӣ аз шакли шадид ба шакли музмин табдил меёбад ва табобати бемории мазкур ба ҷои як моҳ метавонад як умр тӯл кашад. Баъзе доруҳое ҳастанд, ки бояд бемор тамоми умр истеъмол намояд, вале «ба ҷонам зад» гуф­та, хӯрданашро бас мекунанд.

Барои пешгирӣ намудани ҳама гуна беморӣ бояд корҳои тарғиботӣ ва маърифати тиббии ҷомеаро баланд бардошт. Дар мактабу донишкадаҳо ва корхонаҳо корҳои тарғибу пешгирии бемориҳо бояд дар мадди аввал бошанд.

            Зулхумор Ӯктамовна таъкид менамояд, ки тарбод сари вақт табобат нашавад, шакли музмин гирифта, табобаташ мушкил ва дар баъзе мавридҳо ҳатто номумкин мегардад.

            Ӯ садҳо одамонро табобат кардааст, даҳҳо нафар аз вай миннатдоранд. «Бар падарат раҳмат», – мегӯянд ба Зулхумор. Падар ҳам кайҳо боз варо бахшид. Ҷасорате, ки Зулхумор дар 17-солагӣ нишон дод, дар тинаташ тақвият ёфт ва ӯро ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ҳидоят намуд.

Раҳимаи Аъзам

:.  Тандурустӣ 25.12.2012 05:41 3794

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz