АКРАМ ФАЙЗИЕВ, духтур, низ ба он бовар аст, ки таваллуд шудани писар ё духтар аз мардон вобастагӣ дорад. Ҳарчанд аз назари илми тиб ин далелро исбот кардан шарҳи зиёд металаб, аммо бо як ҷумла метавон чунин хулоса баровард, ки шароити иҷтимоии зиндагӣ ба нерӯмандии бештари мардон таъсири манфӣ расонидааст. Дар оила бори зиндагӣ асосан бар дӯши мардон аст. Аммо коҳиш ёфтани таваллуди писарро баъзе мутахассисон масъалаи ҷиддӣ намеҳисобанд. Ба гуфти ӮЛМАСОЙ РАҶАБОВА
, директори Маркази солимии репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа, нисбат ба афзоиши табиии таваллуди духтар назари дигар дорад. – Дар бадани инсон 23 ҷуфт хромосома вуҷуд дорад, ки аз инҳо ҳамагӣ 1 ҷуфт хромосомаи икс-игрик (Х-У) насли мардовар мавҷуд асту боқӣ 22 ҷуфт хромосомаи (Х-Х) ҷинси занофар мебошад. Аз ин рӯ, ин проблемаи танҳо ҷануби Хатлон набуда, мушкили тамоми дунёст, – мегӯяд ӯ.
мудири шӯъбаи таваллудхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар соли 2009-ум дар ин беморхона духтарҳо 90 нафар зиёдтар таваллуд шуданд. Соли 2011-ум бошад, ин нишондод ба 40 расид, ки нигаронкунанда нест. Аммо ГУЛШОДА ИМОМБЕРДИЕВА, табиби бемориҳои кӯдакона, мегӯяд, ки як сабаби афзоиши духтарон ин аст, ки ҷинси зан нисбат ба мард ба ҳамагуна бемориҳо тобовартар аст. Ҳатто аз ҳисоби тифлони норасид таваллудшуда ҳам, бештар ҷинси зан зинда мемонад. Дар шаҳри Сарбанд бошад, аз 689 тифли дар соли 2009-ум дар таваллудхонаи марказӣ ба дунё омада, 409 нафар писар мебошад. Бино ба иттилои ГУЛРӮ МАҲМУДОВА,
мудири шӯъбаи таваллудхонаи №1 –и шаҳри Сарбанд, соли 2011ва як моҳи аввали соли 2012 низ таваллуди ҷинси мард бештар ба қайд гирифта шудааст.
мудири шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Бохтар, бармаҳал хориҷ шудани оби бачадон ва як муддат бе об мондани тифли батни модар ба солимии модару кӯдак хатар дорад. Мо сабаби афзудани чунин иллатҳои ҳомиладоронро намефаҳмем. Бояд аз тарафи олимони тиб дар ин самт корҳои илмӣ бурда шаванд. Дар ҳамин ҳол Зебо Қамбарова, момодояи Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон, мегӯяд, ки пеш аз мӯҳлат ихроҷ шудани оби бачадон аз асари бардоштани бори вазнин ва ё таъсири ягон беморие рух медиҳад, ки сари вақт табобат нашудааст.
зимни як тадқиқоти тиббӣ дар ноҳияи Носири Хусрав ошкор шуд, ки дар ин ноҳия захми гарданаки бачадон байни занони қобили таваллуд зиёд шуда истодааст. Имрӯз барои пешгирӣ аз захми гарданаки бачадон, ки оқибат ба бемории саратон оварда мерасонад, як барномаи махсус амалӣ мешавад. Ин захм дар занон аз асари хунукӣ ва вирусҳои сироятӣ пайдо шуда, дар аввал дардовар нест. Аммо вақте ин захм тариқи хунравӣ аз худ дарак медиҳад, аллакай нишонаи бемории саратон дорад. Барои пешгирӣ аз ин беморӣ занони аз 35 сола боло мебояд соле як маротиба аз санҷиш гузаранд, Бино ба гуфти Ӯлмасой Раҷабова бемории эрозияи гарданаки бачадон аз вируси хломодиоз, ки дар таркиби тухму гӯшти мурғ зиёд аст, пайдо мешавад. Аз ин рӯ, зимни тайёр кардани ғизо тухму гӯшти мурғ бояд хуб пухта шавад. Ба фикри ӯ, муҳимтарин масоили ҳалталаб барои солимии модарон ва таваллуди насли солим ин риояи фосилаи байни таваллуд ва пешгирӣ аз таваллуди хонагӣ мебошад. 