– Мадинаи зебою ҷингиламӯйи мо аз ҳамон овони тифлӣ нозукаку камқуввату бемадор буд, – қисса мекунад падари хонадон Ҳусейн. – Зуд-зуд бемор мешуд. Духтурон мегуфтанд, ки вай ба бемории камғизоӣ ва камвитаминӣ гирифтор аст. Гӯё барояш калтсий намерасад. Мо мекӯшдием, ки ҳарчи ширину дилкаш бошад, ба вай пешкаш кунем. Вале ӯ пурхӯриро дӯст надошт. Хуш дошт бештар ба бозӣ. Вақте ҳафтсола буд, аз зина барафтод. Ба бемористон бурдем. Духтуре пойи рости ӯро гаҷ баст. Мадина муддати зиёде бистарӣ шуд. Вақте бастаро кушоданд, маълум гардид, ки табибон устухони пояшро рост накарда, гаҷбандӣ намудаанд. Ҳамин тавр як пойи Мадина дар қисмати соқ каҷ монд ва дар маҷмӯъ, пойи рост аз пойи чап ба андозаи 10 сантиметр кӯтоҳ шуд. Барҳам хӯрдани таносуби вазне, ки ба пойҳо мерасанд, оҳиста-оҳиста кори худро карданд. Сутунмӯҳраи Мадина низ андак каҷ гардид. 