01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КӮМАК БА МУЪТОДОНИ МАВОДИ МУХАДДИР

Дар ҳамин ҳол кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх изҳор дошт, ки ба  муътодони маводи мухаддар дар Бадахшон кӯмак мекунанд. Ин кӯмак ба хотири паст кардани оқибатҳои нашъамандӣ ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои гузаранда дар байни муътодон амалӣ мешавад,-изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ Массимо Барра, президенти комиссияи доимии  федератсияи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. Вай гуфт, ки онҳо дар ҷараёни боздид аз Тоҷикистон, аз ҷумла бо раиси ВМКБ ва масъулини маркази накологӣ дар Хоруғ мулоқот карданд ва дар ин гуфтугӯҳо масоили густариши  кӯмаки Кумитаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ба маркази муътодон дар вилоят баррасӣ шудааст.

Ба гуфти Массимо Барро  Маркази наркологии Хоруғ дар мавриди ҷилавгирӣ аз бемориҳои гузаранда дар байни муътодон  фаъолиятҳои дуруст ва мақсаднокро ба роҳ мондааст. Аммо он чиз нигарон мекунанд, ки аз миқдори зиёди муътодони мухаддарот айни ҳол фақат 15 нафар ба навъи доруи ивазкунандаи мухаддарот бо номи метадон дастрасӣ доранд. Вай гуфт, ки Кумита барои бо  усули табобати метадон фаро гирифтани нашъамандони ашадӣ кӯмаки бештареро дар ихтиёри Маркази наркологӣ мегузорад.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин Фабио Патруно оид ба фаъолияти як Маркази табобатии наркологӣ дар Италия, ки дар он ҷо  бо усули метадон муътодони мухаддаротро муолиҷа мекунанд, нақл карда, гуфт, ки  ин марказ бо ташаббуси якчанд нафар ба фаъолият шуруъ карда, айни ҳол ба яке аз марказҳои намунавии табобати дар ҷаҳон табдил шуда, бештар аз 100 нафар мутахассис дар он ҷо кор мекунанд.

Роҳбари комиссия  дар хати аввали марз  бо Ағонистон қарор доштани Бадахшонро сабаби асосии  густариши нашъмандӣ дар минтақа мешуморад.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар вилоят бештар аз 800 муътодони мухаддарот ба қайд гирифта шуданд.                                  
:.  Тандурустӣ 22.09.2011 10:59 2408

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz