Ҳар шахс, чи марду чи зан, чи хурду бузург, дар ин ё он гӯшаи диёр, маъвогаҳе дорад. Ҳангоми аз як макон ба нишонии дигар сафар кардан, меандешад, ки дар манзили кадоме аз азизони дил ҳузур ёбад. Нафароне, ки модари меҳрубону падари ғамхор болои сарашонанд, аввалтар аз ҳама ба побӯси онҳо мешитобанд, зеро онҳо аз азизонанд. Хуш ба ҳолашон. Баъдан, дидани фарзандони падарро ба дил мегиранд. Хушбахтона, хонаводаи мардумони кӯҳистони баланди баланд аз 5 – 6 то 10 – 12 фарзанд иборат аст.Ҳар яке аз хоҳарону бародарон ба худ мақому манзалати хешро дороянд. Ва он азиз ба дил манзили яке ро таҳти назар мегирад. Чун дар як русто аҳли зиёди хешу табор бошаду вақт танг, дар ин маврид, қабл аз ҳама, ба зиёрати нафаре муътабар роҳ мегирад. Агар дар он шаҳр ва ё русто наздикон сукунат надошта бошанд, дар фикри ҳамсабақон ва ё ҳамхизматҳо (агар шарафманд бошанд) мешаванд. Аммо, аз ин боис ҳам озурда нахоҳанд гашт, зеро ҳар як раҳгузарро дар дилхоҳ манзили хонаводаи кӯҳистони тоҷик ба дида мебардоранд…
Паҳлуи дигари масъала низ аҳамият дорад. Чи худиву чи бегона, куҷое раванд, манзилеро мепазиранд, ки аз меҳрубонии соҳибхона роҳат бубинанд.Он ҷониб меҳмондӯст ва аз дидор бо меҳмон ва ё азизе хушаш ояд, вагарна ба он манзил касе пой намемонад. Ба андешаи манзили хуш ва маъвои дилкаш мешавад. Дар кӯҳистон мафҳуме роиҷ аст, фалонӣ марди «дастархондор». Дар чунин хонадон аз ташрифи меҳмоне, роҳакие, ошное хушҳол мегарданд. Дастархондорон, ба қавли кӯҳистониҳо, аз азизони Яздони поканд.
Тули 50 – 60 соли ахир аз бунаи авлоди Ҳайдарбойҳо чанд тан аз азизон ба ин унвон молик гаштаанд. Хушоянд аст, ки ин баҳоро аз забони дигарон борҳо шунидаем. Се тани аввалӣ аз бузургсолони қавм дар асри гузашта ба сар доштанд. Дар булукоти Кангурт солҳои 60 - 70-ум Нурхонраис (аз деҳаи Оби Ширин) ва бародари раис Маҳмадшариф аз рустои Найистон чунин унвон насибашон буд. Аҷиб, ки ҳар ду бародари шарафманд дар масофаи 1,5 км, бо аҳли хонавода, дар шафати роҳи мошингузар сукунат дошт. Дар деҳаи Алиҷон, 12 км болотар аз маркази ноҳияи Данғара, марди порсое мезист.Ҳавлӣ хонадони Алихони Бӯрихон барои худиву бегона маъвогаҳи дилкашеро мемонд. Дар шаҳраки Данғара ду манзили дилкаш арзи вуҷуд дорад, ки мегуфтӣ аввалтар аз ҳама ба ин макон бишитобам. Хонаи апаи Давлатой, духтарбузурги Алихони Бӯрихон, ки то соли 2016 даргоҳашон маъвои наздикону пайвандон ва азизони дил будааст. Аммо даргоҳе озода, хонадоне бобаракат, маъвое дилкаш, ба мисли ҳавлии холаи Хуросон, набераи озодамард Ҳайдарбойи Кангуртӣ кас кам дида.Аҷиб макони дилфарову дӯстдоштанӣ, ки назир надорад. Ин манзилу маконро холаи Хуросон бо меҳри модарона ҷило медод. Кунун он чор тан бо мо нестанд. Агар апаи Давлатой бо ҳазлу мутоиба ва чеҳраи кушоду хуш касро мафтун месохт, холаи Хуросон бо меҳри модарона, бо сабуриву кабирӣ ба дил маъво дошт. Симои ҷаззоб ва дилрабое, бо суҳбати дилнишин касро ба худ ҷалб мекард. Моми бузург аз зумраи бонувонест, ки ҳамсуҳбати хешро бо неруи ҷозибе чун оҳанрабо ба худ мекашид.Чи худиву чи бегона (ба маънии навошноҳо) дар як нишаст дигар аз модар дил канда наметавонист.Дар дастархондориву дастархонороӣ ва меҳрубонӣ ҳамто надошт. Холаи Хуросон тамоми ғизоҳои миллии тоҷиконаро бо санъати баланд омода месохт, ки лаззат мебурдед. Аз давраи таҳсил дар мактаб – интернати №1-и шаҳраки Данғара (аз синфи панҷумӣ) ҳамроҳи қиблагоҳ борҳо ба ҳавлии тағоии зиндаёд Абдулваҳҳоб рафтаем. Аз он рӯзҳо ҳуҷраҳову ҳавлии тозаву озодаи холаи Хуросон дар лавҳи хотир нақш бастааст. Аҷиб рафтор, хола болои кӯрпачаҳо суфи сафед мепартофт, мисли пойандоз. Инак, бо гузашти панҷ даҳсола, чунин тарзи озодапарастиро ками дар кам дучор омадаам. Дар халқ гапест, дил мекашад по меравад. Тули даҳ соли охир, аслан, маъвои дилкашеро чун ҳавлии ободони холаи Хуросон дар гӯшаи хаёл надоштам. Бо фурсате муносиб ва имкони шароиту вақт ба побӯси хола мешитофтем. Худо мегуфтем, ки мом дар манзилашон бошанд, зеро модар фарзандони хубу солеҳ ба камол расондаву ҳама имрӯз соҳиби хонаву дари ободон ҳастанд ва ҳам соҳиби обрӯву манзалат. Онҳо модарҷони худро сари даст мегардонданд. Ҳавлии хола саробӯстонеро мемонад. Ҷигарбанди мом Хайрулло тамоми шароитҳоро баҳраш муҳайё сохта. Долу дарахт, гулу гулбуттаҳои муаттар, навъҳои гуногуни рустаниҳо, бахусус арчаҳои сарсабз, тарҳи зебои ҳавлӣ дили ҳар бинандаро ба як дидан тасхир месозанд. Ин ҳамаро писари ғамгусораш барои модарҷонаш эъмор намуда. Ӯ худ тарроҳу меъмори ин манзилу макон, зебопараст асту ҳам муҳандисе варзида…ғ
Модар бо чанд рӯзи меҳмонӣ аз ин ё он гӯшаи диёр, ҳама дам сӯи ҳавлиаш ба парвоз меомад. Мегуфт, маро манзилу макони падарӣ роҳат мебахшад, танҳо дар ин ҳавлӣ меосоям. Воқеан ҳам, он маъвогаҳ бас дилфиреб аст. Бо ворид шудан ба ҳавлӣ, ба сохту тартиб ва ҳавои тозаву муаттари он дил мебандӣ. Бошишгоҳест бо кулли шароитҳои муосир…Ҳар бори ба побӯси холаи меҳмондӯсту дастархондор шарафёб гаштан, бо дидани чеҳраи нуронӣ, меҳри модаронаашон дилам гум мезад. Мани сағира бо диданашон лаҳзаяке меосудам. Мисле, ки модарҷони худро дида бошам. Ҷилои меҳрро мемонд холаи Хуросон. Аз суҳбату пандҳо, маслиҳату хулосабарорӣ ва меҳрубониҳояш лаззат мебурдам.Мисли донишманди варзидае фикр меронд. Ҳол он ки мом модарест одӣ аз кӯҳистони баланд. Модаре, ки фарзандонашро ба нӯги сӯзан, бо ҳунармандӣ парвардааст. Бо ҳидояту ёрмандии модар ҷигарбандон соҳиби маълумоти олӣ гаштаву дар ҷомеа мақому манзалати хешро дарёфтаанд. Шумораи набераву абераҳояш беҳисобанд. Онҳо низ, аллакай, мояи ифтихори мом ва волидони хеш гаштаанд. Модар чанде ба бистари беморӣ сар монд. Фарзандону набераҳо, пайвандону ошноҳои дуру наздик ба аёдат меомаданд. Моми бузург бо меҳр ба ҳар яке аз пайвандон дуои нек медод. Аз ҳамаи ҷигарбандон, хешовандону дӯстони фарзандонаш сипосгузор буд. Аз ғамхорӣ, меҳрубонии ҳар яке гиребон ғунча мекард. Аз хидмати фарзандон, бавижа аз ҷигарбанд, Хайруллои лахти ҷигари хеш мамнун буд. Маҳз ҳамин овон хешу ақрабо, пайвандон, намакпосдорон, дӯстону ҳамкорони иззатманди фарзандон, ҳаққу ҳамсояҳо сари қадам хабаргирии модар меомаданд. Модар аз хидмати ҷигарбандонаш, аз посдори манзилу макони падарӣ Маҳмадшарифи ғамгусор мамнун буд…
Холаи Хуросон аз зиндагии наздикон огаҳии хуб дошт. Касе аз доираи назар ва меҳри модар дур намемонд. Азизони дилу дида огаҳанд, ки солҳои охир муттакои ҷияни гунгашон Қузратулло, писари тағоии Алихон буд. Фитри рӯзаи ҳарсоларо ба деҳаи Алиҷон мефиристод. Дар иду арафаи ҷашнҳои тақвимӣ гунгро аз ёд намебаровард. Ва мудом маблағи муайянеро аз пасандози хеш ба дасти ҷияне ирсол намуда, ба таъкид мегуфт, ки бурда ба дасти Қузратулло медиҳед, то ягон камбуди хонаашро ислоҳ пазирад…
Моми бузург баъди ду моҳи беморӣ, соати 00-у 40 дақиқаи 8 январи соли 2020, ин ҷаҳонро падруд гуфт. Рӯзи хайрбод сараку роҳҳои шаҳраки Данғара моломоли мардум буд. Дӯстону ошноҳо, пайвандону ҳамватанон аз кулли шаҳру навоҳии кишвар баҳри тасаллияти фарзандони моми бузург меомаданду меомаданд. Он рӯз ҷумлагӣ дилҳазин буданд. Қузратуллои 63-сола, абераи Ҳайдарбойи Кангуртӣ, зори ба зор мегирист. Мани сағира, ки дар азо гиря карданро аҳ ёд нагирифтаам, он рӯз аз фавти моми бузург ва ҳоли зори Қузратулло дидаи пурнам доштам. Пайвандону ҷигарбандон, бунаи аҷдод ҳайрону саргардон зору низор мегиристанд. Холаи Хуросон барои азизони дил ҷилои меҳр буд. Аҷаб феъле дошт, касеро ба зинҳор фаромӯш намесохт ва мудом аз дур бошад ҳам, пурсон мегашт, суроғу пай мекард, ки фалонӣ куҷосту чӣ рӯзгоре ба сар дорад?…
Инак, доманаи чаҳор сол аст, ки аз меҳри моми бузург маҳрумем. Аммо худро таскин мебахшем, шукрона мегӯем, ки ин хонаи умеди хешовандон, ёру ошноҳои дуру наздик, боғу роғ, ҷигарбандону пайвандон, набераву абераҳояш нишоне аз модарбузурганд. Меҳраш, номи некаш дар қалбҳои мо маъво доранд.
Умар АЛИХОН