Бори нахуст ба Чоргули ривоятӣ, қасабае бо таърихи куҳан, ки дар водии Лахш доман густурда буд, соли 2003 сафар доштам. Водӣ дар бағали барфҳо фароғат мекард. Шохаву навдаҳои дарахтони урёни воҳаи паҳновари дар сафедӣ ғарқ, рӯдҳои лабонашон яхбаста ва сафедорони азими маркази шаҳрак бо қуллаҳои сафедпӯш ёдам мондаанд.
Аз пажӯҳишҳо огоҳ будам, ки водии пурвусъати аз аҳди куҳан тоҷикнишин таърихи ғанӣ дорад. Ҳини ковишҳо бостоншиносон гӯри ҳоким ё сарватмандеро пайдо намуданд, ки бо дороӣ ва симу зараш хобида буд. Пеши бараш бо афзори заркӯбии арзишманд ороста ва зарфҳои нафиси бо назокат гулпартофтаи бару паҳлуш ишора аз дасткориҳои асрҳои II – I то милод мекард. Бозёфти пурқимат афзори рӯзгор буд. Дар лаълии нуқрагин суроби бонуи зебо ҳак шуда, ки олимон ба Ардависура Аноҳита нисбаташ медоданд. Ба қавли доирае аз пажӯҳандагон, тасвири эзиди маю майгусорон Эрот ва Дионис низ бояд буда бошад, ки бунёди юнонӣ доранд. Ҳамин огоҳӣ мафтунам намуду ҳидоят барои сафари дубораи Чоргул, ки ба тобистони Душанбе ва оғози баҳори Лахш рост омад.
Манзараҳои дилфиреби дараҳо, бармолу камар ва домани кӯҳсорон нашъаи тоза мебахшиданд. Чашмасорони аз фарози кӯҳистон ҷорӣ галаи аспони сафеди дар давро мемонданд. Дилкашу дилрабо менамуданд гулу гиёҳи рустаи ду тарафи шаршараҳои мусаффо, ки машомро муаттар медоштанд.
Кафидани чашми рӯзро тундару чароғак мужда дод. Борони реза ба зебоӣ ва таровати анвои «гулҳои пиёда ва худрӯйи савора» афзуда буд. Табиати мавзеъ ғайримуқаррарист. Соате мебораду лаҳзае пас хуршед чеҳра менамояд. Он ҳамаро наметавон бо сухан тасвир кард. Кӯҳсорони сабздомон, дараҳои пурдолу дарахт, обҳои равон наворҳои афсонавиро мемонданд. Гардише, ки рӯдҳои Кабудоб ва Сурхоб ба ҳам меомезанд, ба ранге дилчаспу зебо менамуд, ки бузургтарин расcом дар тасвираш оҷиз хоҳад монд. Дар марзаи начандон паҳновари шарқии шаҳрак, дар баландӣ лолазори густурда матои сурхи якқаде буд, ки бонуи пурҳунари табиат эҷод кардааст. Алвонҷ дошту мавҷ мезад. Болотар аз макони омези рӯдҳо ду кӯҳ ба сони мӯйсафедони паҳлузада, гӯё суҳбат доранд. Рӯбарӯям сангнабиштаҳо – петроглифҳо аз даврони хеле куҳананд. Аз тасаввуру боварҳои аҷдод гувоҳанд, ки қадимияташ ба 5 – 6 ҳазор сол мерасад. Аммо арзишу омӯзишаш аз тарафи олимони ватанӣ анҷом нахӯрда.
Дар рӯйи хорасангҳои лаби рӯд мусаввири ибтидоӣ бабр, бузони кӯҳӣ ва ҷонварони мавҷудро дар ҳолати хобида, дав, омодагӣ ба шикор ва ҷамъу танҳо ҳаккокӣ кардаанд. Ду санги азиму суфтаи соҳилро, ту гӯӣ тасвиргарон ҳамчун сиёҳнавис ва тозанавис ба кор бурдаанд. Тасвирҳои рӯйи санги дуюм рӯшану зебо ва устокоронаанд.
Мувофиқи пажӯҳишҳо тасвирҳо маҳсули андешаи сакоиҳоанд, ки хеле барвақт маконро барои зист ихтиёр кардаанд. Забоншиносон бо далелҳо фарзияи бостоншиносонро бо вожаи «капарак» тақвият медиҳанд, ки замини санглохро гӯянд ва дар шеваи мардуми Раштон вомондааст.
Абрҳои саргардон борон оварданд. Бо фурсати муносиб роҳи мавзеи хушобуҳавои Очиқолмаро баргузидем. Шимолтари деҳаи ҳамноми мавзеъ, дар соҳили Сурхоб, дар баландии 15 - 25 метр аз сатҳи оби рӯд мавзеи Тешиктош воқеъ аст. Рӯйи сангҳои боду борон лесида тасвироти бармалои ҷонварон ба назар мерасанд. Мусаввирон суробу суратҳои шикорчиён, бузҳои кӯҳӣ ва палангро хеле моҳирона ҳаккокӣ кардаанд. Ба назар менамояд, ки ин ҷо манзили сукунат будаву бо гузашти замон рӯд заминро шуста, поин фаромадааст. Тасвирот ва устухонҳои дарёфтшуда аз тағйири боварҳои муқимони минтақа далолат мекунанд. Ба назме, ки аз бузҳои зиёди минтақа сайд мекардаанду пасон ба сурати «тотем» (ҷонвари муқаддас) парастиш мешуда. Чи бузҳои кӯҳӣ рӯшан, қавитану тавоно тасвир шудаанд. Ба ҳар ҳол аз эътиқоди ибтидоӣ маншаъ гирифта, маросимианд.
Дар баландӣ ва фарози кӯҳ асари борон бештар аст, ки саропо тар шудем. Вале худро ба сифати Христофор Колумб медидем, ки Амрикоро кашф карда буд. Аз ҳолати нобоб, ба замми гуруснагӣ, парво надоштем. Шом ба хати марз расидем, ки охирин нуктаи аҳолинишини Тоҷикистон аст. Сокинон онро Қилчувҷой хонанд ва ба парвариши чорво ва боғдорӣ шуғл меварзанд.
Бори дигар ба табиати афсонасони кишвар бовар афзуд. Охири моҳи май, субҳ, шоҳид шудем, ки барф то ҳавлии мизбон фуромада, пойандози карбосӣ партофтааст. Натиҷа гирифтем, ки ҳоламон дирӯз хеле беҳтар буд.
Дар дафтарам унвони деҳоту кӯҳу барзан, рӯду дараҳо (топонимҳо ва гидронимҳо) сабт шуданд. Табиист, ки номҳо бо тағйир ёфтани сокинон дигар мешаванд. Ҳич қавму қабилаи омад луғату фарҳанги мардуми бумиро дарк намекунад, чи ба боварҳош мувофиқ нест. Муҳитро бо диду фаросати қавмиаш ном мегузорад, мисли Сурховро Қизилсу ва Кабудоваро Кӯксу ва ғайра. Аз ин миён қирғизҳо истисно нестанд. Ба ҷуз аз дижи Қалъаи Зангкӯб (собиқ деҳаи Занкон) ва деҳаи Меҳробод (собиқ деҳаи Дувана) боқиро бо фаҳмиши худ унвон додаанд.
Манбаъҳо яқин мекунанд, ки се аср қабл ақвоми фирории қирғиз бо «инояти тоҷикони сода» ба ин марзҳо роҳ ёфтанд. Ба ин гӯрҳои асри ХVII гувоҳанд, ки ба кӯчиён тааллуқ доранд. Боқӣ, маводи ба даст омадаи бостоншиносон хоси зироаткорони ориёист, ки ба асрҳои I – III милодӣ ва асрҳои IХ – ХV мансубанд. Бозёфт – бо тасвири олиҳаи майгусорон мисоли равшани он хоҳад буд. Ва ҳам номи қирғиз то асри ХVI дар манбае вонамехӯрад, ба ҷуз аз «Шарафномаи шоҳӣ» – и Ҳофизи Таниши Бухороӣ. Дар осорхонаи деҳаи Чорсу (собиқ деҳаи Ҷайлған) асбобҳои рӯзгор, ки аз шохи бузи кӯҳӣ сохта шудаанд, аз маҳорати олии пешаварони оринажод маълумот медиҳанд. Дар нақшу нигор, гулпартоии сӯзанию рағза, намаду гилем, афзори ороиши асп ва пираҳанҳои сокинони имрӯзаи маҳал асари ҳунари тоҷикӣ бармалост.
Қисмати паҳновари деҳоту бармол ва доманакӯҳҳои Ҳазорчашма (Минбулоқ), Муғ (Мук), Девшаҳр аз дороӣ ва сарчашмаи ривоҷи сайру саёҳат метавонанд бошанд. Дар самти офтоббаро қалъаро бо унвони Муғ мешиносанд, ки тибқи фарзияҳо ба Муғу Муғони оини зардуштӣ дар алоқамандист. Ин нуктаро академик Юсуфшо Ёқубшо тасдиқ мекунад.
Ва пас гардем ба имрӯзи водӣ. Боби зироат асту боғдорӣ ва ҳазор асрори нуҳуфта дорад. 25 май, соат 11.00 борон меборад. Лолазор аз фарози кӯҳ монои дирафшҳо ҷилва дорад, ки мисраъҳои Бозор Собири шаҳирро ба ёдам овард:
Ин кӯҳи лолагардан, монанди дилбари ман,
Аз мавҷи лола хуни гарми занона дорад.
Ин теппаи чаканпӯш сурхида то баногӯш,
Шарми занона дорад…
Аз водии Лахш, ба самти чап, ба ағба тоб мехӯрем. Аз баландӣ деҳот сабзпӯшу зебоанд. Обҳои равон ва шаршараҳои табиӣ деҳотро зеботар ва анвои гулу гиёҳ, бо пудинаву бобунаҳои навруста димоғро муаттар мегардонданд. Се рӯди дар талотум барои худ ривоят дорад. Якеро Қандувсу - рӯди олуда ба хун ё хундарё ном мебаранд, ки воқеан ранги алвон дошт. Гӯё замоне одамонро ба наҳве куштанд, ки пайдоиши рӯд ҳосили ҳамон амал аст. Ва ҳам ба қатли бузургворе нисбаташ медиҳанд, ки кунун аз ҷасадаш хун метаровад. Ҳарчанд манзили ӯро то имрӯз касе намедонад. Вале болотар марқади Хоҷаи Таоф мавҷуд аст, ки доирае ӯро ноком ва шаҳиди ҳамин ҳодиса мешиносанд.
Девонадарё (Ҷиндису – ба қавли қирғизҳо) бо талотум ҷорӣ мешавад, ки чор фасли сол сокинон аз он хавф доранд.
Рандовро хосиятҳои ғайримуқаррарист. Аз қуллаи Исмоили Сомонӣ сарчашма мегирад ва обаш ширин аст. Мисли он, ки бо қанду шакар омехтанаш. Ҳамаи рӯдҳоро муқаддас мешуморанд, хосса Муғро, ки зарафшон аст. Воқеан, захираи тиллои минтақа мебошад.
Қисмати шимолу шарқии водӣ мунаққашу дилработар менамояд. Маҳале, ки Оби Кабуд сабзу хуррамаш дошта, сафедорони сар ба афлок ва деҳоти ободон зебу фарраш медиҳанд. Ёла ва дараҳо аз гулу гиёҳи сурху зарду кабуд муллавананд. Чукрию рошаку торон хирман задаанд. Дами бод бӯйи чойкаҳаку пудина дорад. Дилу дида аз тамошои манзараҳо ва дарёчаҳое, ки ба нишебӣ дар парвозанд, фараҳу ҳаловат мебарад.
Тоҷикистон нодиртарин сарзаминест, ки дар як айём аломатҳои чор фасл мушоҳида мешавад. Як сӯ манзараи дар сабзӣ ғарқ ва қуллаҳо монои мӯйсафедони хилъати сафедпӯш собиту сабур, ки фаши дасторашон то хами водӣ расида, ҷаззобу дилбаранд. Баландии тудабарфҳои доманаи кӯҳ аз 3 – 4 метр бинандаро ба ҳайрат меорад.
Бо тамошои табиати Тандикул (Тангдара) ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ дучанд мешавад. Рӯди Ҳазорчашма бо Телвесу ба ҳам омехта Тандикулро месозанд. Тандикул аз сина ва шонаи кӯҳ таровида, ту гӯӣ бошармона аз таги китфи он, ниҳону кебида мегузарад. Дар қисмати шарқ, дар масофаи 10 - 15 метр чашмаҳое аз зери замин берун меоянд, ки сӯзонанд. Дақиқтараш аз 90 дараҷа бештар гармӣ доранд. Таҷриба кардам, ки дар муддати 7 - 8 дақиқа тухмро мепазонад. Ин ҳодисаи нодир аст, ки дар як масофаи кутоҳ оби гарм ва сард паҳлуи ҳаманду ба якдигар асаре надоранд…
Ҳине ки ин маҳали зеборо тарк мекардем, борон меборид. Ва ман кушоду равшан дуо мекардам, ки Худоё ин борони раҳмат бошаду сарзамини озоду соҳибихтиёрамонро сарзабзу ободтару пурфайзу баракат гардонад ва тамошову баҳра бурдан аз ин неъматҳоро насиби одамони нек бинамояд.
Ҷонибек АСРОРИЁН