Аз омадани баҳору Наврӯз ин боғ аз нав зинда гаштаву шукуфон шудааст. Ба тани ҳар дарахти он аз нафаси гарми баҳор ҷони тоза дамида, ниҳолҳо аз ҳукми сардӣ раҳида, ҳоло шоду масруранд ва ҳар кадоме қасидаи зиндагиро месароянд. Ана, ба ин арча нигаред, ӯ худро батамом дигар кардааст. Ҳар шоху панҷааш меболаду менозад. Бубин, чӣ гуна дастони дарозу мустаҳкамашро кушода, бебокона ба атроф панҷа давондааст. Шояд ӯ бо ин амали худ аз зинда мондану ба баҳори нав расидан ҳарфи шукрона бар лаб дошта бошад. Шояд.
Ана, ба қомати раънои сарвро нигаред. Он қомати зебои ёрро пеши чашм ба ҷилва меорад. Ин санавбари кӯҳӣ, ки дар шафаташ қомат афрохтааст, худро аз ӯ кам намедонад. Балки акнун ба баҳсаш хондаю бо ӯ даъвии сарвқоматӣ мезанад. Гуларӯсони чаман агар ин ҳардуро бубинанд, ба онҳо рашк мебаранд. Рашк ба ин зебоию хушқоматӣ...
Ана, ин дарахт булут ном дорад. Ҳеҷ дарахти дигаре дар сахтию мустаҳкамӣ бо ӯ баҳс намекунад. Зеро ӯ на танҳо чанголҳои сахту мустаҳкам дорад, балки ба қаъри хок реша давондаю ба замин ваъдаи якумр вафодор буданро додааст.
Ин буттаи саропо сабзу зеборо шинохтед, ки чист? Нашинохтед. Наход, ки нашинохта бошед? Охир, ин гулхор аст! Гулхори муқаррарии худамон. Агар боваратон наояд, ба хорҳои тезаш нигаред, мешиносед. Аммо ӯро дар ин ҷо чун ниҳоли хордор намешиносанд ва аз хораш низ намеҳаросанд. Зеро аз ӯ ба касе озоре намерасад. Охир, ӯ дар ин боғ мартаба ёфтааст ва манзалат дорад.
Ба ин гулҳои зарду зебо нигаред. Шояд ба чашматон муқаррарӣ намоянд. Аммо муқаррарӣ нестанд. Дурусттар зеҳн монед, он гоҳ зебоиҳояшонро дармеёбед.
Ана, ба ин санавбар назар андозеду ба тани аз ҳукми хунукӣ навакак раҳидааш нигаред. Бубинед, ки ӯ акнун аз хоби гарони зимистонӣ бархоста, ҳоло дар андешаи пӯсташро иваз кардан аст. Аз нафаси гарми баҳор бадани сахту карахташ нарм гаштааст.
Ба ин дарахти саропо сабзпӯш нигаред. Ӯ чӣ қадар шоду масрур аст дар ин рӯз. Бубинед, шоху панҷаҳояшро кушода, ба ҳар тараф бепарвоёна алвонҷ дода, шодию хурсандӣ мекунад.
Ана, боз ба ин ниҳоле, ки дар шафати ӯ истодааст, нигаред. Дурусттар нигаред, канӣ, дар ӯ чиро мебинед? Магар дида истодаед, ки аз чашмонаш ашк мешорад. Бале, ашк. Ашки шодӣ. Ашки ҳасрат ва дидор. Ин ашк ба хотири омадани Наврӯз, ба хотири баҳори фархундапайк аст.
Ҳоло ба як гӯшаи дигари ин боғ меравем, ки дар он ҷо чанд адад ниҳолакони нахл (палма) рӯида, қомат афрохтаанд. Маълум, ки дарахти нахл хоси табиати мо несту онро аз ҷои дигар ба ин боғ овардаанд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ин дарахтони зебою хушсимо ҳеҷ бегонагие ба чашм намерасад. Онҳо кайҳо муқимӣ гардидаю бо табиати ин ҷо хӯ гирифта, ба боғ шаҳомату зебогии хоса ато намудаанд.
Бале, ин боғро маҳз ҳамин дарахтони сабзаш зебою назарраббо гардонданд. Охир, ин ҷо боғ аст, ин ҷангал нест, ки дарахтонаш аз худ рӯидаю сабзида бошанд. Балки ҳар дарахтеро, ки ин ҷо мебинед, маҳсули даст ва ақлу заковати инсонест, ки аз худ ба ҳамдиёронаш боқӣ гузоштааст. Ин кас - Тилло Бобоев мебошад.
Номзади илмҳои биологӣ, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, бунёдгузори ин боғ, шодравон Тилло Бобоев инсони некдилу поксиришт барои ҳама мардуми Кӯлоб шиносу ошно буд. Ин боғи зебо маҳсули кору амали ин олими доно ва инсони закию меҳнатдӯст аст.
Барои сокинони шаҳри Кӯлоб рушан аст, ки ин макон ҳеҷ гоҳ боғ набуд. Ин ҷо дашти калон ва гӯшаи ноободи табиат буд, ки ҳанӯз дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо ташаббуси ин марди табиатдӯст обод гардида, баъдан ба «Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб» табдил дода шуд. Ҳоло номи бунёдгузорашро ба худ ихтисос додааст. Акнун сарварии ин боғро писари ӯ - доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев ба уҳда дорад.
Ҳанӯз соли 1998 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои худ ба шаҳри Кӯлоб ба ин боғ ташриф оварда, ниҳолеро бо дастони худ шинондаанд. Ин амал барои дар боғ ба вуҷуд омадани осорхонаи табиӣ замина гузошт.
Имрӯз ҳар касе, ки ба ин «Осорхона» ворид мегардад, худро дар гӯшаи ободу зебо ва гуворою дилнишин дармеёбад. Пеши назараш як манзараи зебою табиӣ ба ҷилва омада, мебинад, ки дар ин макон ҳар дарахту буттае ба худ ном дораду соҳиби шиноснома аст. Ҳар дарахт ба забон омада, аз кай тавлиду аз ҷониби кӣ шинонда шуданашро ҳикоят мекунад.
Дар сафи ин дарахтони соҳибному соҳибунвон исми бисёре аз бузургонро метавон дид. Маҳз дидани ҳамин манзара касро ба фаҳми як маънӣ водор мекунад, ки ин боғ як ҷойи одӣ ва муқаррарӣ нест. Балки қадамҷои шахсони бузургу муътабар аст.
Бале, ҳамин тавр аст. Бо омадани ҳар бузурге ба ин боғ як ниҳол, як дарахте сабз мегардад. Ҳар қадар ки бузургон ба ин ҷо меоянд, боғ ҳамон қадар ободу зебо мегардад ва сабзу хуррам мешавад.
Ҷомӣ ЗАРИФЗОДА,
шаҳри Кӯлоб