Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, ки соли 2008 таъсис ёфтааст, ҷиҳати фаро гирифтани шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат фаъолияти пурсамар менамояд.
Ҳукумати мамлакат, ки дар масоили ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум як қатор барномаҳову стратегияҳои рушди соҳаҳоро таҳия ва қабул, ҳамчунин, дар самти мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми даромади аҳолӣ барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии кишварро тасдиқ намудааст. Маркази таълими калонсолони ҷумҳурӣ низ мутобиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ҷумҳурӣ шаҳрвандони қобили меҳнатро ба касбомӯзӣ фаро гирифтааст. Ин ҷо дар самтҳои малакаҳои касбию валидатсия (шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ) ба таври худмаблағгузорӣ сокинони кишвар касб меомӯзанд.
Соли 2008 шумораи марказҳои касбомӯзӣ 4 ададро ташкил медод, имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат шумораи филиалҳои Марказ дар ҷумҳурӣ ба 34 адад расидааст, ки пайи касбомӯзии шаҳрвандонанд.
Марказ бо филиалҳои хеш дар маҷмуъ, аз рӯйи 110 касбу ихтисос ба касбомӯзии шаҳрвандон машғул аст. Занону духтарони хонашине, ки бо мақсади касбомӯзӣ ба Марказ меоянд, бештар пешаҳои дӯзандагӣ, таббохӣ, қаннодӣ, қолинбофӣ, ороишгари мӯю рӯю нохунро мепазиранд. Соли 2019 дар доираи эълон гардидани солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Марказ омӯзиши ихтисосҳои атласу адрасбофиро бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳ монд.
- Соли 2021 Марказ бо филиалҳои худ ба 29 ҳазору 911 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ касбу ҳунари гуногун омӯзонд, ки аз ин шумора 17 ҳазору 968 нафар занону духтарони хонашин мебошанд. Аз ҷумла, дар самти барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Марказ бо филиалҳои худ 11 ҳазору 502 нафар бонуро соҳибпеша намуд. Соли 2021 дар самти худмаблағгузор 4105 нафар занону духтарон аз рӯйи пешаҳои номбурда касб омӯхта, дар самти шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва валидатсия 2361 нафар бону, ки дар маҷмуъ, 17 968 нафарро ташкил медиҳанд, пешаҳои гуногунро аз худ намуданд, - гуфт Иброҳим Иброҳимов, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон».
Соли 2021 дар марказ бахши омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва ҳунарҳои муосир ба роҳ монда шуд, ки занону духтарон аз рӯйи ихтисосҳои қолину адрасбофӣ ва рӯзгордорӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Тартиби касбомӯзии шаҳрвандон дар самти барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тариқи роҳхатҳои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, шуъбаҳо, раёсатҳо ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад. Шаҳрвандони бекор, ки дар асоси роҳхатҳои Агентӣ дар Марказ ба тариқи ройгон касб меомӯзанд, дар давраи таҳсил, ки 2 – 3 моҳро дар бар мегирад, бо стипендия таъмин мегарданд. Дар самти худмаблағгузор хоҳишмандон бевосита ба комиссияи қабули Марказ муроҷиат карда, баъди пардохти маблағи муайян ба касбомӯзӣ даст мезананд. Дар самти шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ давомнокии омӯзиш 12 рӯзро дар бар мегирад. Дар ин самт шаҳрвандоне касб меомӯзанд, ки мутахассиси соҳа буда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият надоранд ва баъди супурдани имтиҳони хатм малакаи онҳо бо ҳуҷҷат тасдиқ мегардад.
- Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои филиали Маркази таълими калонсолони ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими Марказ дар соли 2021 аст. Барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, бо шарикони рушд ва донорҳое, ки бевосита бо марказ ҳамкорӣ менамоянд, умедворем, ки давоми 5 соли оянда ҳадди ақал 1 миллион шаҳрванди қобили меҳнати ҷумҳурӣ соҳибкасб мегардад, - бигуфт дар идомаи суҳбат И. Иброҳимов.
Соҳибкасб гардидани шаҳрвандон, бахусус занону духтарон, агар як паҳлуи масъала бошад, паҳлуи дигар пайдо намудани ҷойи кори доимӣ ва шуғли даромаднок аст. Марказ нисбат ба тақдири ояндаи хатмкардагону касбомӯзони худ беэътиноӣ зоҳир накарда, бо як қатор корхонаву муассисаҳои саноатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дар бораи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бастааст. Масалан, бештари бонувони касбомӯз баъди ба даст овардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият дар корхонаҳои саноати дӯзандагӣ, қаннодӣ ва ғайра ба фаъолият мепардозанд.
Барои самаранок ва босифат ба роҳ мондани касбомӯзии шаҳрвандон Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа барои омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва кормандони Марказ курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосро, ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ мегардад, доир менамояд. Ба ин восита, омӯзгорон ва кормандони системаи таълими калонсолон, ки тибқи нақшаи дар оғози сол тасдиқшуда ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар мешаванд, маҳорату малакаи худро такмил дода, баъди хатми курсҳо соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
- Аз шаҳвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки вақтҳои холии худро самаранок истифода бурда, ба Марказ ва филиалҳои он, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, муроҷиат намоянд, то аз хизматрасониҳо ройгон истифода бурда, соҳиби касбу ихтисосҳои дилхоҳ шаванд. Ба ин тариқ, онҳо метавонанд саҳми худро дар пешбурди рӯзгори хеш гузошта, нафърасони ҷомеа гарданд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Иброҳим Иброҳимов.
Омина ХОҶАЕВА