Дар шаҳри Бохтар Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтарин намунаҳои ҳунарӣ, маҳсули коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти дастии худро пешкаши тамошогарон гардонданд.
Форуми мазкур ба ҷамъбасти Солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, аз рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли ҳунарҳои дастӣ ва сатҳи фарогирии сокинон, ба хусус, занону духтарони деҳот ба ҷойи кору шуғлҳои даромаднок натиҷагирӣ карда шуд.
Намоиши намунаҳои беҳтарини тарҳҳои хушнамои сару либоси миллии бо санъати чакану қуроқдӯзӣ ва гулбасту матоъҳои хушнамои атласу адрас ороиш дода шуда, намунаҳои ҷиҳозу абзори бо нақшу нигори миллӣ, маҳсули бофандагони моҳири вилояти Хатлон, ки дар дохилу хориҷ аз кишварамон харидорони худро пайдо кардаанд, далели расидан ба ҳадафҳои пешгирифта аз эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.
Дар намоиши дастовардҳои ҳунармандони вилояти Хатлон дар қатори маҳсули ҳунарии чакану қуроқдӯзон, заргарону бофандагон ва ҳунармандони санъати гулбаст инчунин, кулолгарону табақтарошони моҳир ва намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардумӣ маҳсули дастранҷҳои худро пешкаши тамошобинон гардонда буданд.
Дар маросими расмии Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фарҳангшиносону ҳунармандони номовари вилоят суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти гуногунҷабҳаи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Тавре зикр гардид, дар доираи эълон шудани Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳунару анъанаҳои қадимии ниёгонамон, ки ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд, ду бора эҳё гардида, пешаварони мардумӣ бо рушду ривоҷи ҳунарҳои аҷдодӣ барои ҳазорон нафар ҳамдиёрони худ ҷойи корӣ фароҳам оварда, санъату фарҳангӣ бостонии халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Дар ин рӯз ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо рушду равнақи ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти дастӣ ва муаррифии ҳунарҳоии мардумӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонда шуданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон