Дар доираи татбиқи ҳадафҳои Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар кишварамон Маҳфилу чорабиниҳои сатҳи гуногун ба роҳ монда шудааст, ки дар баробари иқдомҳои бузурги ободонӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои гуногуни мардумӣ дар дурдасттарин деҳкадаҳои кишвар, ҳамзамон, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ба вижа, ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба сайёҳии дохилӣ мусоитдат менамояд.
Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайёҳати дохилӣ - омили рушди иқтисодиёти кишвар”, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, бори дигар собит намуд, ки сокинони кишвар ба хусус, насли ҷавон вобаста ба масъалаи рушди сайёҳӣ дар кишвар, фароҳам сохтани шароитҳо барои сафару сайёҳат ба мавзеҳои тамошобоби дохилу хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Дар оғози Конфронс нахуст меҳмонону тамошобинон аз намоиши ҳунарҳои мардумии бонувони шаҳри Бохтар дидан намуда, дастранҷҳои пурмазмуни пешаварони чирадастро василаи муаррифии таъриху фарҳанг ва осору ҳунарҳои мардумии ин сарзамини бостонӣ арзёбӣ намуданд.
Дар маросими расмии Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайёҳати дохилӣ - омили рушди иқтисодиёти кишвар”, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони соҳаҳои хизматрасонии сайёҳи ва ВАО кишвар иштирок доштанд.
Дар Конфронс оид ба масъалаҳои ҷараёни иҷрои сиёсати давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи судманд аз имкониятҳои рушди соҳаи дар вилояти Хатлон, ҳифз ва муаррифӣ намудани иншооту мавзеҳои табиию таърихӣ, тарбия ва омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи сайёҳӣ, омилҳои вусъат бахшидани фаъолияти соҳа дар самти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам дар ин самт баррасӣ гардид.
Конфронсро ба сухани муқаддимавӣ Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар оғоз бахшида, иброз дошт, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар шароит фароҳам оварда шуд, ки рушди пешрафти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ таъмин карда шавад. Аз ҷумла, мақсад аз баргузории Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайёҳати дохилӣ - омили рушди иқтисодиёти кишвар” татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва омӯзишу роҳҳои ҳалли масъалаҳои ин соҳаи афзалиятнок мебошад.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ёдгориҳои беназири бостониву фарҳангӣ, табиати зебову водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо ва боғистонҳои шаҳдрезу табиати дилнишинаш сайёҳони ақсои оламро тасхир намудааст. Айни замон дар қаламрави Хатлонзамин 795 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 36 осорхонаву 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 33 адад боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ арзи вуҷуд доранд, ки соле садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ аз онҳо боздид менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар заминаи пресс - тур оид ба имкониятҳои қабулу хизматрасониҳои сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе – Бохтар - Душанбе барои намояндагони ВАО ва доираҳои сайёҳии кишвар баргузор гардида, Дар ин рӯз иштирокчиёни пресс - тур аз осорхонаи вилоятӣ, Мавзеи таърихии “Аҷинатеппа”, корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, ҳавзҳои моҳипарварии дар самти рушди агротуризм бунёд гардида ва муассисаҳои таълимие, ки ба омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ машгуланд, боздид намуданд.
Тавре иштирокчиёни пресс - тур изҳор доштанд, ин чунин чорабиниҳои илмӣ - фарҳангӣ, ташкили пресс - тур ва тадбирҳои муҳим ҷиҳати муаррифии имконияту зарфиятҳои сайёҳии минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон таваҷҷуҳи ҷомеа ба мавзеҳои сайёҳии кишвар нақши муҳим мебозад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН