Бонувони шаҳри Ваҳдат соли 2020-ро соли бобарор ва муваффақиятҳо медонанд. Зеро маҳз дар ҳамин давра аксари занону духтарони деҳаҳо ва шаҳр ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб шуданд. Ва бештарашон бо кушодашавии сеху коргоҳҳои хурду миёна соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд. Онҳо аз он меболанд, ки бо ин васила дар беҳбуди рӯзгору зиндагии хонаводаашон саҳми бештар мегиранд ва бо ривоҷи ҳунари хеш обрӯманду муваффақ гаштаанд.
Чанде пеш бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ва сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо сафи зиёди бонувон ба кор ҷалб шуданд.
Коргоҳи дӯзандагии «Марям» низ аз зумраи он коргоҳҳоест, ки ба тозагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Сарварии ин коргоҳро бонуи пурҳунар Ҳуринисо Бадриддинова ба уҳда дорад. Иқрор мешевад, ки солҳост орзуи кушодани чунин як коргоҳро дошт, то тавонад бонувони хушзавқу ҳунарвари маҳаллиро гирди дунёи ҳунари хеш ҷамъ орад.
- Воқеан, бароям вохӯрӣ бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фараҳнок буд. Аз маслиҳатҳои падаронаашон қувваю неруи тоза гирифтам. Дигар аз қадаме ба пеш задаву барои муваффақият азм кардан дар ҷодаи ҳунар тарсе надорам. Медонам, ки такягоҳе дорам ва метавонам бо дили пур аз пайи кор ва сайқали ҳунар шавам, - мегӯяд ҳунарманд.
Малакаи ҳунармандӣ барои Ҳуринисо ба қавле авлодисту он дар хунаш аз хурдӣ ҳунар ҷӯш мезад. Модару бибӣ чун ҳунармандони номдор миёни мардум шинохта буданд. Беҳтарину зеботарин бистару болинро барои наварӯсони маҳалҳои гирду атрофи шаҳри Ваҳдат маҳз онҳо омода менамуданд.
Аз ҳунармандиашон Ҳуринисо завқ мебурд ва риштаву сӯзан ба даст гирифта, пайравӣ ба ҳунари модару бибӣ менамуд. Гоҳе аз ноомади кор ва халидани сӯзан ба ангуштони нозукаш ашк мерехт. Аз модар пурсон мешуд: «Чаро мисли шумо наметавонам?». Модар бо нармгуфторӣ оромаш менамуд ва мегуфт: «То захми сӯзан набинӣ, ҳунарманд нашавӣ!»
- Истеъдоди аз бар намудани ҳунарро ҳамеша бибиам тавсиф мекард. Аз таърифҳояш рӯҳам болида мешуд ва ифтихор менамудам, ки ин бартарият маро набераи дӯстдоштании бибӣ намудааст. Вале омӯхтани ҳунар бароям ба осонӣ муяссар нашуд. Хоҳ омӯхтани гулдӯзӣ бошад ё зардӯзӣ, хоҳ дӯхтани куртаю дигар намуди дарзҳои чокдӯзӣ мушкилӣ доштанд, - иброз медорад Ҳуринисо.
Айни ҳол, Ҳуринисоро дар шаҳри Ваҳдат ва берун аз он бо ҳунари попурзаниаш мешиносанд. Ба гуфтаи ин бону маҳз ҳамон ҳунаре, ки то аз худ намуданаш чандин маротиб аз баҳраш гузаштан мехост.
- Боре фармоишгаре барои дӯхтан ва попур задани 380 либос фармоиш дод. Мебоист ин куртаю поҷомаҳо муддати 20 рӯз омода мешуд. Агарчи дар ин муҳлати кутоҳ тайёр намудани либосҳо хеле заҳмати зиёду бедорхобиро тақозо менамуд, вале хоҳиши фармоишгарро рад накардам. Ва дар дар муҳлати муайяншуда либосҳоро фармоишгар қабул намуд, - мегӯяд бо хушҳолӣ бону.
Дар коргоҳи дӯзандагии «Марям» асосан дӯхтани либосҳои миллӣ ва расмӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро Ҳуринисо вақте дар курсҳои бозомӯзӣ бо бонувон вохӯрӣ дошт, дарк намуд, ки асосан маҳз дар ҳамин намуди ҳунарҳо духтарону занон моҳир гаштаанд. Беш аз 20 бонуи ҳунарвар дар ин коргоҳ ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Ба гуфтаи Ҳуринисо ин ҳанӯз оғози кор аст.
- Аз он ки дараи Ромит чун минтақаи гардишгарӣ эътироф шудааст, солҳои охир сар - сари роҳи дара тарабхонаву ошхона ва меҳмонхонаҳо қомат афрохта истодаанд. Ният дорем, ки такя ба унсурҳои қадимаю миллӣ барои кормандони тарабхонаҳо либосҳои махсус омода созем, то бо ин роҳ фарҳанги миллати тоҷикро барои сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Ҳамчунин, тасмим гирифтаем, ки дӯхтани либосҳои махсуси кориро барои кормандони соҳаи тандурустӣ, муаллимон, барқчиён ва рӯбандаҳо роҳандозӣ кунем. То имрӯз дӯхти болину ҷойхоб барои беморхонаи марказӣ ва боғчаҳо, либоси махсус барои назоратчиёни шабакаҳои барқӣ ва либосҳои миллию расмӣ барои бонувон фармоиш шуд, ки бо сифати аъло ба мизоҷон дастрас гардид, - иброз медорад сарвари коргоҳ.
Бонуи ҳунарманд дар шафати коргоҳ барои бонувон мағозаи фурӯши либосҳои миллиро ҳам кушод.
- Дар мағоза маҳсули дасти чеварони мо таҳти бренди «МАРЯМ» барои харидорон пешкаш мегарданд ва ин василаи хуби ба даст овардани маблағи муайянест барои бонувони ҳунарман - мегӯяд Ҳуринисо Бадриддинова.
Қутбия