Чил духтари моҳпайкар
Чил духтари париваш
Чил духтари дӯшиза…
Кӯҳи Валвалак сар афрохта то ба фалак. Қуллаҳои барфпӯшаш дастори мӯйсафедонро мемонанду домони сабзпӯшаш баҳорро. Аз шаҳри Бар - Бар то дашти Ар - Ар кӯҳҳо чун сарбозони сафдар саф ороста баробар, ин марзу бумро нигаҳбон аз ҳама хавфу хатар. Теғаҳои тези кӯҳҳо ба дами шамшер монанд, аз шуои нури офтоби саҳар дар қабои зарҳалӣ зебову пурӌило метофтанд.
Дар домани кӯҳҳои сарбафалак марғзоре доман густурдааст сабзу хуррам, аӌаб дилкашу дилписанд. Миёни ин марғзори серобу шаршара деҳаест бо номи Сардара, ки бас зебову хушманзара. Майсаҳои сабзхезаш, субҳи шакаромезаш, ҳавои софу дилангезаш рӯҳафзову роҳатфизост. Чаҳ - чаҳи булбулони сари шохсорон, галаи ғизолони миёни марғзорон, хандаи софу беғаши дӯшизагон, шилдироси оби ӌӯйборон, садои рӯҳнавози найи чӯпон аз домани кӯҳсорон, чун оҳанги табиӣ ба гӯш басо хушу дилнишин мерасид. Ин ҳама таровату назокати дилфиребро дида, кас ангушти ҳайрат мегазид. Ин ӌо ҳама чиз тару тоза ва ҳама ӌо покиза. Гиёҳу рустаниҳои ин макон дармонбахшу обҳои мусаффою нуқрагунаш шифобахш.
Ба Сардараи хушманзара, дурдасттарин деҳаи миёни кӯҳҳои осмонбӯс, пойи нопоке нарасида. Ҳафт пушти мардуми Сардара то ин замон на камон дидаанду на садои тир шунидаанд. Мардуми содадилу одамдӯсти русто ба мафҳуми «душман» сарфаҳм намерафтанд. Ин ӌо ханда буду шодӣ, ободӣ буду озодӣ…
Субҳковок ӌавонпаҳлавонон ба шикор рафтанду духтарони гулъузор ба марғзор. Сардара чил духтари қадрас дошт. Чил духтари моҳпайкар, чил духтари париваш, чил духтари хушмӯ, чил духтари камонабрӯву дилӌӯ, чил духтари дӯшиза.
Лаби чашмаи Ӌонбахш ӌои дӯстдоштаи духтарони хушлиқову хушсимои Сардара буд. Духтарон обгирию ғизолони ширмаст обнӯшӣ меомаданд. Ғизолон бо духтарон, духтарон бо ғизолон ҳамнишин шӯхиву бозӣ мекарданд. Оҳувон бо ӌасту хез, духтарон чашмони шаҳлои оҳувонаашон аз шодию нишот лабрез, аз оби сарди чашма нӯш мекарданд, бо умед рӯю мӯй мешустанд.
Оҳуи олучашми холдор, ки ба Симин – духтараки нозанини шармгин дер боз унс гирифта буд, гардан ёзонда миёни духтарон ӯро меӌуст. Ҳар замоне, ки оҳуи холдор лаби чашма меомад, аз кафи дастони симини Симин об менӯшид ва рӯйи чун шир сафеду мӯйи дарозу мушкини ӯро мебӯид. Симин аз меҳрубониҳои оҳу ба шавқ меомаду бо завқ механдид. Аз дугонаҳояш мешармид, магар ки сурх мешуду лаб мегазид ва рӯй ба гардану синаи оҳу мемолид…
Ин субҳ ҳам, вақте ки Симин лаби чашма омад, оҳуи холдор ӯро кайҳо боз интизор буд. Сире ниҳон буд миёни Симину оҳуи холдор, ки аз ин сир дигар духтарон огоҳ набуданд. Оҳу ҳар субҳ ба Симин нофаи мушкин меовард. Симин кӯзаро лаби об монда гардани оҳуро ба оғӯш гирифта сила зад, дасти дигарашро зери шиками оҳу бурд, аз нофи оҳу рӯйи кафаш чанд чакра нофаи мушкин чакид. Аз бӯйи хуши нофа марғзор ғарқа дар накҳати диловез гардид. Симин нофаро бӯй кашиду ба рӯю гарданаш молид. Аз бӯйи хушу гуворои нофа сараш чарх зад, чашмони сиёҳаш хуморӣ гаштанд. Бӯйи хушу гуворои нофаро духтарон мешамиданд…
Пирони ботадбир дорад Сардара, касе аз хати кашидаи онҳо қадам берун намемонд. Рамузфаҳму қиёфашиносанд, бо як нигоҳ мақсади касро пай мебаранд, солу моҳ, рӯзу ҳафтаро аз низом ва гардиши ситораҳои Ҳафтдодарон ва Роҳи Каҳкашон ҳисобу муайян мекунанд…
Мӯйсафеди Шоӌон, ки рӯйи тобасанг нишаста мукӣ медӯхт, дида ба қуллаи кӯҳ андӯхт. Дар камари кӯҳ нахчирро дид, ки як шохаш шикаставу бари гарданаш овезон, безобитаву рамхӯрда буд нахчир. Нахчир ӌаҳида - ӌаҳида болои кӯҳ баромад, сари теғаи кӯҳ рӯ ӌониби деҳа қарор истода, ҳайкалвор дигар аз ӌой наӌунбид.
Оҳуе рамхӯрдаву тирхӯрда аз ӌари Сангпарто сарнишеб чун бод сӯйи деҳа медавид. Мӯйсафеди Шоӌон ҳаракатҳои нахчирро рамузгиронаю андешаманд назора бурда, нигоҳи хастаашро ӌониби оҳу дӯхт, оҳуи тирхӯрдаро диду панӌа ба пешонӣ зад:
– Ҳай дареғу сад дареғ, шохи шикастаи нахчиру оҳуи рамхӯрда, аз ҳодисаи мудҳише хабар медиҳанд, – гуфта боло шуд мӯйсафед. Риши чун барф сафеду дарозашро бо ангуштонаш шона зада, ба абри сиёҳи сари теға нигаристу оҳи сард кашид, – бод бӯи офату фасод меорад, ҳазар аз хатар, тадбир бояд ӌуст, – ғурунгид худ ба худ. Дар деҳа ба ӌуз кӯдакону мӯйсафедон, бонувони солхӯрда ва чил духтари қадрас касе набуд. Ӌавонмардони қавипайкар ҳама дар шикор буданд.
Оҳуи тирхӯрда медавиду медавид, раҳораҳ аз ӌароҳаташ хун мечакид, аз хуни чакида миёни майсаҳо лола мерӯид. Оҳу таги дарахти сада аз дав монд, шикебида, шикебида ба мӯйсафед наздик шуд. Дасти дарозкардаи мӯйсафедро бӯида - бӯида, сар ба бағали мӯйсафеди Шоӌон ниҳод, тани нозукаш маҳин – маҳин меларзид. Мӯйсафед оҳуро ба бағал гирифт, сарашро силаву навозиш кард, аз чашмони зебояш бӯсид:
– Чӣ шуд ба ту хушрӯяки ман, биё, бубинам, аз чӣ захм бардоштаӣ? Ё ба чанги уқоби тезчангол афтодӣ? Гӯ, ӌону ӌигар, чаро хомӯшӣ? – гӯён мӯйсафед захми таги гардани оҳуро, ки ба андозаи ҳалқаи ангуштарӣ сӯрох буду хун мечакид, аз назар гузаронд. Аз миёни майсаҳо барги зуферо канду ба даҳон бурд, баргро хоиду хоид, баъд оҳиставу беозор ба ӌароҳати оҳу молид, лаҳзае пас захм аз хунравӣ монд. Мӯйсафед оҳуро аз бағалаш раҳо кард. Оҳу ӌониби марғзор дар тоз шуд…
Сокинони Сардара, кӯдакону занон, пирону духтарон зери дарахти азими сада гирд омаданд. Хомӯш буданду дар ҳарос. Дар чунин рӯзҳои душвор гӯш ба мӯйсафеди Шоӌон медоданд. Пири барнодил такя ба асо дуру дароз фикр кард, пас сар аз домани андеша бардошт:
– Азизонам, саворони зиёде ӌониби марғзори хушманзари мо асп метозанд, нияти нек надоранд, бераҳму сияҳкоранд, агар сари вақт пеши роҳашонро нагирем, хоки диёрро мебезанд. Қавипайкарони мо пушту паноҳи мо ба шикор рафтаанд. Онҳо аз ин бало бехабаранд. Мо пеши роҳи чунин лашкарро гирифта наметавонем. Ягона чораву тадбир ин аст, ки ҳама болои кӯҳи Валвалак бароем, роҳи нахчиргузар, барои расидан ба қулла осон асту бехатар.
– Шумо чӣ, пурсид яке аз чилдухтарон.
– Не фарзандонам, ман мемонам, омадани диловаронро интизор мешавам. Зудтар болои кӯҳ бароед, дасти душман ба он ӌо намерасад, уқобони тезчангол шуморо аз ҳамлаи душман нигоҳ медоранд. Хотирӌамъ бошед…
Ҳама дилкашолу ночор ӌониби доманакӯҳ роҳ гирифтанд. Мӯйсафед таги дарахти сада танҳо монд. Чӣ гуна ба кӯҳ баромадани кӯдакону пирон, занону духтаронро то аз чашм пинҳон шуданашон назора бурд.
Акси моҳ дар оинаи оби ҳавзи Ғузаӌо назаррабо буду пурӌило. Ин қадар зебосту дилоро ҳавзи Ғузаӌо дар рӯшноии моҳи нурполо. Сад ранги мунаққаш рӯйи об тасвирест зебову дилкаш.
Аз даҳ ҳазор зиёд саворони саропо мусаллаҳ бо ҳамҳамаю валвала дар тоз буданд ӌониби Сардара. Шаб, ки гӯшҳояш кар буд, садои суми аспҳои лашкари ғаддору ӌаррорро нашнид. Об лапиш хӯрду акси моҳ аз рӯйи об лағжид. Кӯҳҳои сокиту хомӯшро садои суми аспҳо ба ларза овард. Акнун дарёи орому сокити Дегрез бо шӯру ситез мавӌи ғаму андуҳ ба домани кӯҳ мезад…
Лашкари аду гармои рӯз хаставу ташна ба лаби чашма расид. Саворони аз ташнагӣ сӯхтаву пухта саросема аз аспҳо пиёда шуданд. Чун ба лаби чашма расиданд, чашма ба рӯйи онҳо пилки чашмонашро пӯшид. Чашма хушкид. Сарбозон ҳайрон, аз ташнагӣ беҳолу нотавон буданд. Ноумед ба аспҳо савор шуда, бо қаҳру ғазаб ва доду фарёд асп тозонданд ӌониби Сардара.
Аз роҳи касмагузари оҳугузар болотар, дар болои ӌари Сангпарто галаи мешу нахчирҳо ҳар кадоме болои санге камин гирифта, лашкари савораро интизор буданд. Ҳамин, ки лашкар ба таги ӌари Сангпарто расид, уқобе аз сари қулла бол афшонду пар кушод. Баланд парвоз карду пас қанотҳояшро рост карда ӌониби саворон сарозер шуд. Чун болои сари сарбозон наздик шуд, ба сарлашкар, ки пешопеши сафи саворон мерафт, ҳуӌум кард. Сарлашкар фурсати теғ аз наём кашидан наёфт, уқоб минқор заду чашмаш барканд. Фарёди ӌонкоҳи сарлашкар сарбозонро ба таҳлука афканд. Сарлашкар аз болои зин сарозер ба замин афтод.
Сарбозон саргуму раҳгум куӌо панаҳ бурданашонро намедонистанд. Ҳамин асно бехабар нахчирҳо аз камари ӌар сум ба сангҳо кӯфтанд, сангҳо аз зарби суми нахчирҳо канда шуданд. Санге ба санг бархӯрдаву сад санги дигарро беӌо кард. Сангборон шуд сари лашкар, на тир ҳимояашон мешуду на сипар, аспҳо рам хӯрда саворонро ба замин меафканданд. Кунун болои сари сарбозон чор уқоби тезчангол минқор ба чашму рӯйи онҳо мезад. Набард миёни лашкару уқобҳо то дер давом ёфт. Лашкари душман талафоти калон дод, бо ғазабу асабоният шамшер мезаданд, чунин муқобилияти ногаҳониро интизор набуданд. Уқобҳо хаста шуданд, тири пайкони аду бадани онҳоро сӯрох карда буд, паршикаставу захмӣ бо охирин неруву тавон бол мезаданд сӯи баландии қулла. Охир, уқобон ҳич гоҳ дар пастӣ ӌон намедиҳанд…
Чил духтар, Симину Парвин, Маҳину Ширин, Парвонаву Ӌонона, Афсонаву Рухшона, Ӌилову Таманно, Парию Моҳлиқо ва дигарон аз баландии қулла ин набарди хунинро медиданд. Чун диданд, ки лашкари душман зафар ёфту сари саворон ӌониби Сардара тоб хӯрд, Симин – духтари зебову шармгин, ки то ин дам сари санге гардани оҳуи холдорро дар оғӯш дошт, оҳуро сар доду қомат барафрохт. Бо гесувони сиёҳу дарозаш миёнашро маҳкам баст ва панӌаҳои нозукашро сахт фишурда мушт карду аз баландӣ поин шуд. Духтарон аз ин амали Симин рамуз гирифтанд, лаб накушода бо гесувони дарози хеш камар барбастанд ва аз дунболи Симин раҳсипор шуданд.
Чил духтар аз кӯҳ фуромадаву дар домани марғзор, пеши роҳи лашкари ғаддор саф орост. Саворони ӌанговар пешорӯи худ духтарони хушрӯю хушмӯйро дида, ӌилав боздоштанд. Аз ҳайрат шах шуданд. Чунин духтарони паривашро дар ягон гӯшаи олам надида буданд. Чил духтари моҳпайкар шуданд садди роҳи лашкар. Аз шаҳри Бар - Бар то дашти Ар - Ар саф кашида лашкар ба муқобили чил духтар, чил духтари муштипар, чил духтари моҳпайкар. Саворон чун ба худ омаданд, якбора нафси шаҳвонишон ӌӯш зад, аз аспҳо пиёда шуданд. Хостанд чанг ба номуси духтарон зананд. Духтарон сари зону даст ба дуо бардоштанд:
– Поко, Парвардигоро, худат бинову шунавоӣ. Ба ҳоли бандагони муштипарат раҳм фармо. Нагузор, ки ба домони поки мо дасти хунолуди душман бирасад. Умеди наӌот аз даргоҳат металабем. Ба ҳаққи қудрат ва тавоноият, моро санг бигардон, то роҳи ин лашкари хунхор баста шаваду ба қадамӌои бузургону ниёгон, ба Сардараи хушманзари мо роҳ наёбанд…
Ашки ҳасрату ормон чун борон рӯи чил духтари ормониро мешуст. Дуояшон мустаӌоб гашт. Дасти нопоки душман ба доманашон нарасида, чил духтар санг баст. Чил қуллаи баланд ба фалак сар кашид. Душманро раҳ баста шуд. Чил қуллаи кӯҳ садди баланду касногузар гардид. Лашкари душман ноилоӌ сар фуровард.
Сардара аз хатар эмин монд. Аз ашки ҳасрат ва ормонҳои чил духтар дар домани кӯҳи Чилдухтарон чил чашма ӌӯш зад. Аз он замон то ин замон, аз чил - чили чил чашма ҳар ташна ташнагӣ мешиканад. Мӯйсафеди Шоӌон чашмаҳоро нигаҳбон, рӯз то бегаҳ лаби чашма нишаста ба онҳо роз мегӯяд:
– Духтарони ормонии ман, духтарони қаҳрамонам, пазмонатон шудам…
Аз қаъри чашмаҳо гоҳ - гоҳ садои хандаи ширину беғаши дӯшизагонро мешунид мӯйсафеди Шоӌон…
Кӯҳи Чилдухтарон то ӌовидон бодо моро нигаҳбон!
Раҳматуллоҳи РАҲМОН,
ноҳияи Муъминобод