Нафарест, ки ба зиндагї миёни нохубињо хубї мељўяд, дунёро ба чашми дигар менигарад ва љўёи рангњои зебои зиндагист. Назокату нафосати њаётро ошкор сохта, бо панљањои њунаррезаш рўи матоъ хат медавонад. Дунёи ў рангин, пур аз шодиву нишот ва хушиву шодмонињост.
Макнунаи чирадаст тавонист, ки дар муддати кўтоњ бо њунараш дар ќалби мардум маъво ёбад. Ин бонуи олуфтаву отифа, ки ба тарроњї шуѓл меварзад, дар баробари офаридани наќшу нигори зебо дар матоъ, ќалби саршори муњаббат дорад ва њамеша зебобину зебоофар, зеборафтору зебогуфтор аст.
Ў духтари панљуми хонавода буду умедворињои модарро ба хотири тавлиди писар бар бод дод. Баъдан њафт хоњаракон бузург шуданду талош варзиданд, то волидон эњсоси беписарї накунанд. Миёни онњо Макнуна худро чун писари хонадон масъул медонисту њамеша канори падар буд.
Падар 5 духтари бузургашро соњибкасб намуду кунун навбати Макнуна даррасид. Мањкам Ниёзов, омўзгори Донишгоњи технологии Тољикистон, орзу дошт, ки духтараш ба факултаи дизайнерии донишгоњи мазкур дохил шавад.
Остини чапа
Модараш њунарманд буду ба њайси попурзан дар фабрикањои дўзандагии «Гулдаста» ва «Суман» фаъолият мебурд. Макнуна аз хурдї бо њунари модар ошно буду ба ќавле дар хунаш ин њунар нуњуфта. Аз овони хурдсолї аз чўб лўхтак месохту аз матоъњои ранга ба ў куртачањо медўхт, агарчи њељ гоњ орзуи дўзанда шуданро надошт.
Замоне, ки дар синфи 10 – ум мехонд, њамсояи нави онњо бонуи чирадасте буд. Макнуна, ки кўдаконро баѓоят дўст медошт, соатњо бо тифли ў бозї меорост. Ањёнан ба дарзњои соњибхона зењн мемонд. Бонуи хушпай майлу раѓбати духтаракро ба њунар пай бурд ва ўро ба шогирдї њидоят намуд.
Аввалин куртаро Макнуна дар 16 - солагї дўхт. Агарчи шинаму зебо буд, вале як остини онро чапа часпонд. Тадриљан аз нозукињои њунар бањравар гардид. Падар низ аз шуѓли љигарбанди хеш ќаноатманд буд. Соли 2005 Макнуна донишљўи факултаи технология ва дизайни Донишгоњи технологии Тољикистон гардид.
Рўзњое ториктар аз шаб
Падар, ки ягона ноновари хонадон буд, ба бемории ќанд печид ва аз як пой мањрум шуду нури чашмонаш хира гашт. Вале њамоно мехост ба донишљўён дарс гўяд. Њар субњ Макнуна падарро то донишгоњ њамроњї мекард. Дар як дасти падар чигас буду дасти дигараш бар китфи духтар бо ранљ то синфхона мерасид. Духтар зуд – зуд аз њоли падар хабар гирифта, барояш чойи гарм меовард. Муддате чанд ќиблагоњ аз пой афтиду бистарї гардид.
Бори вазнини зиндагї бар дўши Макнуна афтод, зеро модар дигар парастори падар шуд. Тасмим гирифт, то тарки донишгоњ намояд ва худ нигоњубини падарро ба уњда гирад. Аммо падар ќотеона ба азми духтар зид баромад. Ноиби ректори ваќти донишгоњ Нуралї Шоев, ки дўсти наздики падар ва њамсояашон буд, рўзгори вазнини онњоро дида, Макнунаро дар донишгоњ ба кор гирифт. Пас аз се моњи фаъолияташ ќиблагоњ тарки дунё кард. Макнуна миёнро мањкам барбасту масъулияти падариро ба дўш гирифт.
Идрорпулї ва маошаш барои рўзгор намерасид. Зиёд меандешид, ки чи гуна бори зиндагї бикашад ва нињоят ба хулосае омад, ки бо мактабу боѓча ва маѓозањо њамкориро ба роњ монад. Ў њунари рассомиашро муаррифї намуда, дар шишањо то поси шаб дар сардињо расмњои љашнї тасвир мекард ва маблаѓи ночизе ба даст меовард. Гоњо зањмати ўро намеписандиданд ва аз пардохти маблаѓ сар мепечиданд.
«Ситорањои Кремл»
Дар соли сеюми тањсил ба номи ректори донишгоњ бањри иштирок дар озмуни донишгоњии «Ситорањои Кремл» (Кремлёвские звёзды) - и Донишгоњи давлатии технология ва дизайни Федератсияи Россия, ки баъдан сатњи байналмилалиро касб кард, мактуб ирсол шуд. Дар ин озмун мебоист донишљўёне ширкат варзанд, ки аллакай соњиби коллексияи либосњои хеш буданд. Макнуна, ки ба шартњои озмун мувофиќ буд, барои иштирок дар озмун пешбарї гардид.
Ба љуз аз озмунњои тарроњии сатњи донишгоњї ў дар ягон озмуни дигар ширкат накарда буд ва бо њаяљон озими шањри Москва шуд. Коллексияи либосњояш «Гурдофарид» ном дошту њамагї аз 5 либос иборат. Либосњо бо хусусияти таърихї ва ќањрамонони замони љанг буд. Мутаассифона, аз ширкат ба даври финалї мањрум шуд, вале њамоно ноумед нагардид.
Давоми ду сол Макнуна бо устодонаш Зуњур Њабибуллоев, Љамшед Ѓанизода ва шодравон Рауф Муродов омодагии љиддї дид. Дар соли охири донишљўї дубора иштирокчии озмуни мазкур гардид. Ин навбат коллексияи либосњояшро бо номи «Тумор» пешнињод намуд. Он беш аз 10 либосро дар бар гирифта, аз дастанљом то пойафзол бо наќшу нигори миллї оро дода шуда, бо попур гулкорї гардида буд.
Ў нињоят ѓолиб омада, гувоњномаи ширкат дар «Њафтаи муд» - и шањри Лас Вегаси Амрико, дипломи озмун ва 2 њазор доллари амрикої ба даст овард. Вале роњбарияти ваќти донишгоњ иљозаи рафтан ба Лас Вегасро надоданд. Мукофоти пулиро ба ќарзи бонкие, ки соли аввали иштирок дар озмун барои харољот гирифта буд, пардохт. Њамакнун роњи ў ба дигар озмунњо кушода шуду иштирокчии чандин озмунњои бонуфузи тарроњї дар хориљи мамлакат гардид.
Пешаи омўзгорї
Пас аз хатми донишгоњ Макнуна фаъолияташро дар Донишгоњи технологии Тољикистон ба сифати омўзгор идома дод. Њамчун ассистент аз фанњои ранг дар сарулибос ва тарњрезии бадеии либос дарс мегуфт. Баъди се сол муаллими калони кафедра гардид ва, њамчунин, ба њайси ёрдамчї, коргузор ва њуљљатнигор фаъолияташро пеш мебурд.
Макнуна акнун дар тамоми чорабинињои фарњангї ва љашну маросимњо барои иштирокчиён либос омода менамуд. Соли 2016 ўро ба Донишгоњи давлатии Данѓара даъват намуданд. Маркази дўзандагии «Чаманоро» -ро дар назди донишгоњ ифтитоњ намуд ва занону духтарони ноњияро ба кор љалб кард. Онњо дар зарфи як моњ 500 адад либос омода намуданд.
Замони ифтитоњи ин махзани илм Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон аз бонуи њунарвар Макнуна Ниёзова хостанд, то фаъолияташро дар донишгоњи мазкур идома бахшида, њунари худро ба бонувони ноњия омўзонад. Имрўзњо ў дар кафедраи дизайн, индустрияи муд ва зебосозии шањр аз нозукињои тарроњї ба толибилмон дарс мегўяд. Муаллима то кунун дар маркази дўзандагии «Чаманоро» зиёда аз 1000 нафар шогирд омода намудааст, ки 12 нафари онњо аллакай њамчун устодони касб дар маркази мазкур ба шогирдон таълим медињад.
Макнуна Ниёзова шурўъ аз соли 2017 њамчун мутахассиси пешбари шуъбаи њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ифои вазифа менамояд. Алњол дар курси роњбарикунандаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон тањсил намуда, соли љорї онро хатм хоњад кард. Дар ин росто, њамкории худро бо Донишгоњи давлатии Данѓара низ нагусастааст…
Бунафша РАЊМОНОВА