То фазлу ҳунар
оинапардоз нашуд...
Синфхонаи таълими мењнати литсейи давлатии №1 шањри Левакант боргоњи њунарњои дилафрўзеро мемонад, ки њар тори гулу наќќошињои гуногунранги љињозу дастовезњои он аз пилишки сўзану нўги ангуштони муъљизаофари њунаркорон гузаштаанд. Нигораву осори атиќа намунае аз асарњои њунармандиест, ки долону толорњои идораву ташкилотњои шањрро орову торо медињанд. Хазинаи пурэъљози аз наќшу нигоре, ки дар манзараи њунаристон њувайдо буд, самараи омўзишу зањмати беш аз панљоњсолаи пешавари номдори шањри Леваканд Момагул Давлатова мебошад.
Аз синни наврасї гулдўзию дастбофтњои хуштарњаш харидорони бешумор дошт ва барои зинатороии љињози наварўсон аз њамсояву дигар сокинони дењоти атроф фармоиш мегирифт. Модари њунарпарвар Назокат лаёќатмандии дўхти наврасро ба санъати дўзандагї дида, саъй мекард, ки назокати њунарњои ниёгонро барояш биомўзад. Зодмандон бо ќаноатмандї аз истеъдоди воло ва бозори гарми дасткорињои ў итминон доштанд, ки духтари хушсалиќаашон дигар ниёзе ба идомаи тањсилоти касбї надорад. Аммо ѓайриинтизор Момагул дар арафаи хатми тањсилоти миёнаи умумї азми тањсил кард. Њамроњи бародараш ба Душанбе омад. Њуљљатњояшро ба курси яксолаи дўзандагї супурд ва дар собиќ фабрикаи «50 - солагии СССР» ба кор даромад.
- Бо њама шавќу раѓбат ва таљрибаи панљсолаи дўзандагию дигар њунармандињои хонагї, боз њам љавобгўи меъёрњои фабрика дўхтани либосу аз худ кардани нозукињои кор зањмати бисёр талаб мекард,- аз рўзњои аввали фаъолият дар корхона ќисса дошт Момагул Давлатова.
Баъди Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистонро хатм намудани њамсар, ба шањри Левакант баргашт ва тариќи гузариш фаъолияти мењнатиашро дар филиали фабрикаи «50-солагии СССР» дар шањри Бохтар идома бахшид.
Даврони ба соњаи сердаромад табдил ёфтани саноати дўзандагї, масъалаи бунёди филиалњои фабрикањои дўзандагї дар музофот ба миён омад. Аз сўи дигар, тариќи роњхат коргарони пешќадамро барои такмили ихтисос ба хориља мефиристоданд. Дар доираи чунин як барномаи таълимї Момагул њам дар Латвия тањсил карда, бо унвони мутахассиси дараљаи олї баргашт.
-Латвия аз лињози рушди саноати дўзандагї аз љумњурињои пешрафтаи собиќ шўравї ба њисоб рафта, костюмњои истењсоли ин кишвар ба бозорњои Аврупо роњ ёфта буданд. Ба хотири омодагии мутахассисони дараљаи олї бањри рушди саноати дўзандагї њастии худро ба омўзишу машѓулиятњои амалї бахшида будем, то рўзе ба ривољу равнаќи ин соњаи афзалиятнок муяссар гардем, - иброз дошт Момагул. - Сарфи назар аз он ки як соли тањсил дар коллељи саноатї баробари хатми муассисаи олї менамуд, соатњои фориѓ аз дарс ба фабрикаи дўзандагии шањри Рига таљрибаомўзї мерафтам. Бемуњобо дар солњои баъдї бењтар шудани сатњу сифати либосњои истењсоли фабрикаи мо самараи њамон табодули таљриба ва бозомўзии коргарзанони корхона дар кишварњои пешрафтаи саноатї буд.
Баъди 14 соли фаъолият дар фабрика Момагул Давлатова ба муассисаи хизмати маишии «Садбарг» – и шањри Левакант, ба кор даромад. Њузури тарроњи моњир ва мутахассиси варзидаи соњаи дўзандагї имкон фароњам овард, ки корхона дар муддати кўтоњ дўхти либосро бо сатњу сифати нав ба роњ монда, идораву корхонањои саноатии шањрро бо либоси махсуси корї таъмин намояд.
Давраи нобасомонињои солњои 90-ум, ваќте коргоњњо аз хизмат боз монданд, танњо Момагул Давлатова њар субњ сўи маъмани орзуњояш меомад. Дукону толорњои аз дўзандањо тињимондаро аз назар гузаронда, соате ба поккорию тамизи мизу мошинњои дарздўзї андармон мешуд. Билохира, замони хусусигардонии моликияти давлатї «пири кор» молу амволи коргоњро ба соњибмулки нав вогузошта, худ корашро дар шароити хона идома дод.
-Соли 2004 литсейи давлатии №1 таъсис ёфту маро ба њайси омўзгори фанни таълими мењнат ба кор хонданд. Новобаста ба сукути тўлонии соњаи дўзандагї ин њунари занона вобаста ба талаботи рўзафзуни љомеа ривољу равнаќи тоза пайдо мекард,- мегўяд Момагул Давлатова. –Тўли 16 соли фаъолияти «Мањфили њунарњои мардумї» садњо толибњунарони ин дабистон дар баробари дониш њунарњои кешу гулдўзї ва малакаи кор дар мошинњои замонавии дўзандагиро меомўхтанд. Дар мисоли собиќадорони фабрикањои дўзандагї ва њунармандоне, ки бо таъсиси коргоњњои хонагї дањњо бонувони хонашинро ба шуѓлњои музднок фаро гирифтаанд, дастпарварони њунаристон ба кор омаданд.
Зимни суњбат низ фикру хаёли муаллима банди машѓулиятњои шогирдон буд. Ба гоње зимни суњбатамон аз љой рост шуда, назди шогирдонаш рафта, ба яке рои кор нишон дода, дувумиро бо имову ишора чизе мефањмонд.
Ба гуфтаи бонуи њунарманд, дар баробари таваљљуњи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба рушди њунарњои мардумї, солњои охир талаботи сокинон ва сайёњону мењмонони хориљї ба хариди нигорањои дастсоз ва дигар љињози ороишї зиёд шуда истодааст.
-Шогирдон њунарњои омўхтаашонро дар хонањояшон низ идома дода, аз њисоби фурўши дастранљњояшон дафтару китобу дигар лавозимоти мактабї харид мекунанд. Бо ин шева љалб намудани наврасон ба машѓулиятњои судманд дар замири онњо мењру муњаббат ба арзишњои миллї, њисси хушбинї ва боварї ба тавону имкониятњои љисмонию зењниро бедор месозад,- бо итминон мегўяд Момагул Давлатова.
Љ. усмон,
шаҳри Левакант