Ситорабону Набиева:
«Роҳбалад симои давлат аст»
Ин бонуи матинирода 15 сол аст, ки бо пешаи роњбаладї рўзгор дорад. Тўли сивушаш соли умри хеш пастиву баландињои зиёдеро пушти сар намудааст.
Забондонї
Аз овони хурдсолї дар кўдакистон мањорати ба осонї аз бар намудани забонњои хориљиро дошт. Мураббияњо бањри босамар сайќал додани мањораташ ўро тањрик медоданд. Њангоми тањсил дар МТМУ № 36 ба номи А.С. Пушкин ва баъдан дар литсейи №1 шањри Ўротеппа (њоло Истаравшан) чун хонандаи фаъол мудом дар чорабинињои фарњангї, илмї ва олимпиадањои фаннї аз забонњои русиву англисї љойњои арзандаро соњиб мегашт, ки дар омўхтани забони англисї сањми муаллимааш Гулшан Мӯсоева зиёд аст.
Соли 2001 мактабро бо медали тилло хатм ва тариќи Квотаи президентї шомили факултаи забонњои хориљии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи Бобољон Ѓафуров гашт. Њини тањсил дар чанд ширкати хориљї ба њайси тарљумон ва менељер ба фаъолият пардохт.
Сањми волидон
- Замони мактабхониам ба нобасомонињои солњои 90 – уми асри ХХ рост омад. Аксари волидон љуръат намекарданд, ки духтаронро ба тањсил фиристанд. Миёни њамсабаќон ягона духтар будам. Сањми падару модар дар тањсилам беандоза аст. Падарам, Алиљон Набиев (хатмкардаи Академияи кишоварзии Беларус), модарам Рањбар Исломова, Аълочии маорифи халќ, сарвари мактаб, њамчунин аз фанни забони англисї ба толибилмон дарс мегуфтанд. Онњо барои соњибмаълумот гаштанам шароит муњайё сохтанд, - наќл мекунад Ситора Набиева.
Њангоми донишљў шуданаш «одамони ѓамхор» ба падараш мегуфтанд, ки духтаратро ба хондан нафирист. Љойи духтар хона аст, вале ќиблагоњаш мегуфт: «Духтарам, хон. Оянда зиндагиатро худ бояд пеш барї, ту сазовори зиндагии шоиста њастї». Њамин тавр, ў бо дуои неки волидон сабзид.
Роњбалад
Пас аз хатми донишгоњ дар яке аз намояндагињои ширкати русї дар Тољикистон, ба шањри Душанбе ба кор даъват шуд. Дарк кард, ки дар њуљраи корї нишастан хоси ў нест. Дилбохтаи сайру саёњат буду табиатро дўст медошт. Яке аз дўстонаш пешнињод намуд, то дар фаъолияти роњбаладї худро бисанљад. Ширкати сайёњии Pamir Travel (Памир Тревел) –ро ба ў тавсия дод.
Ба суоли нахустини санљиш, чаро хоњиши дар ширкати сайёњї кор карданро дорад, аз дилбохтаи табиати диёри хеш будан, бо мавзеъњои таърихии Ватан ва урфу анъанањои тољикон шинос намудани хориљиёнро маќсади аслии хеш баён дошт. Ўро бе имтињон ба хатсайр фиристоданд.
Нахустин хатсайр
Соли 2006 хатсайри нахустинаш ба забони англисї мебоист сурат мегирифт. То њол бо ба хотир овардани он лањзањо ўро њаяљон фаро мегирад. Мењмонон ду љуфти сайёњ аз Норвегия буданд. Чењраи кушоду фурўтании онњо боис гашт, то вай хатсайри аввалинашро бурдборона сипарї намояд. Давоми 4 - 5 рўз аз шањрњои Ќўрѓонтеппа (њоло Бохтар), Њисор, Панљакенту Душанбе дидан намуданд. Њамон ваќт эњсос намуд, ки њангоми саёњат на танњо аз худ кардани макони таърихї ва истилоњоти мушаххас муњим аст, балки аз љињати равонї низ мебояд омода буд.
- Мардуми њар минтаќа урфу одатњои хоси худро дорад ва њангоми саёњат донистани он муњим аст. Хушмуомилагиву чењраи хандон низ сирри комёбии роњбалад аст, - мегўяд ў.
Маош ва хашми падар
Аз роњбаладї маблаѓи хуб ба даст меовард. Аввалин маошашро ба кафи падараш нињод. Ќиблагоњ маблаѓи зиёдро дида, нобоварона аз куљо дарёфт намудани онро пурсид. Ситора собит намуд, ки онро бо зањмати њалол ёфтааст. Падар гаштаву баргашта таъкид намуд, то аз бовариаш набарояду духтари шарќї будани хешро ба њељ ваљњ фаромўш насозад. То њанўз ин панди падар дар гўшаш садо медињад.
Нозукињо
Њар пеша ба худ нозукињои хосро дорад, аз љумла шуѓли роњбаладї. Бо вуљуд дар хусуси њар як мавзеи таърихї ба маротиб ба сайёњон маълумот пешкаш намудан, њар дафъа ба сайёњи навомад маълумотро тавре пешкаш менамояд, ки гўё ин маконро худи ў бори аввал дида бошад. Ба ќавли ў, маълумот бояд сањењу дуруст бошад. Чун миёни сайёњон нафароне низ њастанд, ки аз роњбалад дида, маълумоти бештар доранд.
- Роњбалад бояд донишманд, њозирљавоб, равоншинос, њунарпеша, муњаќќиќ, зебобин бошад ва ќобилияти замзама намудани шеъру рубої, муњимтар аз њама, суруду таронањои миллиро дошта бошад. Бо усулњои гуногун сайёњонро ба маконњои таърихї ва урфу одати тољикон љалб бояд кард, - чунин мепиндорад Ситорабону.
Ба андешаи ў забондонї њанўз охири кор нест. Зудамалу чусту чолок мебояд буд. Њангоми баромадан ба баландкўњњо, гоње сайёње худро нороњат њис мекунад ва ё мариз мешавад. Дар ин њолат роњбалад аз уњдаи ёрии аввалин бояд баромада тавонад.
Саёњат мавсимист
Гардишгарон бештар майл ба шикор ва суратшикор доранд. Ќисме ба хотири аксгирии гўсфанди кўњии Марко Поло меояд. Бархе ба рондани мошин дар љойњои хатарнок майл доранд. Аммо 90 дарсади сайёњон дар фасли тобистон барои тамошои табиати зебои Тољикистон меоянд. Барои иддае љашни Наврўз ва сабзаву майсаи дашту даман писанд аст. Ба ќисме пухтани палав, маросими аќди никоњи тољикона, гањворабандон ва њунарњои миллии мардумї намоиш дода мешаванд. Дар ин росто, аз хонаи њунармандони мањаллї низ дидан намуда, бо дастранљи њунари эшон аз наздик ошно мегарданд.
Гуворо
Давоми 15 соли фаъолияташ дар ин пеша лањзањои зиёде дар хотираш наќш бастаанд, ки бархе гуворову ќисме ногуворанд. Мањз тариќи шуѓли роњбаладї тавонистааст бо хориљиён ва урфу одати онњо аз наздик ошно гардаду мењмони хонадони чанде аз онњо шавад. Ба шахсиятњои бонуфузи дигар кишварњо, аз љумла Тони Эвенс - роњбари ширкати бонуфузи Австралия «Travel Directors» (Трэйвел дайректерс), шоњзодаи Лихтенштейн, роњбари ширкати амрикоии «MIR Corporation» (Мир коорперейшн) ва дигарон хизмат расондааст, ки то њол бо онњо мукотибаи онлайнї дорад. Заррае њам бошад, дар муаррифї намудани Тољикистон ба хориљиён сањм гирифтааст.
Ситора Набиева дар Тољикистон ду маротиба ѓолиби озмуни «Бењтарин роњбалади сол» (2016, 2018) гардид, ки дар таърихи соњаи сайёњии Тољикистони соњибистиќлол аввалин маротиба бонуи тољик соњиби ин љоиза гардид. Се сол пайи њам љоизаи «Бењтарин роњбалади тољикзан» - ро аз ширкати хориљии «Овер сиз эдвенче тревел» (Overseas Adventure Travel) дар Тољикистонро комёб гаштааст. Хушбахтона, имрўз вай дар баробари роњбаладї ширкати сайёњии «Tajikistan travel» - ро таъсис додааст, ки аввалин ширкати сайёњї дар шањри Истаравшан мањсуб меёбад. Дар ин љода миннатдории худро ба Сарвари давлат Эмомалї Рањмон мерасонад, ки бањри рушди ин соња сабукињои зиёд љорї кардаву роњбаладонро дастгирї менамояд. Њамчунин, аз роњбарияти Кумитаи сайёњии кишвар низ сипосгузор аст, ки мудом ўро дастгирї менамояд.
Шаҳдрези РАЊМОН