ТЕРАЙ
Терай мавзеест дар ноњияи Шамсиддин Шоњин. Ин макон имрўз бо номи Дашти Терай маъруф аст. Худи вожаи терай дар луѓатномањо ба маънии њамворие дар подомани кўњ омадааст.
Воќеан, Дашти Терай мавзеи калону серпањноест. Онро аз чор тараф кўњњо ва талу теппањои сабзпўш ињота намуда, ин маконро ба як љои зебою назаррабо табдил додаанд. Њар бинандаро аз дидани ин дашт дилаш кушода мегардад.
Аз рўи наќлу ривоятњо, мардуми Кўлоб ба ин дашт чун ба як љои муќаддас ва файзбахшу рўзирасони худ муносибат менамуданд. Зеро ин мавзеъ макони ѓаллаю дона ва дигар анвои хўрданї буд. Заминњои њосилхезаш дар солњои камборишию хушксолї низ њосил медодаанд ва мардум бе наво намемондааст. То замоне Терай њаст, касе аз сокинони ин диёр аз гуруснагї танќисї намекашад. Яъне, Терай чашми сер ва хонаи умеди мардуми Кўлоб буд.
Мањз њамин хосияти некаш боиси ба вуљуд омадани шеъру тарона ва наќлу ривоятњои зиёде гардидааст, ки манзур аз ин гуфтањо нишон додани шукўњу шањомат ва ризќофаринии ин макони бостонист. Дар забони мардуми ин диёр байти зерин бењуда садо намедињад:
Кўлоб чї дорад, Дашти Терай,
Терай, ки њаст, чашм серай.
Суоле посух мехоњад, ки Терай воќеан њазорчашма аст, оё дар ин макон чашмањои зиёде вуљуд доранд ва ё ин ифодаи нўгизабонии мардуми кўњистон аст.
Бояд зикр кард, ки мардуми борикназари тољик дар ягон маврид амал, воќеа ва рўйдоде бесабабу беасос унвон намедињад. Гузаштагон дар ин маврид њамеша аз аќлу заковат кор мегирифтанд ва њар љою маконеро, ки ном мегузоштанд, њатман аз мухотабаш низ меандешиданд, то ном муносиби њол бошад.
Ба Дашти Терай изофа шудани вожаи «њазорчашма» низ, мањсули амали љавњаршиносонаи мардуми дурандеш аст, ки дар номгузорињо ба ѓалаткорї роњ намедињанд.
Терайро «Њазорчашма» ном нињодани онњо, ин иртибот доштанаш ба обу чашмањои зиёди ин макон аст. Зеро воќеан, Терай макони бисёрчашма аст. Њарчанд ки миќдори чашмањои онро шумурдан корест мушкил, манзур аз ин ном, як љои зебо, сабз, салќину пурфайз ва бисёрчашма будани он аст.
Дар хусуси миќдори чашмањои ин дашт, њаминро бояд гуфт, ки ваќте онњо ба якдигар меомезанд, он ба як дарёи серобе табдил меёбад ва мешитобад ба сўи шимол, яъне ба Муъминобод ва аз он љо саранљом то ба шањри Кўлоб рафта мерасад…
Шоёни зикр аст, ки дар гузашта низ ин дашти пурфайзу сероб њамеша мавриди таваљљуњи њокимон ва зимомдорони давр ќарор дошт. Онњо барои соњиб шудан ба ин дашти пурфайз њамеша муљиби гирудор ва кашмокашу тохтутозњо буданд. Ќисме ба ин макон њамеша чашм ало мекард ва барои ба даст оварданаш аз њама гуна зўроварї истифода мебурд. Ин буд, ки дар тўли таърих ин макон дањњо маротиба аз даст ба даст гузашта, боиси кулфат ва ќатлу марги њазорњо сокинони ин диёр гардидааст.
Дар дењаи Доѓистони ин мавзеъ баландиест бо номи Каламнора, ки он нишоне аз ин кашмокашию тохтутозњои њокимон аст. Аз рўи гуфти куњансолони дењ душманон барои ба даст овардани Терай одамони зиёдеро мањв карданд, вале мардуми нотарсу далери ин диёр даштро њифз доштаанд.
Чунончи, аснои њуљуми Абдуллохон ба Кўлоб дар баробари ба даст овардани бисёр мавзеъњои муњими ин сарзамин Дашти Терай низ њамчун як мулки хос, мавриди тасарруфи ин хони ѓосиб ќарор мегирад. Он айём, ба ќавли бархе аз бостоншиносони мањаллї, Кўлоб на дар љои имрўзаи хеш, балки дар мавзеи ќадимтаре бо номи Искўлоб љойгир будааст.
Њофизи Таниш - таърихнависи хоси хон, ки бевосита дар ин задухўрдњо ширкат доштааст, дар китоби худ «Шарафномаи шоњї» дар бораи њуљумњои Абдуллохон ба Кўлоб ба тафсил зикр намуда. Аз љумла, дар бораи он ёдовар мешавад, ки њангоми ишѓоли Кўлоб, мардуми тањљої саросар ба дифои марзу буми худ бархоста буданд ва хонро ба шикаст рў ба рў сохтанд. Вале баъди фирор кардану дуюмбора бо ќувваи нињоят калон њуљум овардан, ќалъаи Искўлобро ба хок яксон месозад ва мардуми зиёдеро аз ин мањал сар мебурад.
Аммо як чиз мусаллам аст, ки Њофизи Таниш дар китоби худ аз љои хеле ободу зебо, бисёрчашма ва сабзу хуррам ва мављудияти Терай низ ёдовар мешавад. Аз љумла, изњор медорад, ки ин мавзеъ ба Абдуллохон бисёр писанд меояд ва ў пирўзии худро дар Дашти Терай муддате тантана мекунад…
Албатта, имрўз Терай он шукўњу шањоматеро, ки замоне дошт, як андоза аз даст додааст. Зеро њељ чиз абадї нест ва он метавонад бо мурури ваќт таѓйир ёбад. Терай низ аз он ки замоне њазор чашма дошт, имрўз як ќисматашро аз даст додааст, вале чизи аз њама асосї: заминњои њосилхез, табиати сабзу хуррам, боду њавои мусаффо ва боз бисёре аз вижагињои он њанўз барљоянд ва метавонанд имрўз њам барои мардум файзу сахо бубахшанд.
Имрўз, ки бо ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба масъалаи рушди соњаи сайёњї, обод гардондани мавзеъњои тамошобоби диёр эътибори љиддї дода мешавад, мавриди назар ќарор додани ин гуна макони сабзу хуррам ва бисёрчашма, айни муддао хоњад буд.
Терайи њазорчашма мавзеест, ки иќлим ва боду њавои ба худ хос, зимистони бисёр хунук ва тобистони бисёр салќин дорад. Бањор дар Терай на дар моњи март, балки дар охирњои апрел ва ибтидои май шурўъ мешавад. Дар Терай фасли аз њама зебо тобистон аст. Тобистон дар ягон мавзеи дигари кишвар ин ќадар салќин нест, ки дар Терай њаст. Дар ин фасл, ин љо агар касро хоб барад, замоне бедор мешавад, ки аз хунукї ларзида истодааст. Месазад, ки чунин як љойи зебою муъљизадорро ба макони табобативу истироњатии мардуми тањдашт табдил дињем, ки тобистон аз гармї хеле азият доранд.
Бигузор онњо ва дигар мењмонони дохилию хориљї тобистон ба Терайи њазорчашма сафар намоянд, аз файзу саховат, аз зебоињои табиат, аз обњои сарду чашмањои яхин ва боду њавои салќини ин диёр бањра бардоранд. Диёри њазорчашма ба маънии томаш дар хизмати мардум ќарор бигирад.
Алихон ЗАРИФЇ,
ноњияи Шамсиддин Шоњин