Чеҳраи гарму нуронӣ ва офтобхӯрдаи ин бонуи заҳматкаши қаҳрамонро мардуми Кӯлоб хуб ёд доранд. Ҳамин қиёфаи одӣ, ки аз сураташ пайдост, аз хоксориҳои ӯ ва аз рӯзгори гузаштааш ҳикоят мекунад...
Вай барои насли ҷавон чандон маъруф нест, аммо барои калонсолон, чун як зани қаҳрамон ошност...
Замони Шӯравӣ ба се гурӯҳи одамон додани унвони қаҳрамониро лоиқ медонистанд. Нахуст, ба онҳое, ки дар роҳи Ватан ҷавонмардию далерӣ нишон дода,ҷоннисорӣ мекарданд, дувум, ба онҳое, ки ҳамин гуна қаҳрамониро дар арсаи кор нишон медоданд. Савум, унвони қаҳрамониро ба занҳое медоданд, ки 10 фарзандро тавлид карда, ба камол мерасонданд.
Турсунбӣ Ҳотамова аз ҷумлаи бонувони ангуштшумори он замон ҳисоб мешуд, ки аз ин се гунаи қаҳрамонӣ, дутояшро соҳиб гашта буд.
Якеро барои заҳматҳои шоёнаш дар арсаи меҳнат, дувуми- ро барои тарбияи даҳ фарзанд. Ҳамчунин, барои хизматҳои шоистааш бо се ордени Ленин муътабартарин мукофоти даврони Шӯравӣ сазовор гардидааст.
Фаъолияти меҳнатии ин бону соли 1950 ҳамчун кол- хозчии колхози «Коминтерн»-и ноҳияи Кӯлоб шурӯъ мешавад. Баъдтар сарвари бригада таъйин мегардад ва то ба охир дар ин вазифа садоқатмандона заҳмат мекашад.
Соли 1990 ба нафақа ба- ромад, соли 2016 дар деҳаи Шакархони Кӯлоб аз олам даргузашт.
Ӯ деҳқони одӣ буд, шуҳрат, обрӯ ва эътибору эҳтиромро аз меҳнати софдилона дарёфт ва саранҷом кори ҳалол ӯро ба мартабаи баланди қаҳрамонӣ расонд.
Шарафмандам, ки ба суҳбати ин бонуи заҳматкаш шарафёб гардидам. Соли 2005, замоне, ки дар шаҳри Кӯлоб ба таҷлили ҷашни 2700 - солагӣ омодагӣ мерафт, иттифоқ афтод, ки чанд тан баҳри аёдат пой ба остони хонаи ӯ ниҳодем. Манзили истиқоматии ӯро хоксорона дарёфтем. Ба ҳар чизе, ки менигаристем, ҳама одӣ буд. Дар ин хонадон ягон чизи ғайримуқаррарӣ ба чашм на- расид.
Чун апаи Турсунбӣ дар хона набуд, моро келинҳою фарзандон бо иззату икром пешвоз гирифтанд. Чанде нагузашту бонуи хона даррасид.
Ӯро дидан замон шинохтам. Ин ҳамон Турсунбӣ Ҳотамоваи машҳур буд, ки сураташро борҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳо дидаву дар борааш аз телевизион намоишҳои зиё
деро тамошо карда будам. Акнун, ӯро бори аввал аз наздик медидам.
Дар чеҳраи гарму нуронияш ожангҳо пайдо шуда, он ҳусну ҷамоли зебояш, ки ӯро бо ҳамон аксаш мешинохтем, андаке коҳиш дида буд. Вале асолати азалияш ҳанӯз барҷой, балки симояшро боз ҳам дилкаштару нуронитар гардонида буд...
Аз он, ки ба аёдаташ ома- дем, хушҳол шуда, саропо дар ҳаяҷон буд ва чӣ гуна изҳори сипос карданашро намедо- нист.
Дар як фурсати кӯтоҳ таво- нист, баҳри мо хеле чизҳоро бигӯяд. Аз ҷумла, аз ҷавонияш низ лаҳзаеро ба хотир овард:
- Соли 1950 дар 14 - солагӣ узви колхоз шудам, кор хеле зиёд буд, қариб ҳамаи корро дастӣ ба ҷо меовардем. Бо мардон дар як саф истода заҳмат мекашидем. Дар бисёр маврид аз онҳо мегузаштем.
Ман дар як рӯз то 260 кило пахта мечидам. Имрӯз ба ин суханҳо касе бовар намекунад. Ҳамон солҳо маро бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР сарфароз гардонданд. Баъдтар ордени Ленин гирифтам. Он вақт ҳамагӣ 23 сол доштам.
Ба суоли чӣ хел ба унвони қаҳрамонӣ сарфароз гаштанаш чунин посух дода буд:
- Тӯли панҷ сол нақшаро ду баробар иҷро кардам. Ба ҷои 23 - 25 - сентнерӣ, 45- 47- сентнерӣ пахта рӯёндам аз ҳар гектар. Он айём ин барои иқлими Кӯлоб ҳосили рекордӣ ҳисоб мешуд. Аз ин пешравиҳо яку якбора шароити маишии аъзои бригадаам хеле беҳ шуд. Даромад зиёд гашту зиндагӣ хуб гардид. Дар як фурсати кӯтоҳ обрӯ ва эътиборам миёни мардум дучанд афзуд, - гуфт ӯ.
Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор ва масъулияти баланде, ки ба уҳдааш буд, боз фурсат пайдо намуда, ба тарбияи фарзандон низ шуғл меварзид. Апаи Турсунбӣ 10 фарзандро тарбия карда ба камол расонд.
Аз пурсишҳои ман ин бонуи куҳансолу пуртаҷриба, ки аз деҳқонӣ ба мартабаи қаҳрамонӣ расида буд, хушҳол гуфт:
- Ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба заминдорон бисёр хуб эҳсос мекунам. Ҳоло дар қиёс ба замони Шӯравӣ сиёсати давлат нисбат ба замин бисёр қавӣ гаштааст. Заминро пурра ба ихтиёри деҳқон додаанд. Ин дастоварди бузургест. Пештар мо дар муносибат бо замин озод набудем. Зеро замин хеле масъалаи ҷиддӣ буд, - изҳор дошт ӯ. - Сиёсати заминро Тоҷикистон мустақилона ҳал карда наметавонист. Имрӯз мебинам, ки Тоҷикистон дар ҳалли ҳама масъалаҳо мухтор аст. Хусусан, дар масъалаи замин ва кишоварзӣ. Аз ин неъмати бебаҳои истиқлолият бояд шукргузор бошем.
Қаҳрамони солхӯрда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҷавонон хеле зиёд барои ҷустуҷӯи кор ба Россия мераванд.
- Мешунавам, ки он ҷо азобу уқубати ғарибиро мекашанд. Бисёрии онҳо деҳқонзодаанд ва он ҷо музди зиёде пайдо карда наметавонанд. Беҳтар нест, ки дар пеши зану фарзанди худ истода корҳои деҳқониашонро идома дода ин қадар сарсону саргардон нашаванд? - афсурдаҳол изҳор кард ӯ.
Ин гуфтаҳоро аз забони каси одӣ не, балки аз зане шунида будам, ки дар меҳнат қаҳрамон гашта, таҷрибаи калони ҳаётӣ дошт. Ӯ аз шунидаҳояш не, бал- ки аз кардаю амалҳояш қисса мекард, аз таҷрибаи зиндагии худ мегуфт.
Ин буд, ки он як дами суҳбат бароям таъсири амиқе гу- зошт. Турсунбӣ Ҳотамова аз зумраи ҳазорон ҷоннисороне буд, ки барои ободии диёру беҳбудии рӯзгори мардум садоқатмандона меҳнат кард ва номашро дар саҳифаи китоби корномаи диёраш ҷовидон сабт намуд.
Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки он дам натавонистам, ин суҳбатро сабт намоям. Воқеан, хизмату заҳматҳои арзандаи ӯ сазовори қиссаю достонҳоянд.
Алихон ЗАРИФӢ