Мусоҳиба бо раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова
- Аз назари Шумо рӯзноманигор кист?
- Журналист нафарест, ки зиёд мутолиа менамояду аз ҳама воқеаҳои дохилу хориҷ бохабар аст. Аз ҳама он чизе, ки рабт мегирад ба рушд ва пешравии ҷомеа, ҳамеша дар ҷараён мебошад. Ва беҳтарин рӯзноманигор ҳамонест, ки дар кадом як соҳаи махсус пайваста фаъолият мебарад ва танҳо коршиноси як соҳа аст. Рӯзноманигоре, ки имрӯз дар самти фарҳанг, фардо соҳаи иқтисодиёт ва рӯзи дигар бобати сиёсат менависад, қобили қабул нест.
Имрӯз чунин ба назар мерасад, ки дар аксари нашрияҳо як нафар журналист ба ҳама гуна мавзӯъ даст мезанад. Албатта, ин вобаста аст ба тангдастии масъулони рӯзнома, ки наметавонад, нафари бештаре дошта бошад ва онҳоро дар тахассусҳои гуногун махсус гардонад.
- Чӣ боис шуд, ки Шумо касби журналистиро интихоб намудед?
- Ба журналистика омадани ман то андозае тасодуфӣ буд. Дар аввал мехостам таҳсилро дар соҳаи шарқшиносӣ идома бахшам. Соли 1987 аввалин маротиба шуъбаи журналистика дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) ифтитоҳ гардид. Падарам маслиҳат доданд, ки ба ин шуъбаи навтаъсис ҳуҷҷат супорам. Тибқи озмун онҳое ба шуъбаи мазкур роҳ меёфтанд, ки собиқаи дусолаи корӣ доранд ё мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардаанд. Чун камина мактаби миёнаро аъло хатм намуда будам ва бо маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ҳамкории зиёд доштам, муяссарам шуд, ки донишҷӯи бахши рӯзноманигорӣ шавам. Ростӣ, хурсанду шарафмандам аз ин.
- Аз журналистони дохилу хориҷ киро эътироф менамоед?
- Пеш аз ҳама, эҳтиром дорам ба журналисти машҳури Россия Владимир Познер. Чун худ талаба ва хатмкунандаи мактаби ӯ ҳастаму нозукиҳои ин касбро аз он ҷо омӯхтаам. Ҳамчунин, мактаби машҳури Киселёв низ бароям омӯзанда буд, таҷрибаи бузурге ҳам аз ин мактаб гирифтам. Дар Тоҷикистон ҳам шумораи журналистони ҳирфаӣ хеле зиёданд ва нисбаташон эҳтиром дораму аз онҳо низ барои худ чизеро омӯхтаам. Аз ҷумла, аз Абдумаҷид Усмонов ҳангоми фаъолият дар телевизион, нозукиҳои кор дар ин самтро аз худ кардам. Зиёд эҳтиром дорам ба касбияти журналисти тоҷик Нуралӣ Давлатов. Ҳамчунин, ба талошу ҷустуҷӯи пайвастаи ровии радио Субҳон Ҷалилов.
- Чӣ мушкилиҳо имрӯз дар соҳаи журналистика дида мешаванд?
- Мушкили аввали журналистон ин танбалист. Ба мутолиа намудан кам рӯ меорему зиёд ҷустуҷӯ намекунем. Аз фановариҳое, ки дар соҳа ҳаст, хуб бохабар нестем. Намехоҳем худро азоб дода, кадом як чизи навро биомӯзем. Ҳамчунин, маводи таҳлилӣ кам менависем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки журналистика дар сурате боқӣ мемонад, агар маводи таҳлилӣ зиёд пешниҳод гардад. Матлабе манзури аудитория шавад, то ки бинандаву хонандаи одӣ ва истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ имкон надошта бошанд, то коршиносона як масъаларо аз ҷанбаҳои гуногун баррасиву таҳлил намоянд. Журналисте, ки пайваста ба хабарнависӣ машғул аст, наметавонад то дергоҳ мавқеи худро устувор нигоҳ дорад.
- Вазифаи ниҳоде, ки роҳбариашро ба зимма доред, аз чӣ иборат аст?
- Шӯрои васоити ахбори омма, яъне ВАО ниҳодест, ки дар дунё ба мислаш сохторҳои зиёде арзи ҳастӣ доранд. Ҳадафи асосӣ, пеш аз ҳама, худтанзимкунии ВАО буда, барои ҳимояи журналистон ифтитоҳ гардидааст. Раёсати шӯро аз 9 нафар аъзо иборат буда, ҳамасола аз 3/1 фоизаш нав карда мешавад. Вазифаи бевосита - ин зери санҷиш қарор додани шикоят ва ё муроҷиати ба ин ниҳод ирсолшуда мебошад. Дар баробари ин, шӯро дорои ҳуҷҷати муҳиме бо номи «Кодекси ахлоқ» аст, ки зери он ҳама аъзо имзо гузоштаанд ва ин одобномаи журналистон ҳисобида шудааст. Он аз 17 банд иборат буда, дар асоси меъёрҳои байналмилалии журналистика омода шудааст. Дурӯғ нагуфтан, аз чанд сарчашма истифода бурдан, туҳмату таҳқир накардан, бе факту бе рақам чизе нагуфтан ва ба ин монанд бандҳо дар кодекси мазкур ҷой дода шудаанд. Ҳар кадом аз шикоятҳои воридшуда дар асоси бандҳои кодекси мазкур баҳогузорӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, хулосаи шӯро танҳо характери тавсиявиро дорост. Шикоятҳое, ки корашон дар суд аст ва баъдан вориди шӯро мегарданд, ҳаққи баррасӣ намуданро надоранд. Зеро, он вақт механизмҳои дигари ҳуқуқӣ кор мекунанд.
- Барои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ин ниҳод чӣ кореро сомон дода метавонад?
- Дар назди Шӯрои ВАО ҳуқуқшинос фаъолият менамояд, ки ҳамаи шикоятҳои воридшударо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ пайгирӣ менамояд ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад. Ба ҷуз ин, ҳуқуқшинос дар ҳама маврид омода аст ба журналистон машварати ҳуқуқӣ бидиҳад. Иловатан, соли гузашта бори аввал Шӯрои ВАО, вебинар-семинари онлайниро бобати дастрасӣ ба иттилоот ва ҷанбаҳои ҳуқуқии он баргузор намуд. Ҳамчунин, барои роҳ надодан ба хато ва то ба мурофиаҳои судӣ нарасидани маводи рӯзноманигорон, дар факултети журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ барои донишҷӯён мастер-классҳои ҳуқуқӣ баргузор карда шуданд, ки ҳар кадоме аз иштирокдорон дар мавриди суолҳои барояшон муҳим вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
- Тавре медонем, Шумо бори дувум ба ҳайси роҳбари як иттифоқи шинохта (Шӯрои ВАО) интихоб гардидед. Кадом корҳои назаррасеро ба нақша гирифтаед, ки бояд амалӣ намоед?
- Нақшаҳо дар ин самт зиёданд. Мутаассифона, тӯли 10 соли фаъолияти шӯро стратегияи дақиқи рушд рӯйи кор гирифта нашуда буд. Вобаста ба таъсиси чунин стратегия, аз раиси иттифоқи журналистони Литва Дэниюс Рэҷвияюс даъват ба амал овардаем, то ки фаъолияти шӯроро омӯзад ва айни ҳол, сари ин тарҳ бо мо кор карда истодааст. Навгонии дигаре, ки соли гузашта мо амалӣ намудем, ифтитоҳи сомонаи нави Шӯрои ВАО ва он ҳам бо номи media consul.tj. Ба хотири мувофиқ будан ба сатҳи байналмилалӣ ин ном гузошта шуд. Чунки таҳти унвони мазкур бештар аз 200 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият дорад ва онҳо барои худтанзимкунии тамоми ВАО кор мекунанд.
Ҳамчунин, моҳи феврал раиси Шӯрои ВАО-и Босния-Ҳерсогавен, хонум Лиана Зубович ба кишварамон даъват карда шуд. Ӯ барои олимони ҷавон, журналистон ва узви раёсати Шӯрои ВАО курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо баргузор намуд. Ҳадаф аз ин, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ассотсиатсияи аврупоии шӯроҳои ВАО буд.
- Журналистикаи давлатӣ ва хусусӣ мегӯянд. То чӣ андоза Шумо ба ин фикр розӣ ҳастед?
- Журналистика наметавонад давлативу ғайридавлатӣ, амрикоиву аврупоӣ ва русӣ бошад. Журналистикаро метавон ба касбиву ғайрикасбӣ ҷудо намуд. Ва баҳогузориву тамоми муносибатҳо аз зовияи касбият бояд бошанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки аз ҳама муҳим, миёни журналистон тавонем як заминаи рақобатпазири солим дошта бошем. Ҳанӯз ҳам журналистонро мебояд аз он фановариҳои ҷадиде, ки дар журналистикаи замонавӣ корбурд мешаванд, бештар истифода бубаранд. Чун тарзи зиндагӣ муосиртар гардида, аудитория бештар ба расму навору матнҳои кӯтоҳ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, дар риштаи журналистика мафҳумҳои нав, аз қабили «Лон грид» рӯйи кор омадаанд, ки ба зисту зиндагонии аудитория мутобиқ гардонда шудаанд. Дар ин мафҳумҳо жанрҳо низ қариб, ки дигаргун шудаанд. Ба ҷойи матни зиёд, бештар аз инфографика ва сурату наворҳо истифода карда мешавад.
- Таманниёти Шумо бахшида ба Рӯзи матбуот...
- Ман, ҳамчун зан, пеш аз ҳама, таманнои онро дорам, ки дар кишварамон сулҳ пойдор бимонад. Орзу мекунам, то қалами ҳар кадоме аз рӯзноманигорони мо созанда бошад, на сӯзанда. Дар доираи қонунгузории кишвари азизамон матлабҳои хешро омода ва манзури муштариён гардонем. Кори хуби якдигарро эҳтирому эътироф намоем.
Шаҳдреза Раҳмон