Тамошои бозёфтҳои таърихии бостоншиносон, ки пушти шиша дар осорхонаҳо маҳфузанд, далелҳои муътамад аз марҳилаҳои гуногуни таърихи башарият мебошанд, ки касро бо воқеияти рӯзгори пешиниён ошно месозанд. Ҷустуҷӯ, пайдо, ҷамъоварии қисмҳои парокандаи бозёфтҳо, муайян кардани марҳила ва тармими онҳо бар дӯши бостоншиносон аст, ки тариқи пешаи пурмасъулияти хеш мероси фарҳангии инсониятро ғанӣ мегардонанд.
Галина Каримова, номзади илми таърих, ходими пешбари илмии шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нозукиҳои бостоншиносӣ ба хубӣ бархӯрдор аст.
- Бостоншиносӣ илми ниҳоят серпаҳлуст ва он гузаштаи таърихии инсониятро меомӯзад ва тибқи манбаъҳои бостоншиносӣ марҳилаҳои гуногуни таърих ба ин тариқ, зина ба зина бо ҳам пайваст мегарданд, - иброз дошт Галина Каримова.
- Дар рафти иҷрои корҳо барои бостоншинос чӣ бештар муҳиму ҷолиб аст?
- Бостоншиносӣ худ илми ҷолибу ҳавасангез аст ва мутахассиси ин соҳа, ки нахустин бор бозёфти таърихиро ба даст мегирад, агарчи он пораи филиз ва ё сафоле бошад, онро муҳим медонад. Пайдо гардидани бозёфт худ далели он аст, ки дар он мавзеъ тамаддун вуҷуд дошта, урфу одат ва анъана аз насл ба насл гузаштаанд ва ё усулҳои истифодаи истеҳсолот мавҷуд будаанд. Бостоншинос наметавонад ҳақиқатро инкор созад, агар чизе пайдо намояд, вазифадор аст, ки оид ба он тадқиқоти саҳеҳ анҷом бидиҳад.
- Санагузорӣ ба бозёфтҳо чӣ гуна сурат мегирад ва то чӣ андоза онҳо дақиқ мебошанд?
- Дар ин самт роҳу усулҳои махсус вуҷуд доранд. Аз рӯи ҷадвалҳои муайян, ки махсусан давраи хронологии санагузориро муайян месозанд, гуногунанд: ташхиси радиокарбонӣ, магнитометрӣ, хокшиносӣ, сафолшиносӣ ва амсоли инҳо, ки санаи дақиқи бозёфтро нишон медиҳанд. Хушбахтона, илми имрӯз назар ба чанд соли қабл хеле пеш рафтааст. Марҳилаи аввали санагузорӣ ҳатман дар макони бозёфт сурат мегирад, яъне муқоисакунӣ ва ҳаммонандӣ кардани он бо дигар бозёфтҳо ва ғайра. Дар ҷумҳурӣ барои муайян кардани санаи таърихии бозёфтҳо озмоишгоҳ вуҷуд надорад. Санагузории радиокарбонӣ ба бозёфтҳо дар тамоми ҷаҳон танҳо дар ду озмоишгоҳ - озмоишгоҳи Санкт-Петербург ва Лондон сурат мегирад ва бозёфтҳои мо низ дар он ҷойҳо ташхис мешаванд.
- Яъне, бо пажӯҳишгоҳҳои бостоншиносии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доред?
- Бале, дар ин самт бо олимони Россия, Фаронса, Олмон ва Амрико таҷрибаи калон ва гуногунпаҳлу дорем. Ҳамчунин, муҳаққиқони Шарқ низ ба фаъолияти тадқиқотии мо ҳамроҳ мегарданд, махсусан аз Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Чин, Ҷопон ва Муғулистон. Алҳол дар ҳафриёти статсионарӣ, ки дар Саразм идома дорад, аз соли 1974 бо институти тадқиқотии Фаронса дар якҷоягӣ пажӯҳиш ба роҳ монда шудааст. Муддати зиёд аст, ки намояндагони пажӯҳишгоҳҳои бостоншиносии Олмон бо олимони тоҷик ҳамкорӣ доранд. Дар ин росто, экспедитсияҳои мо бо пажӯҳишгоҳҳои Федератсияи Россия зуд-зуд ва дарозмуддат сурат мегиранд.
- Дар рафти ҳафриёт дар мавзеъҳои таърихии кишвар пайдо кардани бозёфтҳои нодир, ки метавонанд ҳангома ангезанду назари олимонро оид ба ин ё он марҳилаи таърих тағйир диҳанд, рух медиҳанд?
- Дар ҷараёни ҳар як экспедитсия олимон кашфиёт менамоянду бозёфтҳои нодирро пайдо месозанд, ки онҳо таърихи кишварро пурғановат менамоянд ва ба оламиён собит месозанд, ки тоҷикон тамаддуни қадимии оламгир доштаанд. Ба гунаи мисол, дар Саразми Панҷакент, агарчи аз соли 1951 ҳафриёт гузаронда мешавад, дар рафти чунин корҳо бостоншиносон ҳамасола натиҷаҳои наверо ба даст меоранд. Агар кофтани зистгоҳеро анҷом диҳанд, баъди он ибодатгоҳеро кашф менамоянд, ки он воқеан нодир маҳсуб меёбад. Соли 2018 дар Саразм толореро пайдо намуданд, ки дорои чанд ибодатгоҳ буд. Он ҳафтумин ибодатгоҳи ёфтшуда мебошад, ки шаклан аз дигар ибодатгоҳҳо фарқ дорад. Намои он дигаргун буда, ҳаҷман бузургтар аст, яъне маҷмае ёфт шуд, ки дар Панҷакент қаблан номаълум буд ва ин кашфиёт ҳангома барангехт.
- Чӣ гуна муайян месозед, ки ҳафриёти мавриди таҳқиқ қарордошта метавонад шаҳри қадим бошад?
- Нишондиҳандаи асосӣ ин ҳудуд аст. Лек, барои маданияти шаҳр мавҷудияти соҳаҳои иҷтимоӣ муҳим мебошад, ба амсоли хонаҳои истиқоматӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ, инфрасохтори маданӣ ва ё динӣ, ки фарҳанги диндории аҳолиро инъикос менамояду мутобиқи он зерсохторҳои он вуҷуд доранд, яъне ибодатгоҳҳо, кӯшкҳо ва маҷмаи онҳо, ё худ мавҷудияти махзан аз он далолат медиҳад, ки он осори таърихӣ, шаҳр мебошад.
- Пайдо кардани нишонаҳои тамаддун зери қабатҳои замин заҳмати зиёде металабад. Ғайр аз ин, чӣ монеаҳо метавонанд садди тадқиқоти амиқи бостоншиносӣ гарданд?
- Маблағгузорӣ накардани экспедитсия метавонад монеаҳои ҷиддиро пеш орад. Дар мавзеъҳои таҳқиқшаванда ба кормандон шароити корӣ, ҷойи муваққатии зист, таъмини ғизо ва маош сари вақт бояд муҳайё бошанд. Мушкилоти дигар норасоии кадрҳост. Дар шуъбаи мо кормандон на он қадар зиёданд ва тибқи муқаррарот ҳайати корӣ наметавонад аз ин афзун бошад. Соли гузашта шуъба 18 экспедитсия анҷом дод, ки бештари онҳо дар бошишгоҳҳои таърихии ҷануби Тоҷикистон сурат гирифтанд.
- Саҳми бонувонро дар рафти корҳои ҳафриётӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Касабаи бостоншиносӣ бас мушкил аст ва он заҳмати зиёд металабад, зеро дар рафти экспедитсия аксаран шароит ниҳоят мураккабу сангин мегардад. Ба чунин муҳити корӣ одат ва бардошт кардан барои бонувон кори на саҳл аст. Муддати тӯлонӣ дар саҳро, андаруни хаймаҳо дур аз бошишгоҳи одамон зистан, ба осонӣ даст намедиҳад. То кунун дар Тахти Сангин пажӯҳишгарон дар чунин шароит фаъолият доранд. Ин бошишгоҳ дар минтақаи наздисарҳадӣ қарор дошта, сохтани қароргоҳ он ҷо мамнӯъ аст ва деҳаи наздиктарин дар масофаи 3–4 км дур қарор дорад. Сарфи назар аз ин, ҳодисаҳое буданд, ки занон ба экспедитсия кӯдаконро ҳамроҳ мегирифтанд ва ин тифлакон бо модарони худ хок канда, бозёфтеро пайдо мекарданд.
- Таҳқиқе, ки ба наздикӣ ба сомон мерасонед?
- Китобе дорам бо унвони «Археологи Таджикистана», ки он дар арафаи анҷомёбист. То охири сол дар назар аст, ки китоб рӯи чопро бинад. Он аз қисми монографӣ ва маълумотнома иборат буда, оид ба шарҳи ҳол ва заҳмати 101 нафар донишманде, ки бо илми бостоншиносии Тоҷикистон шуғл варзидааст, ба таври мухтасар маълумот оварда шудааст. Миёни онҳо бонувон низ ҳастанд. Аз ҷумла, Елена Абрамовна Давидович, ки илми тангашиносӣ (сиккашиносӣ)-ро дар Тоҷикистон бунёд ниҳодааст. Мира Бубнова- муҳаққиқи Бадахшон, Нозук Исҳокова - яке аз аввалин кошифони Саразм, Эркиной Ғуломова - муҳаққиқи ҳафриёти Ҳулбук, Татяна Кияткина - ягона зани антрополог дар Тоҷикистон, Татяна Филимонова - муҳаққиқи асри санг, ягона муҳаққиқи бошишгоҳи Кангурт, Олия Қаландарова - муҳофизи фондҳо, Людмила Пянкова, ки таҳқиқи асри биринҷиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд ва дигарон.
- Чӣ гуна муҳаққиқони ҷавонро барои рушди соҳа метавон ҷалб кард?
- Нафароне, ки дар ин соҳа фаъолият мебаранд, бояд ба номи баланди муҳаққиқи асил сазовор, дорои донишу истеъдоди воло ва поквиҷдону ростқавл, бонангу номус ва ватандӯст бошанд, ки бидуни инҳо бостоншиносӣ рушд нахоҳад кард. Хоҳони онам, ки муҳаққиқони ҷавон дар оянда илми бостоншиносии тоҷикро дар сатҳи баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.
Ба ин бонуи сарсупурда, Галина Каримова, ки 35 соли ҳаёти хешро сарфи бостоншиносӣ кардааст, барор мехоҳем. Бигузор таҷриба ва дониши худро дар тарбияи насли нави бостоншиносон, ҷавонони саодатёри тоҷик масраф созад.
О. Хоҷаева