Мусоҳибаи вижа бо Ғазалшо Сафарзода,
сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон
Нахуст мегуфтед, ки омодагиҳо ба соли нави хониш дар чӣ сатҳ қарор доранд?
- Баъди анҷоми соли хониши 2022–2023 кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо таъмири хушсифат гузаронанд. Ба ҳолати 15-уми август корҳои таъмиру ороиши мактабҳо 95 дарсад анҷом ёфта, итминон дорем, ки дар соли нави хониш муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ҷавобгӯи талаботи рӯз дари худро ба рӯи хонандагон хоҳанд кушод. Ҳамчунин, аҳли маориф ҷиҳати мутобиқшавии кӯдакони синфи якум ба соли аввали хониш чорабиниҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ин синни кӯдаконро, ки ба муассисаҳои таълимӣ роҳ меёбанд, ба таҳсил фаро гирифтаанд. Дар ин росто, бо мақсади тақвият бахшидани корҳои методӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз 25-уми июл то 1-уми августи соли равон дар сатҳи вилоят бо кулли мушовирони кабинетҳои методӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд. Дар ин семинарҳо масъулони кабинетҳои методӣ оид ба тағйироте, ки дар барномаҳо ва нақшаи таълимӣ барои соли таҳсили нав амалӣ мегарданд, донишу маълумоти кофӣ гирифтанд.
Инчунин, давоми 10 рӯзи аввали моҳи август, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят семинарҳои омӯзишӣ бо тамоми омӯзгорони фаннӣ доир шуд. Аз 11 то 18 август дар ҳама муассисаҳои таълимӣ машваратҳои августии омӯзгорон доир гаштанд. Дар ин давра ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш, Ситоди корӣ оид ба қабули мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор такшил гардид. То имрӯз зиёда аз 1000 нафар омӯзгори ҷавон, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбаршуда, омӯзгорони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ва, инчунин, бонувони омӯзгор, ки муддате дар тарбияи фарзанд буданд, барои идомаи кор дар муассисаҳои таълимӣ муроҷиат намуданд.
Роҳбарияти раёсати маорифи вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия чӣ иқдоме рӯи даст дорад?
-Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи раиси вилояти Хатлон Ситоди доимамалкунанда оид ба бартарафсозии мушкилоти соҳаи маорифро таъсис додем. Баъдан, таъсиси Маркази методӣ, таълимӣ ва таҳияи адабиёти таълимӣ бо 15 воҳиди корӣ, ташкили «Рӯзи раёсати маориф» дар шаҳру ноҳияҳо, таъсиси ҷоизаҳои «Парчами сайёри ғолиб», «Омӯзгори ифтихории Хатлон», «Соҳибватан», Ҷоизаи 50 номинатсияи «Беҳтарини вилояти Хатлон», таъсиси шаҳодатнома ва мукофоти «Собиқадори маорифи Хатлон», таҳияи барномаҳои судманди телевизионӣ ва дигар ҷоизаву озмунҳо ва иқдомҳои ояндасозии соҳаи маориф аз зумраи ташаббусҳои маорифчиёни мо арзёбӣ мегарданд.
Дар ҳоле, ки 60 фоизи омӯзгоронро бонувон ташкил медиҳанд, оё нишондоди омори роҳбарони мактабҳо аз ҳисоби онҳо қаноаткунанда аст?
- Дарвоқеъ, имрӯз саҳми арзандаи духтарону занон дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар шоиста арзёбӣ мегардад. Онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия иқдомҳои муҳимро ба анҷом мерасонанд. Айни замон, аз теъдоди 164 нафар роҳбари муассисаҳои томактабии вилоят ҳамаро бонувон ташкил медиҳанд. Инчунин, 40 дарсади роҳбарони МТМУ аз ҳисоби занони лаёқатманд мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо кӯшиш карда истодаем, ки дар вазифаҳои мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби бонувон бештар таъин намоем. Фараҳбахш аст, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон роҳбарии шуъбаҳои маорифро бонувон ба уҳда доранд. Инчунин, дар зинаи мушовирони кабинетҳои методӣ, шуъбаҳои маориф ва хизматчиёни давлатӣ дар шуъбаҳои маориф аз ҳисоби бонувон беш аз 60 дарсадро ташкил медиҳад.
Бо назардошти афзоиши нуфуси аҳолии вилоят, барои таъмини хонандагон ба ҷойи нишаст, соле ба бунёди қариб 100 муассисаи нави таълимӣ зарурат ба миён меояд, Шумо ҳалли ин масъаларо чӣ гуна мебинед?
- Аз рӯи таҳлилҳои оморӣ дар қиёс ба соли гузашта шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят 27 ҳазору 8 нафар зиёд шудааст ва дар нисбат ба даҳ соли оянда, агар таҳлил кунем, айни ҳол беш аз 43 ҳазору 200 нафар синфи 10 –умро хатм намуда, зиёда аз 102 ҳазору 600 нафар ба синфи якум омадаанд. Яъне, дар 10 соли оянда таносуби зиёдшавии хонандагон ба 60 ҳазор нафар мерасад, ки ин ҳама ба мустаҳкам намудани заминаи техникӣ, талабот ба омӯзгор, ба кабинетҳои фаннӣ, ҷойи нишаст ва дигар масъалаҳои ба ин монанд пайдо мешаванд. Танҳо дар доираи Қабули барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2027 бунёду азнавсозии 173 адад муассисаи таълимӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар заминаи чорабиниҳо вобаста ба омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдомҳои зиёди бунёдкорӣ дар самти рушди соҳаи маориф пешбинӣ гардидаанд.
Давоми соли хониши 2022–2023 дар ҳудуди вилоят 85 иншооти соҳаи маориф иборат аз 579 синфхона барои 13 ҳазору 848 ҷойи нишаст дар як баст ва барои дар ду баст таҳсил намудани талабагон 27 ҳазору 696 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар 315 мактаб сохтмони иншооти соҳаи маориф иборат аз 2325 синфхона барои 55 ҳазору 743 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар мавзуи нарасидани муаллимон маълумот медодед. Ба андешаи Шумо, чаро баъзе омӯзгорон, ба хусус, кадрҳои ҷавон тарки касб мекунанд?
Алҳол муассисаҳои таълимии вилоят ба 406 нафар омӯзгор аз рӯи ихтисос ниёз доранд. Тибқи маълумот аз 1-уми августи соли ҷорӣ 1286 нафар мутахассиси ҷавон тибқи роҳхат барои оғози фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии вилоят сафарбар шудаанд. Илова бар ин, аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тариқи шартнома муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсусро хатм кардаанд, барои фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимӣ муроҷиат карда истодаанд. Инчунин, имсол аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибае, ки бо сабабҳои гуногун фаъолияти омӯзгориро қатъ карда буданд, дубора барои кор дар соҳаи маориф ба кор қабул карда шудаанд.
Баъзан омӯзгорони ҷавон бо сабабҳои гуногун як муддат аз фаъолияти касбӣ канор мераванд. Ба хусус, ҷавонписарон бо мақсади бунёди манзили истиқоматӣ ва дигар сабабҳои иҷтимоӣ ба дигар корҳои сердаромад машғул шуда, аммо баъди ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоиву оилавӣ дубора ба фаъолияти омӯзгорӣ бармегарданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон