Муҳовара бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо
Ба истиқболи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ноҳияи Мурғоб таровати тозае дорад. Вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи гарми сокинонро аз ин санаи фархунда чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Сулҳу субот, амнияти комил ва ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи бебаҳои таърих насиби мардуми Меҳани азизамон гардиданд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои сокинони ноҳияи Мурғоб низ, шароити созгори рушд ва кору зиндагӣ дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамзистии осоиштаро фароҳам овард. Сокинони ноҳияи дурдасти Мурғоб самараи Ваҳдати милливу Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаёти рӯзмарраашон эҳсос менамоянд. Биноҳои наву зебои замонавии маъмурӣ, бонкҳо, муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ, ки дар ин давра арзи вуҷуд карданд, ба симои марказ ва деҳоти ноҳия ҳусни рӯзафзун мебахшанд.Сокинони шаҳраки Мурғоб ва деҳоти гирду атрофи он бо неруи барқ пурра таъминанд. Ноҳия бо бунёди роҳи байналмилалӣ ба минтақаи транзитӣ табдил ёфт.
Ҳамасола аз гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин аз 8 то 10 ҳазор мошини боркаш зиёда аз 100 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногунро ба кишварамон ворид менамояд. Бунёди шоҳроҳи байналмилалӣ на фақат ба боло рафтани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки равнақ ёфтани инфрасохтори хизматрасонӣ чун манбаи ҷойи кори доимӣ ва даромад мусоидат намуд.
Ширкати фаъол варзидани сокинони ноҳия дар масоили ба истифода додани чоҳҳои обкаш,тозагиву кабудизоркунии маҳал, таъмири роҳҳо, макотиб, чароғонкунии кӯчаҳои шаҳрак ва деҳот, анъанаи дар рӯзи аввали сафарбарӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намудани нақшаи даъват ва дигар амалҳои хайру созанда баёнгари ҳисси баланди ватандӯстист.
Дар баробари ободонии бесобиқа солҳои охир дар ноҳия кабудизоркунӣ вусъати тоза гирифтааст. Бо супориши Сарвари давлат имсол дар даромадгоҳи ноҳия бунёди Боғи фарҳангӣ - фароғатӣ оғоз ёфта, бо саъйи сокинон ва кормандони идораву муассисаҳо дар он ҳудуди 10 ҳазор бех дарахти бед, бутаи ангату хоргул ва сафедору настаран шинонда шуд.Дар маросими ниҳолшинонӣ раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ширкат варзиданд.
Боғи нав масоҳати ду гектарро дар бар гирифта, як қисми он ба таърихи Тоҷикистон бахшида мешавад ва дӯстдорони шоҳмот ҳам дар ин ҷо макони дилписандашонро пайдо хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ноҳияи Мурғоб сафар доштанд, аз мулоқоти нахустинашон бо сокинон чӣ таассуроте доред?
Сокинони ноҳия мулоқоти нахустинашонро бо Сарвари сулҳовару матинирода ҳамеша бо эҳсосоти наҷиб ва ҳаяҷони махсус ёдовар мешаванд.Тобистони соли 1995, замоне, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ҳузури зиёди афроди мусаллаҳ, аз манотиқи гуногуни кишвар авзои ноором ҳукмфармо буд, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайриинтизор ба Мурғоб омаданд. Сокинони ташнаи сулҳ ва ҳаёти амну осуда, зану мард, ки байнашон падарам ҳам буд, ба истиқболи Сарвари давлат дар фурудгоҳ ҷамъ омада, интизорӣ доштанд. Ман духтарчаи хурсол будаму бо ҳамсолонам, дар роҳи пиёдагарди назди бинои мақомоти ноҳия ба бозӣ машғул будам. Ногаҳон мошини сабукраве дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ истоду аз он чанд тан берун шуд. Бо ҳисси кунҷковӣ боло шудему ба сӯяшон нигаристем. Як шахси нуронӣ аз байнашон назди мо омада, сари духтараки маъ¬юбро, ки дар барам меистод, сила кард. Сипас, бо мо, бачагони хурдсол, хайрухуш намуда, бо ҳамроҳонаш ба бинои мақомот даромаданд. Баъдтар фаҳмидем, ки ин шахси меҳрубон Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будаанд. Лаҳзае аз навори ин сафар дар суруди «Ман ориёиям» истифода гардидааст.
Дар ҳошияи мулоқот бо Сарвари давлат ҳама иштирокдорони он аз хурд то бузург ҳамфикр ва ҳамдил буданд, ки Роҳбари хоксор ва дар айни замон ботадбиру матинирода ба кишвар сулҳу амонӣ меоранд.Суханони Роҳбари давлат «Ман ба шумо сулҳ меорам», ки бори дигар дар ин мулоқот таъкид гардиданд, боварӣ ва эътимод ба истиқрори сулҳ ва ҳаёти созандаро дар қалби сокинон ҷо карданд ва пас аз чанде бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҳаёти мардуми кишвар рӯйдоди бузурги таърихӣ ба вуқуъ пайваст.
Зимни сафари нахустин ба ноҳияи Мурғоб, бинобар якбора тағйир ёфтани вазъи ҳаво ва пеш омадани қабати ғафси абр идомаи парвози чархбол номумкин шуд. Чун азми Сарвари давлат қатъӣ буд, исрор варзид, ки зиёда аз 100 километ¬ри дигарро то маркази ноҳия бо автомобил тай мекунанд. Сокинони Алиҷур, ки чархбол дар ин ҷо фуруд омад, ба ёрӣ шитофта, дастҷамъона ягона мошини сабукравро омодаи ҳаракат карданду Роҳбари давлат бо ронанда, ду муҳофиз ва нафари дигари ҳамроҳ сафарро идома доданд, ки ин дар вазъияти басо мураккаб шуҷоату қаҳрамонии бемисл буд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат 7 маротиба ба ноҳияи Мурғоб ташриф оварданд, ки ҳамагӣ таърихӣ ва тақдирсоз буда, дар сафари навбатиашон, ки соли 2018 ба вуқуъ пайваст, бо пахши тугмаи Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» хонаводаҳои сокинони маркази ноҳия ва деҳоти гирду атрофи онро бо чароғи раҳмонӣ равшан гардонданд.
Сардиҳои зимистон дар Мурғоб баъзан то 45 - 50 дараҷа мерасад. Соли гузашта бо супориши Сарвари давлат барои хариди ангишт ба муассисаҳои самти иҷтимоии ноҳия иловатан 3 млн сомонӣ равона гардид. Ҳамзамон, бо дастури Президентамон аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ барои хоҷагиҳои ниёзманди ноҳия 115 тонна ангишт, бо нархи ҳар килояш як сомонӣ дастрас шуд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои камбизоати ноҳия 400 тонна ангиштро чун ёрии якдафъаина ройгон дастрас намуд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он мусоидат карданд, ки ҳам хонаводаҳо ва ҳам муассисаву идораҳо зимистонро бидуни мушкилот паси сар созанд.
Аз назари Шумо ноҳияи Мурғоб барои сайёҳон чӣ ҷаззобият дорад?
Талоши инсони табиатан эҷодкор барои ҳаёт дар шароити сарду сахту сангини иқлимӣ,тарзи зист ва ҳунари волои халқҳои тоҷику қирғиз барои сайёҳон мароқангез аст. Ноҳия бо олами рангини набототу ҳайвонот, кӯлҳо, ки «чашмони нилгуни Помир» меноманд, табиати дастнохӯрдаи моҳтобӣ тамошогарони зиёдро ҷалб мекунад.
Айни ҳол 16 ширкати сайёҳӣ расман фаъолият дорад, ки дар онҳо бештар аз 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шудааст. Сайёҳии экологӣ рушд дорад, меҳмонон савори қутос, асп ва уштур манзараҳои зебо, дашту даманро сайр менамоянд. Теъдоде ба сайёҳии табобатӣ, аз ҷумла муолиҷа ёфтан бо шири байтал (қумиз) мароқ доранд.
Оғози саноатикунонии ноҳия чӣ гуна сурат мегирад!
Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой буда, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб кулли маъданҳои ҷадвали Менделеевро пайдо намудан мумкин аст. Боиси хушнудист, ки дар доираи рушди саноатикунонии босуръат ба коркарди маъданҳо дар минтақа оғоз бахшида шуд.
Дар маҳали Якҷилва бо ҷалби ширкати чинӣ корхонаи коркарди нуқра ба кор даромад. Бештар аз 220 сокини маҳаллӣ бо маоши хуб ва ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардид.
Барои мақоми шоиста гирифтани забони давлатӣ дар ноҳия кадом тадбирҳо амалӣ шудаанд?
Коргузорӣ дар идораву муассисаҳои давлатӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳо донандаи хуби забони давлатӣ ҳастанд. Шиору овезаҳо ба забони давлатӣ навишта шуданд. Бо дастури Сарвари давлат се сол пайи ҳам ҷудо шудани квота барои 100 довталаб аз ҳисоби хатмкунандагони ноҳия барои таҳсил дар макотиби олии минтақаҳои гуногуни кишвар имкон фароҳам сохт, ки камбуди мутахассисон дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, пизишкӣ, кишоварзӣ ва сохтмон бартараф шавад.
Дар ноҳия 13 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла як мактаби тоҷикӣ ва як мактаби дузабона фаъолият дорад. Дар 12 мактаби қирғиззабон гурӯҳҳои тоҷикӣ таъсис дода шуданд, ки дар он тамоми фанҳо бо забони тоҷикӣ таълим дода мешаванду хоҳишмандони таҳсил дар ин гурӯҳҳо зиёданд. Забони давлатӣ дар ноҳия ба маънои пуррааш мақому манзалати шоиста дорад.
Оид ба мақоми бонувон дар ноҳия чӣ назар доред?
Нақши боризи занони меҳнатдӯст, мушкилписанд, ҳунарманд ва эҷодкори ноҳия дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бармалост. Бонувони ҳунарманд ҷуроб, қолину палос, намад мебофанд. Дар тайёр намудани маҳсулоти ширӣ ҳамто надоранд. Аз пӯсту пашм бозичаҳои ҳархелаи бачагона, сумкачаҳои занона, миёнбанд ва дигар маҳсулоти ороишӣ месозанд. Мурғоб сарзамини ваҳдат ва ҳунар аст ва ин ҳамгироии фарҳангӣ, эҳтиром ба сулҳ, ҳаёти осоишта, дӯстӣ, меҳнат дар маҳсулоти бофандагӣ ва гулдӯзии занони ҳунарманд дар шакли гулпартоиҳои гуногун бо рангҳои сафеду сабз дар шакли барҷаста тасвир ёфтаанд.
Дар сохторҳои гуногуни мақоми роҳбарику¬нанда 52 зан фаъолият дошта, саҳми онон дар идоракунии давлатӣ 64 фоизро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар вилоят аст. Ҳамчунин, 37 зан дар зинаҳои гуногуни мақомоти намояндагӣ вакили интихобкунандагони ноҳия аст.
Ба манзури дастгирии рушди соҳибкорӣ ва равнақи ҳунармандӣ дар солҳои гуногун 9 зан гранти президентӣ дарёфт намуд, ки 5 нафар қирғизтабор мебошад.
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба мақсади мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ноҳия 16 мошини дӯзандагӣ туҳфа гардид, дар ин замина бонуи соҳибкору ҳунарманд Бифотима Турганбеева коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дод. Айни ҳол 20 бонуи ҳунарманд ба шуғл фаро гирифта шуд, онҳо дар дӯхтани либоси мактабӣ тахассус доранд.
Таманнои Шумо ба ифтихори Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ?
Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро арзишмандтарин дастовард ва боли иқболи миллату давлатамон номиданд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Ваҳдати миллӣ, сулҳ, ҳаёти амну осоишта ва ҳусни ҳамҷаворӣ кафили пешрафту шукуфоии ҳар миллату давлатанд ва мо ин дастовардҳоро дар ҳаёти рӯзмарраамон дар Боми ҷаҳон эҳсос менамоем.
Халқҳои тоҷику қирғиз асрҳо паҳлуи ҳам, дар фазои сулҳу дӯстӣ, бародариву баробарӣ зиндагии осоишта ва бунёдкорона доштанд ва пос доштани фарҳанги сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии осоиштаву халалнопазирро барояшон муқаддас ва масъулияти бузург медонанд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Мурғоб