Дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо яке аз бонувони фаъол, собиқадор, вакил ва иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин зан - котиби аввали Кумитаи ҳизбӣ, раиси вақти ноҳияи Ҷиргатол (Лахши имрӯза) Давлаталиева Зууракан Шамшиевна суҳбате оростем.
Ҳамчун вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзҳо чӣ хотираҳо доред?
- Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклоли Тоҷикистон оғоз ёфт. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ» (ИҶШС) қабул гардид, ки мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон шуд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.
Соли 1991 пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ заминаеро ба вуҷуд овард, ки ҷумҳуриҳо мустақилона мафҳум ва мазмуни истиқлоли худро тағйир дода, хоҳиши ҷиддиро барои расидан ба истиқлоли воқеӣ нишон доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно набуд. Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар иҷлосияи ғайринавбатӣ 9 сентябри соли 1991 қабул гардид, Истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Қабули маҳз ҳамин ду санади муҳими ҳуқуқӣ барои эълон намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр асос гардид. Тоҷикистони мустақил аз қадамҳои нахустин дар роҳи истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Қувваҳои мухолифин, ки аз берун роҳнамоӣ мешуданд, сокинони кишварро ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Бародар бо бародар ҷангиду хуни мардуми бегуноҳ рехт.
-Замони нооромиҳо дар баробари вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, роҳбарии ноҳияи Ҷиргатол низ бар дӯшатон буд. Чӣ гуна часпу талош доштед?
- Он шабу рӯз минтақаи Рашт зери фишор ва тасарруфи қумондонҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин қарор дошт. Вақте маро раиси ноҳияи Ҷиргатол таъин намуданд, 10 рӯз дар шаҳраки Ғарм мондам, зеро ба ноҳия рафтан хатар дошт. Баъди гуфтушунидҳои зиёд бо гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки билкул зидди раис таъин шудани ман буданд, созишу гузаштҳо намуда, ба ҳудуди ноҳия ворид шудам. Он замон ягона зан дар минтақаи Ғарм будам, ки роҳбарии ноҳияро ба уҳда доштам. Тавассути сарҳад аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ноҳияи Ҷиргатол сӯзишвориву озуқа ворид мегардид, зеро бо роҳи Душанбе интиқол додани молу маҳсулот сахт мушкил буд. Аз Ҷиргатол то Душанбе қумондону гурӯҳҳои гуногуни силоҳбадаст дар чорроҳаву дуроҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишину пулҳо ва боз саду якҷои дигар камин гирифта, ба корвонҳои мошин ҳамла намуда, молу маҳсулоти халқро ба яғмо мебурданд. Ҳатто барои пули нафақа ва маоши мардумро овардан, аз корвони ҳарбӣ ё чархбол истифода мекардем. Дар яке аз чунин сафарҳо тавассути чархбол, ки аз пойтахт маблағи нафақа ва маош меовардем, чархбол дар ноҳияи Тоҷикобод ба замин афтиду оташ гирифт. Аз нишасти сахт ва алангаи оташ ҷароҳатҳои зиёд гирифтем. Ҳама молу маҳсулот ба коми оташ рафт. Он лаҳза на аз дарди ҷонкоҳи ҷароҳатҳо, балки аз сӯхтани маоши мардум талхгиристам. Ҳарчанд хостем аз коми оташ пули мардумро наҷот диҳем, нашуд… Мо - вакилони Шурои Олиро он замон воҳима ва яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд. Намедонистем, ки фардо чӣ мешавад. Хушбахтона, дар ҷаласаи 16 – уми Шурои Олӣ, вакили боғайрат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудем. Он рӯзи таърихӣ Сарвари давлат аз минбари баланд ваъда дод, ки ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳ хоҳам овард. Албатта, барои давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба даст овардани сулҳ ва оромӣ дар кишвар муҳим ва зарур буд, вале барои ба он расидан чи қадар кӯшишу ҷонбозиҳои зиёд дар пеш буд. Гуруснагиву сарсонӣ ва нооромӣ тамоми кишварро фаро гирифтанд. Ҷанги хонумонсӯз талафоти ҷонии зиёд овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонааш мушкилиҳоро паси сар намуд ва ба Тоҷикистон сулҳи деринтизорро овард.Вақте ҳамчун раис ба ноҳия омадам, касеро дар
мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ ёфта наметавонистам.Мардум хонаҳои худро партофта ба Қирғизистон гурехта буданд. Солҳои ҷанг аз ноҳия қариб 12 ҳазор нафар баромада рафт. Мутахассис намонда буд, касе корро дар мақомоти маҳаллӣ ё идораҳои давлатӣ ба зимма гирифтан намехост. Мардум солҳо бемаошу бенафақа монда, дар мақомот кор кардан намехостанд. Дар идораҳои давлатӣ кор кардан душвориҳо пеш меовард, барои зан, боз ҳам сангинтар буд. Вале вақте Сарвари давлат ба ман бовар карду ба ин вазифаи пурмасъул таъин намуд, дигар роҳи бозгашт набуд. Мардум сабӯсу кунҷора ва ҳатто «комбикорм», ки хӯроки чорвост, истеъмол мекарданд. Роҳҳо банд, бебарқиву сардӣ, минтақа дар бумбаст қарор дошт. Дар кӯчаҳо касеро намедидӣ. Агар садои мошине аз дурӣ ба гӯш мерасид, одамон руст мешуданд. Бар он бовар буданд, ки аскарони бесар меоянд, зеро танҳо онҳо имкони бо мошинҳо гаштанро доштанд. Онҳо нақлиёту техника, мошинолоту тухмиҳо, чорвои калону майда ҳамаро ба яғмо бурданд. Зиёда аз 60 ҳазор сар моли майда ва қариб 11 ҳазор сар чорвои калони хоҷагиҳоро маҳв намуданд. Баъди каме ба эътидол омадани вазъ, бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳия кумакҳои зиёде равон кард. Қариб ҳар моҳ аз Душанбе ду - се мошини боркаш озуқа мекашонд. Дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои байналмилалӣ маводи озуқа, сӯзишворӣ ва тухмӣ ба мардум ройгон тақсим карда шуданд. Кишоварзон дар заминҳои худ картошка ва ғалла киштанд. Сол аз сол хоҷагиҳои давлатӣ истеҳсоли картошкаро ба 50 ҳазор тонна расонданд, ки нисбат ба замони шуравӣ қариб як баробар зиёд буд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мардум садҳо гектар заминро барои бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кард, заминҳои президентӣ одамонро аз гуруснагӣ наҷот доданд, барои бунёди хона қариб 200 гектар замин ҷудо шуд. Алҳол сокинони ноҳияи Лахш бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки давлату Ҳукумат ба онҳо муҳайё намудааст, сатҳи зисту зиндагонии худро баланд бардоштанд. Оилае нест, ки дар ихтиёри худ мошини сабукрав надошта бошад. Фарзандҳояшон дар макотиби олии кишвар ва хориҷ аз он таҳсил мекунанд, ки ин ҳама гувоҳи зиндагии хубу шоиста мебошад. Метавонед бигӯед, ки мухолифин он замон чӣ мехостанд?
- Танҳо як чиз, ба сари ҳокимият омаданро. Дар минтақаҳо кори қумондонҳо ё ба ном муҷоҳидин ғоратгарию мардумозорӣ буд. Ҳатто кӯрпаву кӯрпача ва ҷиҳози наварӯсонро мегирифтанд. Кор то ба ҷое расида буд, ки худро қозиву муфтӣ эълон намуда, даст ба қатли одамони бегуноҳ заданд. Занону духтарон, умуман, на мехонданду на кор мекарданд, ҳатто ба кӯча намебаромаданд. Минтақаро Давлати Исломии Қаротегин эълон карданд. Зулму ситам рӯи мардуми бечора буду халос. Албатта, ин ҳама аз хориҷа роҳбарӣ ва маблағгузорӣ мешуд. Имрӯз ошкор гардид, ки баъзе аз кишварҳои минтақа барои манфиатҳои геополитикӣ ва амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ ба сари мардуми мо ин ҷангро таҳмил карданд.
Имрӯз ба насли нав, ки чунин рӯзҳои сахту сангинро надидаанд, чӣ гуфтание доред?
Ҷавонон имрӯз бояд таърихи Ватани худро хуб омӯзанду хуб донанд. Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз соли 1994 то соли 1997 идома ёфт. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифин, 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин дар шаҳрҳои Кобул, Москва, Теҳрон, Исломобод, Алмаато ва Ашқобод баргузор гардид. Дар рафти музокирот 9 аснод, ки асоси Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистонро дар бар мегирифт, қабул шуд. Бахусус гуфтушуниди Хусдеҳ дар вазъияти ҳассос ва душвори Афғонистон баргузор гардида буд. Қариб дар тамоми қаламрави ин кишвар толибон ҳукмфармо буданд ва ба ҳукумати қонунии Афғонистон фишор меоварданд. Бо вуҷуди ин ҳама, бо миёнҷигарии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош кард, ки дар ин вазъияти мураккаб музокирот бо мухолифин доир шавад. Ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат расидан даркор. Ҷавонон бояд инро бо меҳнат, омӯхтани илму дониш ва садоқат ба Ватан собит созанд. Соҳибихтиёрии кишварро бояд азиз дошт, зеро меваҳои шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ осон ба даст наомадаанд.
Далер САФАР