15 |
СОЛИ «БАҲОРИСТОН»
БО КӮДАКОНУ НАВРАСОН
суҳбат бо директори Муассисаи давлатии
«Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» Дилафрӯз Амирзода
- Муаллима, нахуст фаъолияти эҷодиатонро аз барномаҳои кӯдаконаи Телевизиони Тоҷикистон оғоз намудаед ва имрӯз роҳбарии шабакаеро ба уҳда доред, ки тамошобини асосии он кӯдакону наврасонанд. Андешаҳоятонро атрофи барномаҳои дирӯз ва имрӯзи бачагонаи шабакаҳои телевизионӣ иброз медоштед.
- Вақте дар курси панҷуми факултаи филологияи тоҷик (гурӯҳи журналистика) - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил менамудам, бо дастгирии журналисти шинохта Саёҳат Неъматова корро дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири барномаи «Алифбоҷон, Алифбо» оғоз намудам. Баъдан, муҳарририи барномаи «Қобил кист?» - ро, ки аз саҳначаҳои панду ахлоқӣ барои бачаҳо иборат буд, ба уҳда доштам. Дар баробари ин, муаллифи барномаҳои «Хоби ширини хурдтаракон» ва «Калидчаи заррин», ки барои тамошобини вақт маҳбубияти хоса дошт, будам.
Соли 2005 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидам. Фаъолияти 10-сола дар ин самт низ маро аз барномаҳои кӯдакона дур накард. Баръакс, рисолату масъулияти бештареро дар рангорангсозии тамоми барномаҳои телевизионӣ, инчунин, барномаҳои кӯдакону наврасонро ба дӯш доштам.
Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, таҳти №350 таъсис дода шуд. Нахустин маротиба 4 - уми сентябри соли 2006 барномаи аввалин пахш шуд. То рӯзи ба фаъолият шуруъ намудан ва баъд аз он низ кормандони кумита ҷиҳати омода сохтани барномаҳо ва пахши онҳо масъул будем.
- Аз пахши аввалин барномаи «Баҳористон», ки оғозбахши фаъолияти ин шабака буд, чӣ хотироте доред?
- «Баҳористон» аз зумраи он дастовардҳои замони соҳибистиқлолист, ки дари худро бо як ҷаҳон андешаву идеяҳо ба рӯйи кӯдакону наврасон боз намуд. Барномаи «Маҳбуб» аввалин маҳсули кори эҷодгарони ҷавони «Баҳористон» буд, ки аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд. Қаҳрамон ва меҳмони асосии барнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар ҳалқаи кӯдакону наврасон суҳбати озод оростанд.
Вақт зудгузар аст. Тӯли 15 соли фаъолият «Баҳористон» бо барномаҳои ҷолиб дар инкишофи зеҳниву ахлоқии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ нақши созгор бозид. Тариқи сомонаи «Баҳористон» ихлосмандон ва ҳаводорони барномаҳои он андешаҳои хешро иброз медоранд, ки аз маҳбубияти хосаашон нисбат ба барномаҳои шабакаи мазкур дарак медиҳад. Имрӯз беш аз 50 барномаи Телевизиони «Баҳористон»-ро 76,93 дарсади мардуми ҷумҳурӣ (на танҳо кӯдакону наврасон) тамошо мекунад.
Алҳол, беш аз 100 корманди эҷодӣ ва ҳам техникӣ, ки аксар бонувонанд, талош бар он доранд, то беҳтарин барномаҳо барои кӯдакону наврасон таҳия созанд. Инчунин, барои дар сатҳи баланди касбӣ, босифат таҳия намудани лоиҳа ва барномаҳои калонҳаҷм муассиса ба тариқи шартнома мутахассисони соҳаҳои гуногунро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.
- Аслан, дар шабакаҳои телевизионӣ мутахассисон ва соҳибтаҷрибаҳо ровиёни барномаҳоянд. Аз он ки ровиёни барномаҳои ТВ «Баҳористон» бисёртар кӯдакону наврасонанд, дар омода сохтани барномаҳо мушкилӣ пеш намеояд? Ва бо кадом васила тавонистед, ки кӯдаконро ба кори телевизион ҷалб созед?
- Воқеан, омода намудани мутахассис, бахусус аз миёни кӯдакону наврасон, хеле мушкил аст. Озмун эълон шуд ва кӯдакону наврасонро барои иштирок даъват намудем. Дар муддати кӯтоҳ аз байнашон нафароне пайдо гаштанд, ки воқеан маҳорат ва салиқаи баланди ровигӣ доранд. Маҳз чунин чеҳраҳоро интихоб намуда, барномаҳо тарҳрезӣ кардем. Ба вақти омодасозии барномаҳо эҳсоси боварии кӯдакону наврасон бештар аст, нисбат ба донишҷӯёне, ки нав ба фаъолият мепардозанд.
ТВ «Баҳористон» мактаби тарбия ва касбияти насли наврас аст ва роҳкушои ояндаи онҳост. Қаҳрамонҳои барномаҳои муассиса кӯдакони аз 4 - сола боло мебошанд. Метавон чанде аз онҳоро ёдовар шуд, ки дастпарвари ҳамин мактабанд ва имрӯз дар ин самт фаъолият доранд. Ба мисли Фарангис Шозедова, ки дар ТВ «Баҳористон» барномаҳои «Панҷаи ҳунар», «Олами техника» ва ғайраро омода мекард, алҳол дар Телекомпанияи «Мир» муҳаррири барнома аст.
- Аз нигоҳи Шумо кадом барномаи «Баҳористон» тули ин давра дар байни тамошобин маъруфияти хешро гум накард?
- Ҳар маҳсули эҷодӣ мухлиси худро дорад ва он аз ҷониби хоҳ тамошобин ва ё шунавандаю хонанда эътироф мегардад. Аз он ки барномаи «Парвин» дар дарёфти кӯдакону наврасони боистеъдод муваффақ гашт, ин барнома байни тамошобинон маъруфият пайдо намуд. Ҳоло ки байни ҷавонону наврасони соҳибистеъдод Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гузашта истодааст, аксар ғолибони барномаи «Парвин» мебошанд. Ифтихор дорам, вақте дар Телевизиони «Шаҳнавоз» сарояндаи ҷавону муваффақ аз боби ҳунари хеш суҳбате оростааст, ки ӯ низ замоне иштирокдори ҳамин барнома буд.
Вақте барномаи «Ангубин», ки қаҳрамонҳояш хурдтаракони то синни мактабиянд, бо донистани шеъру тарона ва ғазал дили калонсолонро тасхир намуда, онҳоро ба шеърдонӣ даъват месозанд, чӣ қадар руҳафзост.
- Аксар бар онанд, ки дар барномаҳои зеҳнии «Баҳористон» кӯдакону наврасоне ширкат менамоянд, ки аллакай пешакӣ омода шудаанд. Яъне, ин барномаҳо чӣ гуна тарҳрезӣ мегарданд?
- Барои ширкат ба барномаҳои интеллектуалӣ (зеҳнӣ) кӯдакон, наврасону донишҷӯёни зиёде ҷалб мегарданд ва танҳо онҳое дар ҷараёни барнома иштирок менамоянд, ки дорои донишу малакаи баланди зеҳнӣ мебошанд. Аз ҳамаи фанҳо бохабаранд, китобҳои зиёд дар бораи олами набототу ҳайвонот хондаанд. Хуллас, интихоби иштирокчии барнома сарсарӣ нест. Барнома мебоист тарзе тарҳрезӣ шавад, ки ба тамошобин таъсирбахш бошад ва барои омӯзиш ва китобхон шудани бачаҳо мусоидат намояд.
Барномаҳои интеллектуалии «Донояк», «Ба пеш!», «Бо ҳам меёбем!» ва «Донишвар» аз зумраи барномаҳоеанд, ки тариқи саволу ҷавоб сурат мегиранд ва барои ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон таъсири амиқ мегузоранд. Онҳоро водор месозанд, то мисли қаҳрамонҳои барнома китоб варақ зананд, энсиклопедия хонанд ва дар ҷустуҷӯи илм бошанд.
- Бештари тамошобин бар он назаранд, ки тарҷумаи филмҳо, бахусус филмҳои тасвирӣ хеле заифанд. Оё хуб нест, ки барои забондон шудани тамошобинон онҳо ба таври аслӣ пешкаш гарданд?
- Мутаассифона, алҳол филмҳои тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон хеле каманд ва чанде, ки ҳаст, онҳо бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик тарҷума шудаанд, ба мисли «Об аз куҷо меояд?», «Дӯстони бовафо» ва ғайра. Дар тарҷумаи филмҳои тасвирӣ камбудиҳо ҷой доранд. Мо ин масъаларо ба инобат гирифтаем, албатта, ин камбудӣ ҳалшавандааст, аммо бо назардошти тамошобинони деҳоти дурдаст, филмҳои тасвирӣ ба забони тоҷикӣ намоиш дода мешаванд.
Муҳим ин ки таъсири бад ба зеҳни кӯдак нарасонад. Дар интихоби филмҳои хориҷӣ хеле ҷиддием. Суннатҳои аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ ба мадди назар гирифта мешаванд. Одоб, иффат, шарм аз арзишҳоеанд, ки бояд аз кӯдакӣ дар ботини инсон ҷой шаванд ва ин тариқи барномаҳои телевизионӣ осон амалӣ мегардад.
- Имрӯз чӣ мушкилие садди роҳи амалӣ сохтани нақшаю идеяҳо дар бобати тарҳрезӣ ва пахши барномаҳо ҳаст?
- Ягона мушкил дар самти омодасозии барномаҳо нарасидани техникаи замонавӣ мебошад. Бе техникаи муосир, ки имрӯз рушди бемайлон дорад (бахусус дар соҳаи телевизион), наметавон мувофиқ ба завқи тамошобин барнома омода сохт. Таваҷҷуҳи бинандаро маҳз чизҳое ҷалб месозанд, ки ба воситаи техника анҷом меёбанд. Мутмаинам, ки дар сурати ҳалли ин мушкилот сифати барномаҳои «Баҳористон» аз барномаҳои шабакаҳои телевизиони хориҷӣ камтар нахоҳад шуд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО