Мусоҳибаи ихтисосии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода
- Муҳтарам вазир, нахуст мехоҳем дар мавриди вазъи эпидемиологии кишвар маълумот диҳед?
- Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми нимаи аввали соли 2021 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, зуком ва сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди табби хунин, вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд. Вазъи эпидемиологии кишвар таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.
Бо мақсади ташкил ва пурзӯр намудани назорати эпидемиологии сирояти коронавируси нав дар кишвар бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шурӯъ аз 1 феврали соли 2020, №59 Дастурамал «Оид ба фаъолияти гурӯҳҳои мобилии зудамал бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID -19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рӯйхати гурӯҳҳои мобилии зудамал тасдиқ гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ , ки дар ҳудуди сарҳади давлатии ҷумҳурӣ , аз ҷумла дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб дорои таҷҳизоти ташхисии зарурӣ , аз ҷумла тепловизорҳо ва термосканерҳо барои муайян намудани ҳарорати бадани мусофирон ва сару либоси муҳофизатӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, кормандони масъули ин нуқтаҳо вазифадор шудаанд, ки назоратро вобаста ба воридшавии шаҳрвандони дохилию хориҷӣ пурзӯр намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии сирояти СOVID-19 ва таъмини назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ вобаста ба номусоид гардидани вазъи эпидемиологӣ , солим нигоҳ доштани сокинон ва пешгирӣ аз сироятшавӣ мунтазам корҳои санитарию дезинфексионӣ дар манбаъҳои эҳтимолии сироят, шаҳраку маҳаллаҳо, бозорҳо, марказҳои савдову хизматрасониҳо ва дар иншооти зериназоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронда мешаванд.
Дар ин давра дар тамоми манотиқи кишвар аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ » ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои безараргардонӣ , аз ҷумла корҳои дезинфексионӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ , Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба роҳ монда шудаанд.
- Чандест, ки дар мамлакат раванди ваксинагузаронӣ оғоз шуда, ба теъдоде аз шаҳрвандони кишвар ваксинаи «AstraZeneca» тавсия гардидааст. Раванди ваксинагузаронӣ дар кишвар чӣ гуна ҷараён дорад?
- Дар доираи иқдоми наҷиб ва бо талошҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати ваксинакунонии ҷомеаи мамлакат бар зидди бемории COVID-19 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин номгӯйи ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодабарандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, №83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 марти соли ҷорӣ бо ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок оғоз гардида, то ҳол идома ёфта истодааст.
Бо истифода аз 192 ҳазор воя ваксинаи зикршуда, ки 8 марти соли ҷорӣ ворид гардида буд, то 25 июни соли ҷорӣ аз шумораи умумии бақайд гирифташудагон, яъне 192842 нафар 78,5 фоиз ё баробар ба 151338 нафар бо вояи якум фаро гирифта шуданд. Аз ҳисоби умумии фарогирифтагон бошад, бо вояи дуюм ҳамагӣ 17743 ё баробар ба 11,7 фоизи аҳолӣ фаро гирифта шуд.
Ҷиҳати ворид намудани бастаи дуюми ваксинаи «AstraZeneca» тавассути механизми COVAX корбарӣ оғоз гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки моҳи августи соли ҷорӣ 192 ҳазор вояи ваксина ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.
- Ахиран, аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор адад ваксинаи CoronaVac ворид гардид. Мехостем донем, ки ин ваксина чӣ бартарӣ дорад ва он ба кадом гурӯҳи аҳолӣ тавсия дода мешавад?
- Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони ду кишвар ҳосил шудааст, 20 июни соли равон 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac ва 300800 адад сӯзандоруҳо ба Тоҷикистон ворид гардид. Шурӯъ аз санаи 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо истифода аз ин ваксина иммунизатсияи сокинони синну соли аз 18-сола то 59-сола расман оғоз гардид. То охири рӯзи 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аллакай 24408 нафар ё баробар ба 3,4 фоиз аҳолии мақсаднок бо ваксинатсия фаро гирифт шуд. Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳали зисти хеш муроҷиат намоянд.
Айни замон масъалаи бартарии ин ё он ваксина қариб ки баррасӣ карда намешавад. Зарур он аст, ки ваксинаҳои мавриди истифода қарорёфта аз нигоҳи бехатарӣ , самаранокӣ ва эътимод аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии назоратӣ шинохта шудаанд ва онҳо дастраси мардум мебошанд.
- Дар дунё дар мавриди гузарондани ваксина баҳсу мунозираҳои зиёд аст. Бисёриҳо ба хабарҳои интернет дода шуда, ҳатто аз гирифтани ваксина сарпечӣ мекунанд. Шумо ҳамчун вазири тандурустӣ ба мардуми кишвар чӣ тавсия медиҳед?
- Маврид ба таъкид аст, ки то ҳол дар ҷаҳон зиёда ба 268 миллион нафар ваксина бар зидди коронавирус гузаронда шудааст. Вазъи эпидемиологии бархе аз давлатҳое, ки аҳолии мақсаднокро то зиёда аз 65 - 70 дарсад бо ваксинатсия фаро гирифтанд, тағйир ёфта, маҳдудиятҳо аз байн бардошта шуда, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба ҳолати муқаррарӣ баргашта истодаанд.
- Марказҳои таҳқиқотии ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд, ки коҳишёбии сатҳи маргу мир ва гирифторӣ ба бемории болозикр аз ваксинакунонии сартосарӣ бар зидди вируси COVID-19 дарак медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки миёни ҷомеаҳои кишварҳо сару садоҳои зиёди беасосе бобати гӯё ваксина «AstraZeneca» дар ҳолати истифодаи он метавонад ба вазъи саломатӣ паёмади манфӣ дошта бошад, ки асоси воқеӣ надорад, ба гӯш мерасад. Гумон дорем ин ҳангомаҳо маҳз аз ҷониби нафарони бадхоҳ ва ё бидуни маълумот паҳн мегардад.
Ҷомеаи табибони Тоҷикистон низ бо ин мушкилӣ , яъне беэътимодии аҳолӣ нисбат ба ваксинаи зикршуда рӯ ба рӯ гардиданд. Аммо амалия нишон дод ва табибон дар мисоли худ нишон доданд, ваксина бидуни ҳолатҳои вазнини номатлуб аст.
Мо бояд дарк намоем, ки ваксина зидди ҳама намуд бемориҳо позаҳр аст ва ягона роҳи ҳифзи сиҳатӣ ва ҷилавгирӣ аз маргу мир ин истифоаи ваксина мебошад.
- Киҳо бояд ваксина бигиранд?
- Ягона воситаи муҳим дар мубориза бар зидди COVID-19 ин ваксина мебошад ва олимони тамоми ҷаҳон барои таҳияи системаҳои инноватсионии озмоишӣ ҳамкорӣ доранд, то ҳар чи зудтар ҳаёти одамонро наҷот диҳанд ва ба пандемияи ҳозира хотима бахшанд.
Мутобиқи тавсияҳои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ба шахсони аз 18-сола боло ваксинагузаронӣ тавсия дода мешавад.
-Ҳастанд нафароне, ки гирифтани ваксина барояшон манъ бошад?
- Дар дастурамалҳои истифодаи ваксина қайд гардидааст, нафароне, ки ба ҳама гуна ҷузъҳои ваксинаҳо ҳассосият доранд, истифодаи он тавсия дода намешавад.
Ба ҷуз ин, занони ҳомила ва кӯдакони ширмакдошта низ ба ин рӯйхат шомиланд. Дар баробари ин, гирифторони нишонаҳои бемории шадиди роҳҳои нафас ва шахсоне, ки ду ҳафта қабл гирифтори беморӣ буданд, инчунин гирифтори бемориҳои саратон, музмини ҷигар ва гурда дар ҳолати авҷ, ихтилоли шадиди системаи эндокринӣ , бемориҳои шадиди системаи гемопоэтикӣ , эпилепсия, инчунин сакта ва дигар бемориҳои системаи марказии асаб, бемориҳои аутоиммунӣ бо иммунизатсияи зидди COVID-19 фаро гирифта намешаванд.
Беморони гирифтори бемориҳои шадиди сироятӣ дар муддати то 6 моҳ пас аз сиҳатёбӣ ва ғайрисироятӣ бошад, метавонанд танҳо пас аз 2 - 4 ҳафтаи сиҳат ёфтан ваксина гиранд.
- Боиси таассуф аст, ки дар мамлакат дубора гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва ин боиси ба таҳлука афтидани бархе аз нафарон шудааст. Ба мардуми кишвар барои бартараф кардани тарсу ҳаросашон чӣ тавсия медиҳед?
- Ба мардуми кишвар ёдрас намуданиам, ки дар ин марҳила танҳо ваксинагузаронӣ метавонад боиси аз байн рафтани бемориҳои гуногуне гардад, ки таи садсолаҳои охир қурбонии зиёди одамонро ба бор овардааст. Имрӯз, хушбахтона, маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё позаҳр дар муқобили бемории COVID - 19 ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёраи Замин ба зудӣ дар муқобили бемории болозикр пирӯзӣ ба даст хоҳад овард.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки дар баробари бо иммунизатсия фаро гирифтан, инчунин, риояи қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ , нигоҳ доштани фосилаи байниҳамдигариро риоя намоянд. Дар он сурат бо ин амалашон худ ва дигаронро аз сирояти ин ё он беморӣ ҳифз хоҳанд кард.