УСТУВОРИИ ОИЛА АЗ МУҲАББАТ АСТ
Мусоҳиба бо Саодат Сироҷзода, сардори раёсати сабти асноди
ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Оиларо асоси љомеа мегӯянд. Назари Шумо ба ин ва мафҳуми оилаву оиладорӣ.
- Самимияту вафодорӣ, муҳаббату садоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ, ки аз љумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбанд, маҳз дар доираи оила ташаккул ёфтаанд. Воқеан ҳам, рукни асосии љомеа аз оила сарчашма мегирад. Љомеа замоне обод мешавад, агар оила солиму тифоқ, муҳаббат поягузор бошад.
Оиладорӣ яке аз рукнҳои арзишмандтарини љомеа аст. Инсон дар ҳаёт ба ҳамрадифи ҳаётӣ ниёз дорад. Зеро табиати инсонӣ танҳо офарида нашудааст. Вақте шахс оила барпо мекунад, дар худ оромишу таскинро мебинад. Маҳз дар натиљаи издивољ кардан вуљуди солимтару оромтареро эҳсос менамояд. Аз ин љост, ки талош меварзад, то зиндагии беҳтареро сазовор бошаду аз он ҳузуру ҳаловат бубарад. Вале дар баробари барпо намудани оила, зану шавҳар уҳдадоранд, ки онҳо оилаашонро побарљову солим бидоранду дар оила насли хушбахту ботамкин ба камол бирасонанд.
- Чун аз боби вазифаву уҳдадориҳо сухан рафт, мегуфтед, ки оё дар оила вазифаву уҳдадории махсусе љой доранд?
- Миллати тољик мактаби бузурги худро дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзои оила дошта, дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст ҳамчун як љузъи асосии љамъият нақши калидӣ мебозад. Дар рушду таҳаввул ва тарбияву хушбахтии инсонӣ оила масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро ба уҳда дорад. Дар ин макони муқаддас арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иљтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузаранд. Вазифаи оила оқилона фароҳам овардани ҳаёти кӯдакон аст, то таљрибаҳои муфиди калонсолонро омӯзанду дар зиндагии минбаъдаашон истифода бубаранд. Масъулият ва муносибати љиддӣ ҳангоми бунёди оила тақозо карда мешаванд.
Набояд фаромӯш сохт, вақте марду зан барои худ ҳамсафари ҳаётиашонро интихоб менамоянд, сарнавиштеро ба уҳда мегиранд. Ҳангоме ки масъулият бар зиммаашон вогузор мешавад, салоҳияти анљом додани онро низ бояд ба субот расонанд. Мустаҳкамии оила низ замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки ҳар узви оила вазифаҳои ба уҳдадоштаашро сари вақт иљро намояд. Вале, вазифаи аввалиндараљаи зану шавҳар, пеш аз ҳама, дуруст намудани рафтору кирдор ва гуфторашон дар назди фарзандон аст. Тифле, ки дар оила тавлид мешавад, ҳамон тарбияеро мегирад, ки волидон дар амалия татбиқ менамоянд. Яъне фарзандон муносибати волидонро дида, аз рӯи он амал мекунанд.
- Пойдории оиларо дар чӣ мебинед?
- Пойдор мондани оила, пеш аз ҳама, якдигарфаҳмӣ ва муросои хуб миёни зану шавҳар аст. Қабл аз ҳама миёни онҳо набояд «ман» бошад, балки дар якљоягӣ бо маслиҳати ҳамдигар мушкил ва ё камбудиеро бартараф созанд. Ва ё ҳангоме ки норасоиеро дар якдигар мебинанд, набояд бо љангу љидол, балки бо сухани хуб фаҳмонда, думболи ислоҳи он камар бубанданд. Якдигарфаҳмӣ дар сурате пайдо мегардад, ки дар оила меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба ҳамдигар ҳукмфармо бошад. Дар ин сурат, ин оила метавонад солиму побарљо бимонад.
- Тӯли солҳои охир пошхӯрии оилаҳо зиёд ба чашм мерасад. Шумо раҳбарии ниҳодеро ба зимма доред, ки бекор кардани ақди никоҳ дар ин љо сурат мегирад.
- Омил ва иллати пароканда шудани оилаҳо гуногунанд. Қабл аз ҳама, бархе аз љавонон барои оиладорӣ омода нестанд. Дувум, падару модарон писарону духтарони худро дар синни ниҳоят љавон оиладор менамоянд. Дарк намесозанд, ки бояд фарзанди онҳо пеш аз бунёд намудани оила, воқиф бошанд, ки вазифаи бузургеро бар дӯш мегиранд. Модарон ба духтарони худ нозукиҳои оиладорӣ ва касбу ҳунарро намеомӯзонанд. Дар ин ҳолат, вақте духтар аз як фазои зиндагӣ ба фазои дигар ворид мегардад, бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мезанад. Ва дар ин мавридҳо сабру таҳаммулро аз даст дода, роҳи аслиро дар људо шудан мебинад.
Волидон бояд ба љавонон фаҳмонанд, ки вақте оиладор мешавӣ, бояд аз уҳдаи идора намудани сатҳи иқтисодӣ, иљтимоӣ ва хусусан, ахлоқии оилаи худ баромада тавонӣ. Барои ин гуна шароитро муҳайё сохтан писар ҳатман як касб ва ё шуѓлеро доро бошад. Духтар ва писаре, ки таҳсили худро идома медиҳанд, бо мурури замон дар бораи оиладорӣ низ фаҳмиши зиёд пайдо месозанд.
Яке аз сабабҳои дигар ин нофаҳмӣ миёни келину хушдоман низ буда метавонад. Дар бисёре аз мавридҳо бонувони синну соли 40 - 45 писарони худро зуд хонадор мекунанд ва дар тарбияи дурусти келин дар мемонанд. Чун онҳо худ ҳанӯз келини љавонанд ва худ ба тарбия ниёз доранд.
- Чӣ гуна метавон садди роҳи парокандашавии оилаҳо шуд?
- Ин масъала боиси нигаронист. Тамоми сохторҳои дахлдор бояд дар ин самт кӯшиш ба харљ диҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мустаҳкамии оилаву оиладорӣ таваљљуҳи бештар доранд ва дар ин самт чораҳои дахлдор меандешанд. Соли оила эълон шудани соли 2015 яке аз иқдомоти муҳим дар ин самт буд.
Вақте ки оилаи нав бунёд мешавад, хоҳ - нохоҳ арӯс ба муҳити бегона ворид шуда, бевосита бо шавҳар, модаршӯ, хусур ва дигар аъзои он рӯ ба рӯ мешавад ва муносибат мекунад, ба иштибоҳ ва хатоҳо роҳ доданаш амри воқеист. Ба синну соли љавонӣ ва тамоман ба фазои бегона ворид шудани арӯсро ба инобат нагирифта, аз ӯ анљоми корҳоеро талаб ва интизор шудан худ як навъ низоъхоҳист. Давраи аз ҳама мушкил барои арӯс дар он зоҳир мегардад, ки бояд ӯ ба хонаи шавҳар мутобиқ шавад ва урфу одатҳои оиларо аз худ намуда, онро риоя созад. Ҳар як хонавода анъанаҳои хоси худро дорад. Дар ин лаҳзаҳо мебояд наварӯсро дастгирӣ намуд.
Таљрибаи зиндагӣ собит месозад, ки мустаҳкам ташаккул ёфтани оилаи љавон ва ё ноустувор гардидани он ба сатҳи маърифат, таљрибаи ҳаётӣ, оиладорӣ, шароити иқтисодиву иљтимоӣ ва амсоли инҳо алоқамандии қавӣ дорад. Дар баробари ин, муносибати аъзои оила, махсусан, модаршӯ ба пойдории оилаҳои љавон таъсири бевосита дорад.
- Ниҳоди зери раҳбариятон дар самти мустаҳкамии оила кадом корҳоро ба субот расондааст?
- Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ин самт чорабиниҳои гуногунро дар саросари мамлакат роҳандозӣ намудааст. Дар баробари ин, дар маљлисҳои ҳамарӯза миёни кормандон низ дар бобати оилаву оиладорӣ ва гирифтани пеши роҳи фурӯпошии оилаҳо бо кормандони ниҳод, ки 95 фисадашонро бонувон ташкил медиҳанд, машварату суҳбатҳо доир мегарданд. Чун кормандони ниҳод, ки бештар бо мардум ҳамсуҳбат мешаванду баҳри пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мубориза мебаранд, қабл аз ҳама худ бояд намунаи дигарон бошанд.
Ҳамчунин, дар бисёре аз мавридҳо вақте зан ва ё марде, ки барои бекор кардани ақди никоҳ мурољиат менамоянд, ҳатман дар баробари додани муҳлати оштӣ, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Машваратҳои мо дар бисёре аз мавридҳо натиљаи нек ба бор меоранд.
Б. Абдураҳим