ДИЁРИ ЧАШМАҲОИ ПУРАСРОР
Мусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо Азимзода Машҳура Абдуманнон, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав
- Нахуст аз ҳаёту фаъолияти бонувон, ҳузури онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ ва нақшашон дар рушду нумӯи ин ноҳияи навобод изҳор медоштед.
– Ноҳияи Носири Хусрав зодаи даврони истиқлолият аст. Ин гӯшаи диёр бо табиати нодиру чашмаҳои пурасрораш машҳури ҷаҳону мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону табиатшиносони олам аст. Айни ҳол шумораи аҳолии ноҳия ба 39 ҳазору 426 нафар мерасад, аз ин 20016 нафар занону духтарон буда, аз ҷумла 11 ҳазору 294 нафар қобили меҳнат мебошад.
Тибқи ҳисоботи оморӣ аз шумораи умумии коргарону кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия 61,2 дарсадро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондод дар соҳаи маориф 71 %, тандурустӣ 55 %, соҳаи хизмати давлатӣ 23,5 ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда ба 26,3 дарсад мерасад. Ҳамчунин, 13 нафар ё 46 % вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 20 % вакилони шаҳраку деҳот аз ҳисоби бонувон мебошанд. Аз 433 соҳибкорзан 324 нафар роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсуб меёбад.
- Дар мавриди ҷалби ҷавонон барои идомаи таҳсилоти оливу касбӣ ва раванди тарбияву омодасозии кадрҳои лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда чӣ корҳое ба сомон расидаанд?
– Дар соли таҳсили 2020 - 2021 дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 931 нафар духтар таҳсил менамояд, ки тибқи пурсишҳои пешакӣ бештар аз 70 дарсади онҳо азми идомаи таҳсил дар муассисаҳои олиро доранд. Бояд гуфт, ки сар аз соли таҳсили 2000–2001-ум 243 нафар духтар тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудааст.
Ҳамчунин, дар соли таҳсили нав 16 нафар духтари деҳот дар гурӯҳҳои мақсадноки филиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар ноҳияи Носири Хусрав таҳсил дорад. Ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, ба таҳсилоти олӣ ва минбаъд ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани духтарони болаёқат аз ҷониби бахшҳои зертобеи дастгоҳи тарғиботии ноҳия суҳбату мизҳои мудаввар ва конфронсу семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан - роҳбар»,«Мақоми зан дар ҷомеа» ва «Нақши Президент дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба роҳ монда шудааст.
– Қобили тазаккур аст, ки ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ миёни занону духтарон имрӯзҳо дар назди клубҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ даҳҳо духтарон ба намудҳои гуногуни варзиш машғуланд. Дастовардҳои назарраси тими футболи бонувони «Бешкент»-и ноҳия ва беҳтарин бонуи футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 эътироф шудани Рафина Нормуродова аз дастаи мазкур далели рӯшани рушду нумӯи варзиш дар ин ноҳияи дурдасти сарҳадӣ арзёбӣ мегардад.
- Ба андешаи Шумо сабаби камшумории занон ба ҳайси раисони шаҳраку деҳот ва дигар вазифаҳои роҳбарии соҳаи иқтисоду молия ва бонкдорӣ дар чӣ аст?
– Умуман, камшумории бонувон дар мақомоти роҳбарӣ дар вилоят мушоҳида мешавад. Аммо дар ноҳияи Носири Хусрав, ки роҳбарии ҳар се шаҳраку деҳотро мардон ба зимма доранд, мушкили асосӣ норасоии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон мебошад. Алъон, дар захираҳои кадрӣ бонувони аз лиҳози дониш, таҷрибаи корӣ ва малакаи ҳуҷҷатгузорӣ ҷавобгӯи вазифаи раиси шаҳраку деҳот надорем. Ба ҳайси муовини раисони шаҳраку деҳот ва дигар идораву ташкилотҳо бонувони лаёқатманд фаъолият доранд, ки умед мебандем дар оянда, то зинаҳои баландтари роҳбарӣ тарбияву обутоб хоҳанд ёфт.
Дар соҳаи иқтисоду молия ва бонкдорӣ бошад, кадрҳои ҷавонро бояд аз овони хатми донишгоҳ ба ин самт ҷалб сохта, ба тарбияву такмили касбияти онҳо аҳамияти бештар зоҳир намуд. Аммо иҷрои ин масъулияти муҳим, ки аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат маншаъ мегирад, вазифаи муқаддаси масъулони соҳаҳои мазкур мебошад.
- Бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва ба қавле, дар истгоҳи охирин ҷойгир будани ноҳияи Носири Хусрав, ҳаллу фасли кадом аз масъалаҳои мубрами ноҳияро дар мадди аввал мегузоред?
– Гарчанде ки сол аз сол теъдоди хатмкунандагони ихтисоси омӯзгориву соҳаи тиб аз ҳисоби ҷавонон афзуда истодааст, ҳоло ҳам норасоии кадрҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар идораву сохторҳои маҳаллӣ ба назар мерасад. Ҳамзамон, тақвият бахшидани воситаҳои фарҳангӣ, тарбияи маънавию баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳу баррасии роҳбарияти ноҳия арзёбӣ мегарданд. Имрӯз, новобаста ба фарогирии мавҷҳои шабакаҳои радио ва телевизиони кишвар ва сол аз сол зиёд гардидани теъдоди обуначиён ба нашрияҳои даврӣ, боз ҳам фаъолияти бахшҳои дастгоҳи идеологии ноҳия дар самти ташкилу баргузории чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ бо сокинони деҳу рустоҳои дурдаст беҳбудӣ мехоҳад. Чаро, ки дар шароити суръатзои ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ моро мебояд, ки бобати ҳифзи маънавиёти ҷомеа аз фарҳанги бегонапарастиву ҳуҷумҳои идеологӣ, равобити иҷтимоӣ ва муколамаҳои созандаи миёни мақомоти маҳаллӣ бо мардумро то дар сатҳи хонаводаҳо тақвият бахшем. Дар ин замина рӯзномаи ноҳиявии «Бешкент» равзанаи гуфтугӯ бо мардум шуда метавонад.
- Пӯшида нест, ки вобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва рӯйдоду ҳаводиси гуногуни ҷомеа, ҳамасола дар маҳалҳо роҳандозии барномаву чорабиниҳои иловагӣ ба миён меояд. Ба фикри Шумо оё зарурати маблағгузории иловагӣ ба ягон аз бахшҳои соҳаи маънавиёт пайдо шудааст?
– Аз сабаби он ки даромади буҷети ноҳияи Носири Хусрав ҳамагӣ 40–45 дарсад аз ҳаҷми умумии маблағҳои хароҷотии ноҳияро ташкил медиҳад, боқӣ 60 ва баъзан то 65 дарсади маблағҳои эҳтиёҷотии ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегардад. Бинобар ин, маблағгузориҳо дар ин самт дар доираи имкониятҳои мавҷуда амалӣ карда мешаванд ва пӯшида нест, ки ҳаҷми маблағ барои иҷрои барномаву нақшаҳои кории бахшҳои соҳаи маънавиёт ҷудогардида ба қадри кофӣ нест. Вале, сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта, соҳаҳои зертобеи дастгоҳи маънавиёти ноҳия кӯшиш менамоянд, ки тамоми нақшаву барномаҳои қабулгардида ва дастуру супоришҳои дар ин самт додашударо иҷро намоянд.
- Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чӣ гуна иншооти ҷашнӣ бунёд гардида истодаанд?
– Ба ифтихори ҷашн 87 иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили марказҳои фароғативу толору майдончаҳои варзишӣ, ҳаммому чойхона, дуконҳои нонпазиву дорухонаҳои замонавӣ, бунёди пулҳо ва дигар марказҳои хизматрасонии гуногун сохта шуда истодааст. Бунёди даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи томактабӣ дар деҳоти «Фирӯза» аз зумраи ташаббусҳои ояндасози соҳибкорону сокинони ватандӯсти ноҳия мебошад.
- Порае аз ҳаёту фаъолияти худ мегуфтед…
– Ман дар шаҳри Конибодом, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаам. Соли 1980 ҳанӯз ду сол доштам, ки аҳли оилаи мо ба хоҷагии «Бешкент -1», ки он замон ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Шаҳритус дохил мешуд, муҳоҷир шуда меоянд.
Соли 1995 МТМУ №39 (имрӯза МТМУ №1) - и ноҳияи Носири Хусравро хатм намуда, донишҷӯи факултаи математика – информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ шудам. Баъди хатми донишгоҳ аввал омӯзгори МТМУ №1 – и ноҳияи Носири Хусрав, баъдан дар вазифаҳои мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш, раиси деҳоти «Фирӯза», мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири бахши фарҳанг фаъолият намудам. Ҳамчунин, соле чанд ба ҳайси хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, хизматчии ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, корманди комиссариати ҳарбӣ кор кардам, як муддат сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия будам.
Аз соли 2019 ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав фаъолият дорам. Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошам.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Носири Хусрав