Бонувони муҳаққиқ
Суҳбати корманди маӌаллаи «Бонувони Тоӌикистон» бо ректори
Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоӌикистон ба номи Сотим Улуғзода,
доктори илмҳои филологӣ, дотсент Жило Гулназарзода.
- Нақши занонро дар раванди таҳкими давлатдорӣ, дар ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Модар гаҳвораву оламро ба ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».
Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мақому манзалати зан дар таҳкими давлатдорӣ рӯз аз рӯз афзудан дорад.
Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаи нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, изҳор доштанд: «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад».
- Роҷеъ ба тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақому манзалати занону духтарон дар ҷомеа чӣ андешаҳо доред?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса дошта, конвенсияҳои байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва «Ҳуқуқҳои занон» - ро қабул намудааст. Ҳамзамон, барои заминаи мусоиди фаъолияти корӣ ва зиндагӣ фароҳам овардан ба занон 20 санади муҳими давлатӣ қабул карда шуд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 - 2010», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Нақши миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 - 2015», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра далели ин гуфтаҳост.
Соли ҷорӣ низ дар меҳвари назар будани мақоми зан барои таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ собит гардид ва дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд» ва дар ҳамин росто ба яке аз ниҳодҳои бонуфуз – Кумитаи кор бо занон ва оила дастур дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҳамин аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ фаъолият намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд.
- Дастоварду пешравиҳои бонувони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар пешрафту пешбурди илм дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар ин радиф занони пажӯҳишгари донишкада ба ҷуз аз таълиму тарбияи ҷавонон дар пешрафти илм дар самти забономӯзӣ, забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ, тарҷумонӣ, шевашиносӣ ва адабиётшиносӣ баҳри дастоварди илмӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Айни замон, дар донишкада 34 нафар бону дар ҷодаи илмҳои филологӣ, педагогӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофиё корҳои арзишманди илмиро таҳия намудааст, ки аз ин теъдод 2 нафар доктори илм, 31 нафар номзади илм, 1 нафар доктор PhD ва аз ин шумора 19 нафар дар самти илмҳои филологӣ, 13 нафар дар самти илмҳои педагогӣ, 1 нафар дар самти илмҳои таърих ва 1 нафар дар самти илмҳои ҷуғрофиё рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд.
Ин бонувон дар баробари таълим ва тарбияи насли ояндасози миллат – ҷавонон рисолати олим буданро, ки яке аз ҳадафҳои он омода намудани мутахассисон дар самтҳои гуногуни илм мебошад, бар дӯш доранд. Инчунин, бонувони пажӯҳишгар дар форуму конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо мақолаву маърӯзаҳо баромад намуда, дар самти муаррифии бонувон - муҳаққиқон саҳм мегузоранд. Дар соли 2020 бонувони донишманд 135 маърӯза ва мақола таҳия ва нашр ва ба 20 рисолаи илмӣ тақриз пешниҳод карданд.
- Сатҳи забондонӣ ва забономӯзӣ чӣ гуна аст?
- Барои такмили дараҷа ва сатҳи забондонӣ бонувони пажӯҳанда аз рӯйи барномаи муштарак миёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохилӣ ва хориҷӣ 8 нафар дар натиҷаи омӯзиш тариқи озмун сертификати байналмилалии Кембриҷи Британияи Кабирро бо номи «EMI» соҳиб гашт ва 4 нафар барои гирифтани сертификати байналмилалии Британияи Кабир – «CELTA» ба таври маҷозӣ (онлайн) дар давраи омӯзишӣ қарор дорад. Ҳамчунин, чаҳор нафари дигар лоиҳаи барномаи байналмилалии омӯзиши забони англисиро таҳия намуда, барои гирифтани тақризи сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намудааст. Дувоздаҳ нафар бонувони донишкада дар дохил ва хориҷи кишвар аз курси такмили ихтисос гузашт.
Дар таълифи монография, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ низ онҳо нақши муассир доранд. Танҳо дар соли сипаригашта 5 монография, 8 дастури таълимӣ ва таълимӣ - методӣ ва 5 китоби дарсиро муҳаққиқон - бонувони донишкада таҳия ва нашр кардаанд.
- Таҳқиқот ва рисолаҳои илмӣ бештар фарогири кадом мавзӯъҳоянд?
-Дар донишкада шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият мебарад ва дар ин шуъба 131 нафар магистр, аз ҷумла 53 нафар бону, ки аз ин теъдод 35 нафар тариқи буҷетӣ бо гирифтани идрорпулӣ, 34 нафар докторант аз рӯйи ихтисоси PhD, аз ин теъдод 14 нафар зан тариқи буҷетӣ бо гирифтани идрорпулӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи унвонҷӯён дар шуъба ба 68 нафар мерасад, ки 31 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муҳассилини шуъба, ки ба 233 нафар мерасад, 109 нафари онҳо занон мебошанд. Докторантон ва магистрантоне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст барои идомаи таҳсил дар донишкада фаро гирифта шудаанд, бо хобгоҳ таъминанд.
Рисолаҳои илмии бонувони унвонҷӯ ва докторант оид ба мавзӯъҳои илмҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ, адабиётшиносӣ, педагогика буда, ба талаботи илми муосир иншо мешаванд. Дар соли 2020 3 нафар бону рисолаҳои илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм пешниҳод карда, соҳиби диплом гардид.
Мо, ҳайати роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯён минбаъд ҳам бо дастгириву ҳусни таваӌӌуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерую илҳоми тоза гирифта, барои сарбаландона ва нусратбор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоӌикистон кӯшиш ба харӌ медиҳем.
Шаҳноза АҲМАДЗОДА