Сухан созанда бошад
Мусоҳиба бо сардабири рӯзномаи ноҳиявии «Шоҳдара» Шарифаи Бунёд
- «Шоҳдара» бо роҳбарии Шумо ба яке аз рӯзномаҳои хонданӣ дар ВМКБ табдил ёфт. Нақши нашрияҳои маҳаллиро дар фазои иттилоотӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд. Бо супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буҳрони иттилоотӣ дар ВМКБ, ки даҳсолаҳои зиёд ба он рӯ ба рӯ буд, бартараф гардид. Кунун кулли сокинони шаҳру деҳоти вилоят ба барномаҳои телевизионии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дастрасии пурра доранд. Ин иқдоми ниҳоят муҳим ва таъсиргузор барои таъмини бехатарии маълумот, бахусус дар манотиқи дурдаст имконият фароҳам овардааст, ки тамошобинони шаҳру деҳоти Помир дар баробари сокинони манотиқи дигари ҷумҳурӣ аз набзи ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисоди кишвари азизамон сари вақт огаҳӣ пайдо намоянд. Ҳамчунин, обуна ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ афзуда, сифати дастрасии рӯзномаву маҷаллаҳо ба хонандагон беҳтар гардидааст. Вале дар пуру рангоранг сохтани фазои иттилоотӣ дар вилоят нашрияҳои маҳаллӣ, бахусус дар шароити Бадахшон, нақши хеле муҳим доранд.
Масалан, «Шоҳдара», нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа хабару гузоришҳоро аз фаъолияти ҳамарӯза, ки ба таъмин намудани низом ва беҳбуду рушд бахшидани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сокинон нигаронда шудааст, ба мардум мерасонад. Қаҳрамонони асосии матолиби мо инсонҳои наҷиб, фаъол, ташаббускор, ҳунарманд ва ҳар нафаре, ки амали хайр анҷом медиҳад, мебошанд.
Солҳои охир воситаҳои ахбори электронӣ рушд намуда, дар фазои иттилоотӣ мақоми назаррас пайдо намуданд. Нуфузи нашрияҳо, аз ҷумла рӯзномаҳои маҳаллӣ коҳиш наёфта, баръакс меафзояду хонандагонашон бешуморанд. Нашрияҳои маҳаллӣ ба алоқамандон наздиканд ва имконияти бештари пӯшиш додани рӯйдодҳои аҳамияти маҳаллӣ ва мушкилоти ҷузъиро доранд. Вақте дар хонаводаҳои зиёди сокинони деҳа мебинӣ, ки матолиби бо мурури замон зардшудаи рӯзнома дар бораи корномаи ҷангӣ ва ё меҳнатии падару бобоён ва ё модару бибиашонро солиёни зиёд чун гавҳараки чашм ҳифз намудаанду бо эҳтирому ифтихор нишон медиҳанд, кас ба таъсири неруи сухан бори дигар бовар ҳосил мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «чизе, ки бо қалам навишта шудааст, бо табар бурида намешавад», ки нашрияҳо воқеан ҳам солномаи миллат ҳастанд.
- Шумо фарзанди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд ва рӯзноманигори шинохта ҳастед. Оё шеър ҳам менависед?
-Устоди нахустини ман дар ҷодаи суханварӣ падар аст. ӯ хеле зиёд мутолиа мекарду ба қавле «барои офаридани мармари шеър бо тешаи хаёл» бисёр заҳмат ва шабзиндадориҳо мекашид. Аз самараи ин эҷоду заҳмати бепоён ганҷинаи адабии шоир боқӣ монд, ки солҳои сол барои наслҳо хизмат мекунад. Аз хурдӣ аз меҳнат ва шабзиндадориҳои падар дарк мекардем, ки эҷодкорӣ ҳавову ҳавас набуда, шавқу завқ ва заҳмати пайваста мехоҳад.
Аз хурдӣ дар пайравии падар шеър менавиштам ва барои падар қироат мекардам. Чанд шеърам дар нашрияҳои маҳаллӣ чоп шудаанд. Вале фарзанди шоир будан маънои онро надорад, ки ӯ ҳам ҳатман бояд шоир бошад. Шоирӣ меросӣ нест, балки истеъдоди фитрӣ ва худододист, ба қавли Лисонулғайб гӯем: «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст». Аз ин рӯ, агарчанде дар пайравии падар бисёр китоб мехондаму шеър менавиштам, шоир нашудам, вале ин кӯшишҳо дар дилам меҳр ба омӯзиши забону адабиёт, шавқу завқ ба китобхонӣ ва эҷодкориро парвариш доданду дар сайқали маҳорати қаламнигорӣ ва суханварӣ ва интихоби касб ба ман мадад шуданд.
Падарам дар баробари эҷоди шеър солиёни зиёд дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва сипас ба ҳайси хабарнигори махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият намуданд. Шахси бениҳоят тозакор буданду тибқи одат бештари вақт пеш аз пешниҳод намудани матолиб ба редаксия онҳоро дар хона бароямон қироат мекард, то бори дигар имкони санҷидану ислоҳашонро дошта бошанд. Ин амалашонро як ҷузви тарбияи фарҳангӣ дар хонаводаамон медонистанд. Алҳол мо низ ин анъанаро идома медиҳем.
- Дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба мақоми ифтихорӣ соҳиб гардидани осорхонаи шоирро, ки яке аз рӯйдодҳои фарҳангии сол дар ҳаёти сокинони ноҳия ва вилоят аст, чӣ гуна қабул кардед?
- Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар заминаи мактаби №2 – и деҳаи Хидорҷев, ки падарам дар ин ҷо таҳсил доштанд, таъсис ёфт. Дар ин ҷо осор, аксҳо ва ашёҳо марбут ба ҳаёт ва фаъолияти шоир гузошта шуданд. Ба мақоми ифтихорӣ сазовор гардидани осорхона баёнгари он аст, ки сокинони ноҳия ба ҳифзи мероси моддӣ ва фарҳангӣ бо эҳтироми зиёд муносибат мекунанд. Ноҳия макони мардуми санъатвару ҳунар буда, дорои ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ, дижҳои бостонӣ, чашмаҳои гарму минералӣ ва манзараҳои дилфиреби зиёд мебошад ва имрӯз ба яке аз самтҳои ҷолиб барои сайёҳони дохилу хориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Хонаи урфии падарӣ акнун ба осорхонаи шахсӣ бадал шуд. Қисми онро китобхонаи калон ташкил дода, дар ин ҷо қаламу китобдон, сиёҳӣ ва давот, дастнависҳо ва мусаввадаҳо, мизу курсӣ дар хамон шакле, ки шоир дар рӯзҳои охир бо онҳо сару кор дошт, гузошта шудаанд.
- Аз оғози фаъолияти касбиатон мегуфтед?
- Пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар давоми шаш сол, дар муассисаҳои таълимии гуногуни ноҳия ба шогирдон омӯзгор будам. Ҳамзамон, бо нашрияҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳамкориро идома медодам. Кор бо талабагон ва волидон аз назари такмили дониш, ҳунари суханварӣ ва ҳусни муошират бо табақаҳои гуногуни ҷомеа бароям мактаби ҳаёт гардид ва хушбахтам, ки аз чунин имкон баҳравар гаштам.
Соли 2006 сардабири рӯзнома таъйин шуда, то ба имрӯз ин вазифаро ба камоли масъулият ва тавони хеш ба ҷо меорам.
Соҳиби ду фарзанд ҳастам, шавҳарам муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст. Дар тарбияи фарзандон хушдоманам ва хусурам саҳм мегиранду дастгирии ҳамаҷонибаашон дар кор ва фаъолияти эҷодиам маро болу пар мебахшанд.
- Рисолати рӯзноманигор аз нигоҳи Шумо?
- Рӯзноманигор бояд ҳақиқатнигор бошаду ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи ҷамъиятӣ рӯйдодҳои муҳимро бо забони сода, фаҳмо ва бурро ба мардум расонад. Кормандони рӯзномаи ноҳиявии дар пешрафти ҷомеа саҳми фаъолдошта бошем. Мекӯшем то ҳар рӯйдод, ташаббуси наҷиб ва амали хайр дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос ёбанду барои хусусияти оммавӣ гирифтанашон мусоидат намоем. Бо ширкати васеи сокинон ва саҳми соҳибкорон дар ноҳия корҳои зиёди ободонӣ ва созандагӣ, ба мисли сохтмони майдончаҳои варзишӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ анҷом ёфта, рӯзнома минбари озод ва тарғибгари фаъоли ташаббусҳои созандаи мардум мемонад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Роштқалъа